© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷанбаҳои мусбату манфии стратегияи Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм

“Дар  стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷалби институтҳои ҷомеаи маданӣ ва ҳар як шаҳрванд муҳим дониста шудааст”, — гуфтааст, сиёсатшиноси тоҷик Шералии Ризоён дар матлаби худ барои торнамои таҳлилии CABAR.asia.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Фишурдаи мақола:

Солҳои 2000-ум дар миёни ҷавонони тоҷик раванди дурӣ ҷустан аз арзишҳои дунявӣ ба миён омада буд;

Солҳои 2014-2016 ҷалби шаҳрвандон ба созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) афзоиш ёфт. Ба сафи созмон асосан муҳоҷирони корӣ ҷалб мешуданд ва мубаллиғон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мекарданд;

Дар ин солҳо зарурати таҳияи сиёсати фарогири давлатӣ барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба миён омад;

Дар стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 терроризм ва экстремизм мушкилоти ҳамафарогир номида шудааст;

Буҳрони ҳувият: абзори “шӯравӣ” аллакай ба кор намеравад

Таҷрибаи кишварро дар пешгирӣ аз ифротгароӣ метавон ба чандин марҳала тақсим кард, ки равандҳои феълии сиёсӣ-иҷтимоии дохилӣ ва ҳамчунин тамойюлҳои байналмилалиро дар пасманзари фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ ва доғ шудани масъалаи экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб инъикос менамоянд1.

Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа имрӯз ба марҳалаи пасазифротгароӣ шомил шуданд ва бинобар ин, масоили терроризму экстремизм мафҳумҳои наверо касб мекунанд. Хабари расонаҳо дар бораи кушта шудани раҳбари созмони террористии “Давлати исломӣ” Абубакр Бағдодӣ (ал-Бағдодӣ) метавонад оқибатҳои комилан баръаксрро ба бор орад. Таъсиси созмони муташаккил ва устувортареро низ дар асоси ДИ метавон пешбинӣ кард. Зеро таҷрибаи ДИ нишон дод, ки тундравон бо сӯистифода аз мушкилоти ҷомеаҳои манотиқи мусулмоннишин метавонанд сафи ҷонибдорони худро ба осонӣ афзоиш диҳанд.

Дар ин росто, мушкили асосӣ тарҳрезии сиёсати иҷтимоисозӣ ва тавонбахшии афроди мазкур аст (ҳамчунин аъзои хонаводаи онҳо, пеш аз ҳама зану фарзандонашон, ки дар минтақаҳои зери идораи ДИ ва гуруҳҳои дигари террористӣ қарор доштан). Бо назардошти омили мазкур таҳлили “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”2 (минбаъд “Стратегияи Миллӣ – СМ”) нишон хоҳад дод, ки ин санад то куҷо сариват қабул шуда, ба таҳрири нави он кадом механизмҳо бояд илова шаванд.

Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳои пасошӯравие аст, ки бо афзоиши идеологияи ифротгароӣ рӯбарӯ шудааст ва ҳамчунин он нахустиншуда санадеро дар шакли Стратегияи миллӣ таҳия ва қабул кардааст. Бинобар ин, таҳлили кутоҳи таҷрибаи миллии Тоҷикистон аҳамияти назариявию равишшиносӣ ва амалӣ дорад.

Таҳлили вазъи пешгирӣ ва мубориза зидди терроризму экстремизм (то қабули СМ)

Унсури асосии ифротгароии шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонони соли таваллудашон 2000-ум ин аст, ки дар раванди дурӣ ҷустан аз арзишҳои дунявӣ сурат гирифтааст. Ин равандро метавон ҳамчун падидае шарҳ дод, ки ба ҷустуҷӯи ҳувият рабт дорад. Дақиқтараш ба буҳрони ҳувияте, ки он замон мушоҳида мешуд.

Нуктаи асосӣ ин буд, ки воситаҳои дар замони шӯравӣ таҳияшуда барои таъсир расондан ба шаклгирии ҷаҳонбинии ҷавонон дар замони истиқлол дигар ба кор нарафтанд. Анъанаҳои мавҷуда низ ба эътиқоди ҷавонон таъсири камтар расонданд ва ин раванд низ бо ҳамлаи идеологияи берунӣ ҳамроҳ буд. Ҷавононе, ки дар хориҷ таълимоти динӣ гирифта буданд, талқини Исломи “дуруст”-ро оғоз карданд ва вақте, ки арзишҳои мавҷуда ба таври назаррас эътибори худро аз даст доданду арзишҳои нав ҳанӯз шакл нагирифта буданд, халои идеологие ба миён омад. Дар натиҷа ҷонибдорони созмонҳои тундрав, ки ҷавононро ба сафи худ мехонданд, онро пур намуданд.

Рӯйхати шаҳрвандони тоҷике, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ ширкат кардаанд. Ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, 2017. Акс аз Неъматулло Мирсаидов / orien.info

Ин раванд солҳои 2000-ум дар шаҳрҳое оғоз шуда буд, ки фаъолияти ҷиноҳҳои ҳаракати мамнуи “Ҳизб-ут-таҳрир”-ро бо иштироки ҷавонони таҳсилдида аз хонаводаҳои сарватманд дар онҳо ошкор шуда буд. Пас аз солҳои 2005 ҳаракати ҳамакнун мамнуи “Салафия” миёни ҷавонон маъруфият касб карда буд. Таҳлили матолиби расонаҳо ва натиҷаи пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки он солҳо дар шаҳрҳо гуруҳҳои фаъоли “Салафия” ташкил шуданд. Ҳамзамон солҳои 2000-ум дар деҳаҳо, пеш аз ҳама дар шимоли Тоҷикистон гуруҳҳои мамнуи “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ҳизб-ут-таҳрир” фаъол мешуданд. Аллакай пас аз солҳои 2010 ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо ҷалби шаҳрвандон ба сафи гуруҳҳои мамнуи “Ансоруллоҳ” ва “Ҷундуллоҳ” тақвият ёфта буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олӣ 20 созмону ҳаракат террористиву экстремистӣ эълом ва фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст3. Қарори манъи фаъолияти бештари ин ҳаракатҳо дар солҳои 2000-ум содир гаштааст.

Барои фаҳмидани хусусияти афзоиши идеяҳои экстремистӣ ба нуктаҳои зерин бояд таваҷҷуҳ кард:

Омили ҷойгиршавӣ.  Фаъолияти нахустин ячейкаи гуруҳҳои экстремистӣ аввали солҳои 2000-ум дар минтақаҳои марзӣ, пеш аз ҳама дар шимоли Тоҷикистон — водии Фарғона ошкор карда шуданд, ки ҷомеаҳояшон бештар муҳофизакоранд. Худи водии Фарӯона се кишварро ба ҳам мепайвандад ва бинобар ин, тамойюле, ки дар водии Фарғона мушоҳида мешуд, ба таври назаррас ба доираҳои динии ҳамаи кишварҳо (Қирғизистон, Тоҷикиситон ва Ӯзбекистон) ба таври назаррас таъсири худро гузошт.

Омили муҳими дигари таъсиргузорро метавон вазъи Афғонистон номид, ки тайи 40 сол аст, шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ мебошад ва ҷонибҳои даргир низ танҳо аҳзоби исломиянд.

Омили ҳувияти динӣ. Пас аз солҳои 2000-ум дар кишвар раванди тағйири ҳувияти динии шаҳрвандон мушоҳида мешуд. Бахусус, он дар миёни сокинони шаҳрҳо ва муҳоҷирони корӣ бештар ба назар мерасид. Солҳои 2000-ум раванди рушди ҳувияти динӣ дар миёни муҳоҷирони корие оғоз шуд, ки бештар Исломи ғайрисуннатиро таҷриба мекарданд.

Ҳамчунин дар ин давра раванди рӯйгардондан аз анъанаву суннатҳои миллӣ ва “пасошӯравӣ” ҷараён дошта, масъалаи то куҷо дуруст будани таҷлили Иди Наврӯз, Соли нав ва ҷашнҳои дигар барои мусулмонон матраҳ мешуд.

Тамойюли ифротгароӣ то қабули СМ.

Дар таърихи навини Тоҷикистон бори нахуст ҳамлаи интиҳорӣ  моҳи сентябри соли 2010 дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Як узви ҳаракати мамнуи “Ансоруллоҳ” бо мошине, ки дар он маводи тарканда насб шуда буд, ҳангоми ҷаласаи пагоҳирӯзӣ ба бинои шуъба ҳамла кард. Ин ҳодиса баёнгари афзоиши таҳдидҳои идеологияи экстремистӣ аст, зеро тайи 5 соли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) ҳеч ҷониби даргире аз маргталабон истифода накарда буд.

Дар шаҳри Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон, ҳамлаи маргталабона дар назди бинои RUBOP рух додааст. Акс аз ozodi.org

2014-2016 ҷалби шаҳрвандон ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) афзоиш ёфт. Бар асоси натиҷаи пажӯҳишҳо, ба сафи созмон асосан муҳоҷирони корӣ ҷалб мешуданд ва мубаллиғон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мекарданд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2018, ҷамъан ба сафи ДИ 1899 шаҳрванди кишвар пайвастаанд 4. Шумори бештари онҳо маҳз дар солҳои 2014-2016 ҷалб шуда, аксарашон муҳоҷирони корианд.

Ҳамин тариқ дар он солҳо зарурати таҳияи сиёсати фарогири давлатӣ барои мубориза бо терроризму экстремизм ва тавонбахшии шаҳрвандоне пеш омад, ки аз пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ пушаймон шудаанд.

Таҳлили сохторҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 “Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020” ва “Нақшаи иҷрои Стратегияи миллӣ” қабул шуд. Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонд.

Ба нақша гирифта шуда буд, ки Стратегияи миллӣ (СМ) дар се марҳала иҷро хоҳад шуд:

Марҳалаи аввал соли 2016-ро дар бар мегирифт. Дар ин давра фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои СМ, ҷалби таваҷҷуҳи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ ба мушкили мазкур ва таҳияи тарҳи иҷрои бандҳои мушаххаси Нақшаи амалигардонии СМ дар нақша буд.

Марҳалаи дувуми СМ солҳои 2017-2018-ро дар бар мегирад, ки аз таҳияву роҳандозии механизми пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму ифротгароӣ иборат аст.

Марҳалаи севум солҳои 2019-2020-ро фаро мегирад. Дар ин марҳала тақвияти механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм, такмили онҳо вобаста ба натиҷаи мониторингҳо таъмин карда мешавад. Дар поёни марҳалаи севум ҷамъбасти иҷрои СМ ва дар сурати зарурат ироаи пешниҳодҳо барои таҳияи санади нави стратегӣ дар ин самт пешбинӣ шудааст.

Дар СМ амалҳои асосии ниҳодҳои давлативу институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарҳи нави масъалаҳои терроризму экстремизм ба шакли зерин дарҷ шудааст:

– эътирофи терроризм ва экстремизм ҳамчун мушкилоти ҳамафарогир. Бинобар ин, таҳия ва тадбиқи “маҷмӯи чораҳое зарур аст, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд”5.

– аҳамияти боло бурдани сатҳи фарҳангӣ- сиёсӣ ва саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, зарур будани ҳимоят ва риояи онҳо аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ;

– эътирофи коррупсия ҳамчун монеа дар роҳи амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон,таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии мубориза бо коррупсия ва ҷалби аҳли ҷомеа ба мубориза бо он;

– эътирофи он ки омили шароити ногувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, надоштани имконияти амалӣ намудани қобилият, эҳсоси ноумедӣ метавонанд ба ташаккули рӯҳияи экстремистӣ ва баланд шудани сатҳи тундгароӣ дар ҷомеа замина фароҳам оранд;

– эътирофи он ки поин рафтани сатҳи некӯаҳволии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва номутобиқатии иҷтимоии аҳолӣ метавонад дар эҷоди таҳдидҳои ифротгароӣ мусоидат кунад. Баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи фарҳангии аҳолӣ, ташаккули ангеза барои интихоби тарзи ҳаёти солим ва созанда, таъмини имконияти мутобиқшавӣ ва иштироки табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ зарур аст;

– эътирофи муҳим будани мавҷудияти андешаи миллӣ ҳамчун садди устувор дар роҳи вуруд ва паҳншавии ғояҳои тундрав. Фаъолияти созмонҳои тундрави динӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хатари ҷиддие барои чунин андешаҳо хоҳад буд, зеро онҳо нақшаи бунёди давлати ягонаи теократиро доранд. Бинобар ин, таҳия ва тадбиқи андешаи миллие зарур аст, ки ба принсипҳои ҷомеаи бози шаҳрвандӣ ва анъанаҳои маънавию ахлоқии халқи тоҷик асос ёфта бошад;

– аҳамияти таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, ҳуқуқи мустақилона муайян намудани муносибат ба дин, мусоидат дар касби таълимоти динӣ;

– аҳамияти баланд бардоштани сифати таълим, ташкили шароит барои фароғат ва ҳал намудани мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонон;

– аҳамияти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа, инчунин таъмини баробарии мардон ва занон дар муносибатҳои оилавӣ

– аҳамияти пешбурди аксуламалҳои тарғиботӣ бо истифода аз технологияҳои навини иттилоотӣ, зеро созмонҳои террористӣ аз имконият ва тавонмандиҳои Интернет ба таври васеъ истифода мекунанд;

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ (солҳои 2007-2016)

“Интернет мисоли равшане аст, ки нишон медиҳад, чи гуна террористон дар ҳақиқат метавонанд ба таври фаромиллӣ амал кунанд. Давлатҳоро низ лозим аст, ки дар посух дар ҳамон сатҳи фаромиллӣ андеша ва амал кунанд”.

– аҳамияти таъмини нерӯи корӣ бо ҷои кор дар дохили кишвар, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши худ таҳти хатари зиёди тундгаро шудан ва ба сафҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидан қарор доранд.

– аҳамияти пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ. Манбаъҳои паҳнкунии ақидаҳои тундгароӣ ва рӯҳияи экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ шахсони барои фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ маҳкумшуда мебошанд, ки бо ҳамсафони дар озодӣ будаи худ робитаашонро нигоҳ дошта, иҷрои супоришҳои онҳоро оид ба пешбурди фаъолияти тарғиботӣ ва ҷалби маҳкумшудагон ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ идома медиҳанд.

– эътирофи осеппазирии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари таблиғоти экстремистӣ, бар асари муошират аз рӯи хизмат бо унсурҳои экстремистӣ, истифодаи Интернет, омӯзиши адабиёти экстремистӣ ва ё ҷалбкунии бевосита;

– эътирофи аҳамияти ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори ом, бахши хусусӣ ва ҳар як фардӣ ҷомеа ба пешгирӣ аз экстремизму терроризм;

– аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм.

Иҷрои санад: дастовардҳои амалӣ ва камбудиҳо

Худи қабул шудани санади мазкур дар шароити Тоҷикистон бешубҳа дастоварди бузурге аст. Инро метавон бо нуктаҳои зерин исбот кард:

Якум, дар раванди таҳияи санад ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва ходимони дин иштирок доштанд. Барои таҳияи СМ таҷрибаҳои байналмилалӣ омӯхта ва дар тамоми минтақаҳои кишвар пажӯҳишҳои миллӣ гузаронида шудааст. Таҷрибаи мусбати мазкур нишон медиҳад, ки ҷалби гуруҳҳои гуногуни ҷомеа таҳияи санади муассирро кафолат дода, дар бунёди давлати дунявӣ ва демократӣ нақши мусбатеро хоҳад бозид.

Дувум, дар матни СМ ва Нақшаи тадбиқи СМ аҳамияти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм зикр шудааст. Дар нақшаи мазкур гуфта шудааст, ки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бояд ба ташкил ва таъсиси созмонҳои ҷамъиятие мусоидат кунанд, ки бо пешгирии экстремизм ва терроризм машғул мешаванд. Ин бидуни шубҳа дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ як қадам ба пеш аст.

Севум, пажӯҳишҳои гузаронидаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи иҷрои СМ ба омӯзиши сабабу омилҳои ифротгароии шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Дар солҳои 2000-ум ва аввали соли 2010 гузаронидани чунин пажӯҳишҳо мушкил буд. Вале бо қабули санад имрӯз мо дар асоси натиҷаи пажӯҳишҳои иҷтимоӣ як қатор гузоришҳои таҳлилие дорем, ки ҷанбаҳои гуногуни сабабу оқибатҳои ифротгароиро шарҳ медиҳанд.

Чаҳорум, тайи чанд соли ахир дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ як қатор рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар бораи экстремизм ҳимоят карда шудааст. Дар рисолаҳо таҷрибаи миллии Тоҷикистон таҳлил гаштааст. Аз тарафи дигар, шумори зиёди унвонҷӯён ба иллати муҳим будани мушкилоти мазкур ҷанбаҳои гуногуни масъалаи экстремизму терроризмро ба унвони мавзуи рисолаҳои худ интихоб кардаанд ва дар давоми 3-5 соли оянда мо шоҳиди ҳимоя шудани корҳои нави илмӣ дар ин замина хоҳем шуд.

Панҷум, мақомотҳои иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ дар доираи иҷрои Нақшаи тадбиқи СМ барои пешгирӣ аз экстремизму терроризм барномаҳои худро таҳия кардаанд. Дар тамоми минтақаҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ва аҳамияти мубориза бо экстремизму терроризм ба бештари шаҳрвандони кишвар расонида шудааст.

Шашум, дар давраи иҷрои СМ дастрасии ҷавонон ба муассисаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ба таври назаррас беҳтар шудааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе барои футболбозон ва волейболбозон майдончаҳои варзишӣ бунёд гаштааст. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар марказҳои забономӯзӣ фаъолият дошта, театру кохҳои нави фарҳангӣ бунёд гаштаанд. Зербиноии сохташуда дар ояндаи миёнамуҳлат ба рушди мусбати ҷавонон нақши назаррасе хоҳад дошт.

Камбудӣ ва нуқсонҳои Стратегияи миллӣ

Ба унвони камбуд ва нуқсонҳо дар тадбиқи СМ метавон нуктаҳои зеринро зикр кард, ки ба тамоми қишри ҷомеаи тоҷик рабт дорад:

Якум, матн ва нақшаи иҷрои СМ интизориҳои васеи ҷомеаро аз натиҷаҳои эҳтимолӣ шакл медиҳад. Бо сабабҳои обективӣ як қатор муқаррароти нақшаи тадбиқ иҷро нашудаанд ва он пеш аз ҳама, ба сармоягузории тадбирҳо ва чорабиниҳои алоҳида рабт дорад.

Дувум, дар кишвар ҷомеаи созмонҳои ғайридавлатие шакл нагирифтааст, ки дар сатҳи зарурӣ барои пешгирӣ аз экстремизм фаъолият кунанд. Бештари созмонҳои ғайридавлатие, ки дар ин самт кор мекунанд, ба хотири доғ будани мавзуъ ё эҳтимоли дарёфти грант бо он машғуланд. Бинобар ин, ба созанда будани бештари тарҳҳои созмонҳои ғайридавлатӣ баҳо додан мушкил аст.

Севум, дар бозтоби масъалаи экстремизм ва терроризм “воқеиятҳо”-и тахайюллӣ ва сохта мушоҳида мешуданд. Дар кишвар низ доираи рӯзноманигороне шакл нагирифтааст, ки масъалаи мазкурро ҳирфаӣ бозтоб кунанд.

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Рустам Азизӣ, шаҳрвандонеро, ки ба гуруҳу созмонҳои мамнуи тундрав ҷалб шудаанд, метавон ба ду гуруҳ ҷудо кард: тундравони фаъол ё идеологие, ки тавонбахшии онҳо мушкил аст ва тундравони ғайрифаъолу қурбониёни ифротгароӣ 6. Дар матолиби расонаҳо ҳар ду гуруҳ як навъ дарҷ шудаанд. Ҳамчунин истифодаи истилоҳҳои нодурусте мушоҳида мешавад, ки амали тундравонро “сафед” мекунанд. Кор бо рӯзноманигороне, ки мушкилоти марбут ба экстремизм ва терроризмро бозтоб мекунанд, хеле муҳим боқӣ мемонад.

Чаҳорум, корҳои фаҳмондадиҳие, ки дар минтақаҳои кишвар гузаронида мешаванд, ба тағйироти ҷиддӣ ниёз доранд. Сохторҳои нави иҷтимоӣ ва муҳандисии иҷтимоӣ бо назар дошти хусусият ва талаботи ин минтақаҳо лозим аст.

Маводи марбут: Кӯдаконе, ки аз Ироқ бармегарданд, ба чӣ ниёз доранд?

Панҷум, коршиносон ва таҳлилгарони Тоҷикистон натавонистанд дар сатҳи зарурӣ таҷрибаи кишварро дар самти пешгирӣ аз экстремизму терроризм ба ҷомеаи минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар як қатор корҳо анҷом шудаанд: 1) баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои зери идораи гуруҳи террористии ДИ (фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар) ; 2) баргардонидани кӯдакон аз Ироқ ба ватан; 3) баргардонидани шахсоне, ки ба узвият ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ гумонбаранд;  Бешубҳа, дар ин самт тадбиқи чораҳои марбут ба оқибатҳои ифротгароӣ афзалият хоҳад дошт, зеро пас аз соли 2017 коҳиши ҷалби шаҳрвандони кишвар ба сафи гуруҳу созмонҳои террористӣ мушоҳида мешавад.

Тавонбахшӣ ва иҷтимоисозии шаҳрвандони баргаштаро метавон яке аз самтҳои муҳим номид. Дар ин замина Тоҷикистон таҷрибаи беҳамтоеро аз солҳои 90-уми асри ХХ дорад, ки пас аз ба поён расидани ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 1 миллион шаҳрванди гурезаи худро аз Афғонистон ва кишварҳои дигар баргардонида буд. Дар он давра на танҳо тавонбахшӣ ва иҷтимоисозии шаҳрвандони мулкӣ, балки ҷангиёне низ сурат гирифта буд, ки бархе аз онҳо ҳоло ҳам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ифои вазифа мекунанд.

Истифодаи таҷрибаи мазкур дар тавонбахшӣ ва иҷтимоисозии шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои зери идораи гуруҳҳои тундраву террористӣ баргаштаанд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳам бешак намунаи комёбе хоҳад буд.

Шашум, тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори ом дар раванди пешгирӣ аз экстремизм низ бояд тақвият дода шавад. Дар умум, таҳкими ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд идома ёбад.

Ҳафтум, таҳия ва тадбиқи абзори нарму равишҳое муҳим аст, ки бештар ба тарҳрезии маҳсулоти зеҳние равона шуда бошанд, ки ба унвони гузинаи ҷаҳонбинии ифротгароёна дар пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм истифода бурда шавад. Тавре пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, гуруҳҳои тундрав ба маҳсулоти зеҳнӣ аҳамияти бештар медиҳанд ва заминаи ғояҳои худро мусбату ҷазобтар менамоянд. Бинобар ин, коркарди маҳсулоти зеҳнӣ низ дар пешгирии экстремизм ва терроризм дар ояндаи миёнамуддат нақши муҳимро мебозад.

Ҳамаи ин камбудиҳо сабабҳои гуногун доранд. Аз ҷумла норасоии молӣ ё набудани коршиносон. Пешниҳодҳои ироашударо мешавад дар раванди омода кардани таҳрири нави СМ барои солҳои оянда ба кор бурд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.


1 Ризоён Ш.Ш. Опыт Таджикистана в профилактике экстремизма: проблемы и перспективы// Сборник «Противодействие идеологии терроризма: концепции и адресная профилактика» (Материалы Всероссийской научно-практической конференции). Уфа, 2019. -С.15-24.

2 Национальная стратегия Республики Таджикистан по противодействию экстремизму и терроризму на 2016-2020 годы (утверждена Указом Президента РТ от 12 ноября 2016, №776);

3 Список организаций, признанных Верховным Судом РТ как террористические и экстремистские (15.03.2017г.). –С.1-2.

4 Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилоти террористӣ вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳаст. Садои Мардум /15.11.2018.

5 Национальная стратегия Республики Таджикистан по противодействию экстремизму и терроризму на 2016-2020 годы (текст). –Душанбе: 2016. –С.3.

6 Выступление на международной научно-практической Конференции «Светскость, секуляризм, религиозность на постсоветском пространстве: исторические, юридические и философско-мировоззренческие аспекты» (23-25 октября 2019 года), Бишкек, Кыргызстан 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: