© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Масеҳиёни православии Тоҷикистон чӣ зиндагие доранд?

Теъдоди православҳо дар кишвар зиёд нест, аммо онҳо дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Дар ҳоли ҳозир, мисли пайравони адёни дигар маълумоти дақиқ дар мавриди теъдоди масеҳиёни Тоҷикистон вуҷуд надорад. Танҳо замони барӯйхатгирии аҳолӣ, ки қарор аст соли равон баргузор шавад, ба шаҳрвандон аз мансубияти диниашон мепурсанд.

“Оромгоҳ барои ҳама як аст, дар он миллат нест, муносибати мақомот бо мо хуб мебошад, талош мекунем гузаштаҳои худро фаромӯш насозем, аммо ҳама чӣ аллакай бо ҳам омехта шудааст”. Ҳарфҳои масеҳиёни православии Ҳисорро мешавад, кутоҳак ҳамин хел хулоса кард. Онҳо аз миёнаҳои асри пор дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд.

Масеҳиёни Тоҷикистон асосан ба аҳолии русзабон нисбат дода мешаванд. Аммо вақте бо православҳои шаҳри Ҳисор, ки дар 22 километрии пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шинос шудем, маълум гардид, ки ҳама чӣ ба ин содагӣ нест.

Нишонаҳо дар хонаи сокинони православии Ҳисор. Сурат: CABAR.asia
Нишонаҳо дар хонаи сокинони православии Ҳисор. Акс аз CABAR.asia

Волидони сокини 47-солаи Ҳисор – Игор Боголюб миёнаҳои солҳои 60-ум ба Тоҷикистон омадаанд. Сардори оила – Виктор Артемевичи 86-сола, укроинтабор аз Житомир мебошад. Ӯ тахассуси техникӣ ва тақрибан 70 сол таҷрибаи корӣ дорад. Ҳамроҳ бо завҷааш – Валентина Петровна, ки дар мактаби рустои Шӯроби Афғон аз фанни забону адабиёти рус дарс мегуфт, беш аз ним асрро дар Тоҷикистон сипарӣ кардаанд ва тасмими аз ин ҷо кӯчиданро надоранд.

“Аз як донишгоҳи олӣ 18 мутахассисро бар асоси тақсимот ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳоло танҳо як ман инҷо мондаам. Албатта, дар солҳои ҷанг (шаҳрвандӣ) нисбати мо таҳдидҳо сурат мегирифт, аммо ба ҳеч куҷо нарафтем”,-мегӯяд Боголюби калонӣ.

Игор Боголюб. Акс аз CABAR.asia
Игор Боголюб. Акс аз CABAR.asia

 “Ман дар ҳамин деҳа ба дунё омадаам, яъне, ватани ман ҳамин ҷост”,-илова мекунад писари ӯ — Игор.

Ӯ аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёд меоварад, ки онро ҳамроҳ бо дӯстонаш — намояндаҳои миллатҳои гуногун паси сар карданд.

“Навбати дурудароз барои нонро дар хотир дорам ва чӣ гуна ба наздиктарин манзил барои гармшавӣ рафтанро ҳам”,- гуфт Игор.

Игор мегӯяд, муносибат бо масеҳиён дар Ҳисор хуб аст, миллат ва дин ҳеч гоҳ монеае барои дӯстии ӯ бо тоҷикон набудааст. Ӯ бо забони тоҷикӣ, махсусан бо лаҳҷаи маҳаллӣ хуб суҳбат мекунад.

Игор Боголюб (дуюм аз чап) бо падараш (сеюм аз чап) ва дӯстон. Акс аз СABAR.asia
Игор Боголюб (дуюм аз чап) бо падараш (сеюм аз чап) ва дӯстон. Акс аз СABAR.asia

Игор ҳамроҳи падараш ба тиҷорат машғул аст – дар Ҳисор сехи таъмири муҳаррики техникаи хоҷагии қишлоқро доранд. Инҷо ҷавонони маҳаллии зиёде кор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин русто теъдоди масеҳиёни православӣ хеле кам аст, ҳудуди 10 нафар.

Чун Ҳисор дар наздикии Душанбе ҷойгир аст, масеҳиён маъбади худро надоранд, рӯзҳои ид барои ибодат ба пойтахт мераванд.

“Худи ман таъмидшуда ҳастам, қаблан зиёд ба маъбад мерафтам, ҳоло серкорам – аз субҳи барвақт то дергоҳи шаб кор мекунам, аз ин сабаб танҳо рӯзҳои идҳои насронӣ онҷо меравам. Чанде пеш духтари донишҷӯям барои дарёфти шаҳрвандӣ Русия рафт ва ҳамон ҷо ӯро салиб кашиданд”,-гуфт Игор.

Аҳмадҷон, як сокини Ҳисор мегӯяд, домоди ӯ рус буда ба хонаводаи Боголюб хешовандӣ дорад.

“Женя бо духтари ман дар мактаб шинос шудааст, ҳар дуи онҳо омӯзгорони ҷавонанд, ҳамдигарро дӯст доштанд ва хостанд хонадор шаванд. Дар аввал ман зид будам, охир мо мусалмон ҳастем, хешовандон маро дарк намекарданд. Женя розӣ шуд, ки Ислом биёварад, мулло ӯро имтиҳон гирифт ва барои никоҳ иҷозат дод. Мо тӯй кардем ва онҳо барои зиндагӣ ба Русия рафтанд. Ҳоло як духтар доранд. Баъзан вазъро таҳлил карда, фикр мекунам, ки ҳатто агар ӯ мусалмон намешуд, духтарамро ба вай медодам”,-мегӯяд Аҳмадҷон Дадабоев.     

Сокини дигари Ҳисор Светлана Шадрина шавҳари тоҷик дорад. Писари ӯ Влад, ки пас аз Исломро пазируфтан акнун Валиҷон шудааст, аллакай 20-сола аст, духтари онҳо Комила 8 сол дорад.

“Писарам тасмим гирифт, ки мусалмон шавад, ба ин тасмимаш мухолифат накардам. Ман аз дини худам пайравӣ мекунам, ҳоло рӯзадор ҳастам, ба Пасха омодагӣ мегирам. Аммо вақте Рамазон омад, барои эҳтироми наздиконам рӯзаи ин моҳро ҳам мегирам”,-мегӯяд Светлана. Ба иқрори вай саломатии духтараш хуб набуд ва ӯро барои дуохонӣ ба маъбад бурд. Аммо вақте ходими маъбад мефаҳмад, ки кӯдак аз мусалмон аст, тавсия медиҳад, ки сари интихоби ӯ фикр кунанд.

Светлана Шадрина бо духтараш Камила. Акс аз CABAR.asia
Светлана Шадрина бо духтараш Камила. Акс аз CABAR.asia

“Ӯ гуфт, дар як вақт дар ду курсӣ нишастан ғайриимкон аст, аз ин рӯ наметавонад духтари маро салиб бикашад, зеро ҳангоми таваллуд дар гӯши вай азон хондаанд, маълум мешавад, ки мусалмон ҳаст. Комила бошад, ҳамроҳи ман тамоми дуоҳои насрониро азёд кардааст, аммо падараш зиди қабул кардани масеҳият мебошад. Аз ин хотир дар маъбад тавсия доданд, ки синни булуғро интизор шавем, то худи вай тасмим бигирад, ки аз кадом дин пайравӣ мекунад”,-афзуд Светлана. 

 “Бо путк ба санги хоро”

Мо ба ягона оромгоҳи сокинони русзабони шаҳри Ҳисор рафтем. Дар даромадгоҳ бинои хурди бе дару тирезаеро дидем, тавре маълум шуд, инҷо қаблан қаровулхона будааст, лавҳае бо навиштаи ғалат ҳам зуд ба чашм мехӯрад: “Кладбища город Гиссар”. Дар идома дубайтие навишта шудааст:

«Путник не топчи мой прах,

Я у себя дома, а ты в гостях». (Мусофир хокистари маро поймол макун, Ман дар манзили худ ҳастам, ту дар меҳмонӣ- тарҷумаи таҳтулафзӣ). Дарвозаҳои оромгоҳ васеъ кушода буданд.

Дар даромадгоҳи қабристони православиҳои Ҳисор. Акс аз CABAR.asia
Дар даромадгоҳи қабристони православиҳои Ҳисор. Акс аз CABAR.asia

Тавре сокини маҳаллӣ– Ҳазбӣ нақл кард, инҷо на танҳо православҳо, балки намояндагони равияҳои дигари насоро ҳам дафн шудаанд.

“Инҷо қабрҳои зиёде бо насабҳои ғайрирусӣ ҳастанд, масалан кореягиҳо, тоторҳо, осетиниҳо, олмониҳо, чувашҳо дафн шудаанд. Аз ин хотир, фикр мекунам, ки ин оромгоҳ барои русзабонҳо будааст”,-мегӯяд Ҳазбӣ. Ӯ худро инсони ду дин мешуморад. 

“Модарам осетинии православӣ ва падарам тоҷики мусалмон мебошад. Тамоми идҳо – чӣ православӣ ва чӣ исломиро ҷашн мегирам”,-илова кард Ҳазбӣ.

Дар оромгоҳ аломатҳои вандализм ба чашм мехӯрад – салиби як қабрро кандаанд, дигарӣ панҷара надорад.

“Тавре маълум шуд, мубориза бо ин падида бефоида будааст”,-бо нигаронӣ мегӯяд Светлана Шадрина, ки инҷо модару бародараш дафн шудаанд. Аз қабри онҳо ду бор салибҳои фулузӣ ва панҷараҳоро дуздидаанд. Бори охир санги рӯи мазори модарашро шикастаанд.

Шадрина ба пулиси ҷойи зисташ шикоят бурдааст, аммо ӯро ба шӯъбаи пулис, ки масъули оромгоҳҳо аст, равон кардаанд. Дар навбати худ, онҷо дубора маслиҳат додаанд, ки ба ҷойи зисташ муроҷиат кунад.

“Хулоса дурудароз “футбол” карданд, аз ин рӯ дигар нарафтам, нерӯю тавонам намонд”,-шикоят кард Шадрина.

Аз баъзе қабрҳо салибҳо ва деворҳо дуздида шудаанд. Акс аз CABAR.asia
Аз баъзе қабрҳо салибҳо ва деворҳо дуздида шудаанд. Акс аз CABAR.asia

Игор Боголюб, ҳамчун раиси кумитаи волидони ягона мактаби русӣ дар Ҳисор мегӯяд, ҳамасола сокинони маҳаллӣ ҳамроҳ бо мактаббачаҳо дар оромгоҳ шанбегӣ мегузаронанд, гулу дарахт мешинонанд, аммо вандалҳо ҳамоно харобкорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Игор, вандализм на дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аҳолии русзабон кишварро тарк намуданд, балки панҷ сол қабл оғоз шуд. 

 “Мефаҳмам, барои ин афрод тамоми муқаддасот арзиш надорад, онҳо аз Худо наметарсанд ва аз фурӯши салибу панҷараҳо даромад мегиранд. Чӣ тавр мешавад ки бо путк санги мазорро кӯфт?”,-мепурсад Игор.  

Православҳои маҳаллӣ мегӯянд, дар Душанбе аз оромгоҳи русҳо хуб муроқибат мешавад.

Пайдо кардани ҷой дар оромгоҳ барои дафни афроди фавтида душвор аст. Мақомоти маҳаллӣ дар наздикии деҳаи Ғиҷак барои оромгоҳи нави масеҳӣ замин ҷудо кард. Аммо ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ҷой хеле номувофиқ интихоб шудааст. Он дар наздикии куҳ аст ва пас аз дафни чанд нафар, сел заминро шӯст, аз ин рӯ онро бастаанд. Акнун дар оромгоҳи қаблӣ ҳатто дар роҳрав қабрҳои нав дида мешаванд.

Вазъ дар вилояти Суғд

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи иҷтимоии Сарраёсати агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Улмасова, ташкилотҳои ғайриисломӣ маълумот дар мавриди воҳиди корӣ, дар бораи кормандон ва дар бораи маоши созмонҳояшонро пешниҳод мекунанд. Аммо иттилоъ дар мавриди теъдоди диндоронро надоранд.

Ба иттилои Улмасова, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 16 ташкилоти ғайриисломӣ фаъолият мекунад. Аз ин чортоаш православӣ мебошад. Онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон (Чкалови собиқ) , Исфара ва ноҳияи  Масчоҳ ҷойгиранд. Дар чор маъбади православӣ 12 корманд ба қайд гирифта шудааст.

Бар пояи иттилои Агентии омор, дар вилояти Суғд беш аз ҳазор шаҳрванди русзабон зиндагӣ мекунад. Аммо теъдоди ками онҳо ба калисо мераванд. Асосан, инҳо занҳои солманде ҳастанд, ки пас аз суқути Шӯравӣ ба Русия нарафтаанд.

Маъбади православии Марями Маҷдалия дар Хуҷанд чанд бор бунёд шудааст. Ба гуфтаи ходимони калисо, бинои ҳозира соли 2010 дар ҷойи маъбади пешин сохта шуд. Ҳоло ин ягона маъбади православӣ дар Хуҷанд мебошад, ки дар дохили маҳаллаи мусалмоннишин ҷойгир аст.    

Калисои православии Марям дар Хуҷанд. Акс аз CABAR.asia
Калисои православии Марям дар Хуҷанд. Акс аз CABAR.asia

Максим Шербаненкои 29-сола, яке аз ходимони ҷавони маъбад дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ҳанӯз дар хӯрдӣ ҳамроҳи бибикалонаш ба калисо мерафт. Ихтисоси ӯ мусиқанавоз аст. Наздики 7 сол ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар карда, ҳунари худро намоиш додааст. Аммо баъдан ба хона баргашта, ба хидмати маъбад камар мебандад. 

Нисфи дӯстони Максим тоҷикон ҳастанд, мусалмононе, ки ба маъбад барои кумак меоянд. Дин ҳеч гоҳ ба дӯстии онҳо монеа набудааст. Дар гузашта Максим аз шиносҳояш суханҳои зерро мешунид: “Чун дар  Тоҷикистон ва миёни тоҷикҳо зиндагӣ мекунӣ, бояд Исломро қабул кунӣ”. Аммо солҳои охир чунин даъватҳо сурат намегиранд. Ба таъкиди Максим, ҷомеа нисбатан таҳаммулпазир шуда, ба дини дигарон боэҳтиром муносибат мекунад.   

Максим Щербаненько. Акс аз CABAR.asia
Максим Шербаненко. Акс аз CABAR.asia

“Ҳамсояҳои рус тақрибан намондааст. Асосан тоҷикону узбекҳои мусалмон ҳастанд. Бо ҳамаи онҳо муносибати хуб дорам. Ҳангоми идҳои мусалмонӣ онҳо барои ман ғизо меоранд, дар навбати худ дар идҳои мо ба онҳо ягон чиз мебарем”,-мегӯяд Максим. 

Рӯзи якшанбе, вақте ба маъбад рафтем, дарҳои он баста буд. Эълоне овехта буданд, ки дар робита ба хавфи паҳншавии коронавирус кори маъбад муваққатан қатъ шудааст.

Инҷо моро падар Мардарий пешвоз гирифт. Ғайриинтизори мо маъбад калон набудааст. Ҳамагӣ се бинои хурд: як нав ва ду куҳна. Замини ҳудуди маъбад 6 садякро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Мардарий, калисо асосан аз ҳисоби хайрияҳо фаъолият мекунад. Буҷаи он барои хизматрасониҳои коммуналӣ, маош ба чор корманди маъбад равона мешавад.

Падар Мардарий. Акс аз CABAR.asia
Падар Мардарий. Акс аз CABAR.asia

“Новобаста ба ин ки тамоми ҳамсояҳои мо тоҷикон ҳастанд, ҳеч гоҳ моҷарое надоштем. Баръакс, ҳамсояҳо ҳамеша вақти назофату тамизкорӣ ба мо кумак мерасонанд. Ёрии аз ҳама бузургро замони бозсозии бинои нав пас аз оташсӯзӣ расониданд”,-афзуд вай.

Ходимони маъбад ба қаноат одат кардаанд. Харҷи аз ҳама калон ин пардохти пули барқ ва об аст. Пас аз муроҷиати чанддафъаина ба мақомоти маҳаллӣ барои кумак, билохира тарифи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ коҳиш дода шудааст.

“Аммо дар пайи боло рафтани нархҳо ин чиз тақрибан эҳсос намешавад”,-мегӯяд Мардарий.

Дар ҳоли ҳозир, православҳо дарозтарин рӯзаро мегиранд, ки 7 ҳафта идома мекунад. Аммо теъдоди онҳое, ки барои ибодат ба маъбад меоянд, кам аст.  

“Давоми чор соли охир теъдоди ибодаткунандаҳо тағйир наёфтааст. Аммо шумораи фавтидаҳо аз шумораи онҳое, ки барои салиб кашидан меоянд, ду баробар бештар аст”,-илова кард ӯ.

Дар дохили калисо. Акс аз CABAR.asia
Дар дохили калисо. Акс аз CABAR.asia

Одатан, теъдоди ибодаткунандаҳо 20-30 нафарро ташкил медиҳад. Рӯзҳои истироҳат ва идҳо ин рақам каме бештар мешавад. Эътиқодмандон, ба вижа занҳои солманд, ки ҳанӯз дар аҳди шӯравӣ салиб кашидаанд, набераҳои худро ба маъбад меоранд.

Агар ба омор бингарем, соли гузашта беш аз 50 православӣ ба ҳалокат расида, танҳо 30 кас барои салиб кашидан омадааст. “Русзабонҳо, ки худро насронӣ мешуморанд, зиёд ҳастанд, аммо онҳо ба маъбад намеоянд”,-мегӯяд вай.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ се оромгоҳи масеҳӣ мавҷуд аст. Оромгоҳи куҳна аллакай амал намекунад, онро бастаанд. Дар оромгоҳи дуввум барои дафн кардан ҷой нест, оромгоҳи сеюм, ки феълан масеҳиён афроди фавткардаро мегӯронанд, дар наздикии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ҳангоми шанбегиҳо сокинони маҳаллӣ оромгоҳро тамиз ва партовҳоро мебаранд.    

Максим мегӯяд, дар минтақаҳои вилоят, ҳанӯз масеҳиёни рус зиёданд. Аммо на дар ҳама шаҳру навоҳӣ маъбадҳо ҳастанд, то ки рафта ибодат кунанд.

“Ҳамчунин, дар рустоҳо озодии динӣ камтар аст. Ва бештари занҳои рус, ба хотири танҳоӣ накашидан ба мусалмонҳо ба шавҳар баромада, Исломро қабул мекунанд”,-илова намуд Максим.  

 Дар Хатлон маъбадҳо нестанд

Дар вилояти Хатлон теъдоди масеҳиёни православӣ зиёд нест – онҳо ҳамагӣ даҳҳо ё садҳо нафар ҳастанд. Инҷо маъбадҳо хеле кам мондаанд, аз ин рӯ эътиқодмандон маҷбуранд барои ибодат ба маркази вилоят – шаҳри Бохтар ва ё ҳатто ба Душанбе бираванд.

Калисои православии ноҳияи Ёвон фурӯ рехт. Акс аз CABAR.asia.
Калисои православии ноҳияи Ёвон фурӯ рехт. Акс аз CABAR.asia

Алексей Чирков, сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, калисои маҳаллӣ, ки  50 сол қабл бунёд шудааст, солҳои ахир дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Чирков, ҳоло православҳо иҷозаи мақомоти маҳаллиро барои ибодат дар як манзил дарёфт кардаанд.

Любов Меликов, сокини ноҳияи Ёвон 77 сол дорад. Соли 1966 шавҳари ӯ барои хидмат ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ мегӯяд, дар муқоиса ба солҳои пеш теъдоди масеҳиён коҳиш ёфтааст. Бисёриҳо ба Русия кӯч бастаанд.

Худи Меликова ба ватани таърихии худ баргаштанӣ нест, ба ӯ Тоҷикистон писанд аст.

Ягона чизе, ки ӯро нигарон кардааст, бо далели набудани маъбад тай кардани 60 километр роҳ то калисои Душанбе мебошад.

Любов Меликова. Акс аз CABAR.asia

“Ҳоло мо дар як манзил ҷамъ меоем, китоб мехонем, барои фавтидаҳо дуо мехонем. Калисо лозим аст, то масеҳиён барои ибодат ҷойи васеътаре дошта бошанд. Ҳангоми идҳои бузурги динӣ ман ба Душанбе меравам”,-мегӯяд ӯ.

Исмат Азизов, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати ноҳияи Ёвон ба CABAR.asia тасдиқ кард, ки ҳоло масеҳиёни ноҳия дар масъалаи калисо мушкил доранд. 

“То ҷое ки ба ман маълум аст, онҳо бо як тоҷир дар мавриди сохтмони маъбад суҳбат доштанд. Он соҳибкор бояд дар ҷойи калисо манзили истиқоматӣ ва дар ҷойи дигар барои масеҳиён маъбад месохт. Аммо чор сол мешавад, ки мушкил ҳал нашудааст”,-гуфт Исмат Азизов. 

Теъдоди масеҳиён дар вилояти Хатлон расман эълон намешавад, аммо онҳо асосан дар бештари навоҳии ҷануби кишвар зиндагӣ мекунанд.  

Ба гуфтаи Ҷунайдулло Ваҳҳобов, сардори шӯъбаи дини шаҳри Норак, дар минтақа танҳо ду калисои православӣ мавҷуд аст, ки пурра фаъолият мекунад. 

“Православҳои Бохтар мушкил надоранд, онҳо соҳиби ду маъбади муосир ҳастанд, ки онҷо идҳои динии худро мегузаронанд. Онҳо оромгоҳ низ доранд”,-гуфт Усмоналӣ Нуров, сухангӯи вилояти Хатлон.

Ясриб Хатлонӣ, коршиноси маҳаллӣ, ки бо ҷамъияти православии минтақа ошноии хуб дорад, мегӯяд, омори дақиқ дар мавриди теъдоди онҳо мавҷуд нест.

Масеҳиёни ҷавон ҳам монанди тоҷикон ба дигар кишварҳо муҳоҷират мекунанд, аз ин рӯ танҳо насли бузургро мешавад дар шаҳру рустоҳои вилояти Хатлон мушоҳида кард.

“Теъдоди дақиқи масеҳиён, ки асосан русҳо, олмониҳо ва кореягиҳо ҳастанд, маълум нест, зеро дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ раванди аз Тоҷикистон рафтани онҳо оғоз ёфт. Танҳо касоне боқӣ монданд, ки инҷо онҳоро чизе нигоҳ медорад. Бештари онҳо мегӯянд, бознишаста ҳастанд ва ҷойи рафтан надоранд”,-таъкид намуд Ясриб Хатлонӣ. 

Масеҳиён мисли сокинони бумӣ зиндагии одӣ доранд.

“Онҳо расму оини худро ҳифз кардаанд, бисёриҳо мехоҳанд Тоҷикистонро тарк кунанд, аммо намедонанд, ки ба куҷо раванд”,-гуфт Ясриб Хатлонӣ. 

Ба иттилои раёсати омори Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон 13 маъбади масеҳӣ, бо шумули калисои католикҳо, евангелиҳо ва протестантҳо амал мекунад, аммо маълумоти расмӣ дар бораи теъдоди масеҳиён мавҷуд нест.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: