Без рубрики
24 апрел дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони фирқаҳои асосии динии кишвар мулоқоти коршиносӣ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш омодагии онҳо ба кор дар шароити таҳдиди паҳншавии пандемияи коронавирус, COVID-19 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар мулоқоти коршиносӣ намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарони се фирқаи калонтарини динии кишвар ҳузур доштанд.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки ҳарчанд расман ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ нашудааст (расман дар бораи сабти сироятёбӣ 30 апрел хабар дода шуд), аммо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои динӣ чораҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба паҳншавии ин бемории хатарноки ҳамагир ба роҳ монда шудааст.
Намояндагони фирқаҳои динӣ – имом-хатиби ноҳияи Ҳисор Афзалшоҳ Шарифзода, намояндаи калисои православии Русия дар Тоҷикистон роҳиб Василий Телехов, раҳбари миссияи калисои католикӣ дар Душанбе Педро Родригес, инчунин мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Муҳиддинҷон Тухтахоҷаев аз чораҳое гуфтанд, ки барои ҳифзи сиҳатии ибодаткунандаҳо роҳандозӣ шудааст.
Афзалшоҳ Шарифзода, имом-хатиби ноҳияи Ҳисор аснои суҳбат гуфт, феълан тамоми масоҷиди ноҳия баста аст ва ба мусалмонон тавсия шудааст, ки дар хонаҳояшон намоз бигзоранд.
Ба гуфтаи Шарифзода, қабл аз ин иқдом дар масоҷид тамоми чораҳои зарурии санитарӣ-гигиенӣ, ки аз ҷониби Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ тавсия шудааст, анҷом мешуд.
[quote]«Бар иловаи амалҳои безараргардонӣ ва бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ коркард намудани масоҷид, тамоми ходимони дин бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки дар ҷараёни он аз хатари вируси нав, босуръат паҳн шудани он, хавфнок будани ҷамъшавии оммавии одамон ва чораҳои профилактикӣ гуфта шуд. Агар дар рӯзҳои аввал бештари одамон ба иттилое, ки тавассути ВАО паҳн мегардид, чандон аҳамият намедоданд, ҳоло бошад, аҳолӣ ба саломатии худ муносибати ҷиддӣ мекунад»,-гуфт имом-хатиб.[/quote]Дар ҳоли ҳозир, тақрибан тамоми имом-хатибони масҷидҳои ноҳия телефонҳои ҳушманд доранд, ки дар онҳо замимаҳо насб шудааст, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳо таъсис шуда, тавассути он имомҳо бо аҳолӣ суҳбат ва маслиҳатҳо медиҳанд.
«Мо ба аҳолӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO маслиҳату машварат медиҳем. Дар сурати зарурат талош мекунем, ки ба фаъолияти онлайн бигзарем”,-гуфт вай.
Роҳиб Василий Телехов низ дар бораи чораҳо ҷиҳати коҳиш додани хавфи паҳншавии коронавирус миёни ибодаткунандаҳои калисои православии русӣ суҳбат кард. Ба гуфтаи вай, ба ин нигоҳ накарда, ки дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ нашудааст, онҳо ҳанӯз аз оғози пандемия тамоми тавсияҳоро ҷиҳати коҳиш додани хавфи сироятёбӣ иҷро намуданд, инчунин ба ибодаткунандаҳо, ба вижа афроди солманд тавсия доданд, ки ба калисо наоянд, балки дар хона ибодат кунанд.
«Имсол дар иди Пасха ба калисо нисбат ба солҳои пеш теъдоди ками одамон омаданд»,-гуфт роҳиб.
Феълан, дари калисо барои ибодат баста аст. Инчунин тамоми чорабиниҳо ҷиҳати расонидани ёрии иҷтимоӣ ба ибодаткунандаҳо низ муваққатан манъ шудаанд.
Намояндаи калисои католикӣ дар Тоҷикистон Педро Родригес дар бораи чораҳое гуфт, ки дар маъбади католикии Душанбе роҳандозӣ шудаанд. Ба иттилои ӯ, ҳамарӯза маъбад чанд маротиба бо маҳлули зиддиуфунӣ коркард мешавад.
«Ҳоло мо ба ибодаткунандаҳо тавсия медиҳем, ки аз хонаҳояшон ибодат кунанд»,-афзуд Педро.
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Муҳиддинҷон Тухтахоҷаев дар бораи чораҳое суҳбат кард, ки дар кумита гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, дар робита ба хавфи паҳншавии коронавирус Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 18 апрел анҷоми тамоми чорабиниҳои динӣ, намозҳои ҷамоат дар масоҷидро манъ кард. Ин тасмим то муътадил шудани вазъ идома хоҳад кард.
Феълан, моҳи мубораки Рамазон аст ва мусалмонон рӯза медоранд. Бо қарори Шӯрои уламо анҷоми намозҳои ҷамоат, намози таровеҳ, ифторҳо, инчунин идгардак манъ гардидааст.
Тамоми намояндагони фирқаҳои динӣ, иштирокдорони мулоқоти коршиносӣ изҳор доштанд, ки барои ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани беморон ва маҳви ин маризии барои инсоният хатарнок дуо мекунанд.
Коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон даъват доранд, барои баҳодиҳии матолибе ташхиси мустақилро ба роҳ монанд, ки паҳнкунандаи ақидаҳои мамнуъ дониста мешаванд. (more…)
Ҷавонони пайрави ин ҷамоати мазҳабӣ, ки ба синни хидмати сарбозӣ расидаанд, ҳамчунон ба зиндон фиристода мешаванд. (more…)
Мурғоб. Ҷойе ки зинда мондан маънои мубориза ва муқовимат бо сахтарин шароити зиндагиро дорад. Аммо ҳатто чунин шароити сахт монеъ нашудааст, ки мардум одату анъанаҳои гузаштаҳои худро идома бидиҳанд. (more…)
Теъдоди православҳо дар кишвар зиёд нест, аммо онҳо дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд. (more…)
Мақомот роҳҳалро дар нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо бо ҷурми экстремизм ва терроризм дар биноҳои алоҳида мебинанд, аммо ин кор ҳам хавфҳое дорад. (more…)
Қолабвора ё стереотипҳое, ки зани мазҳабӣ бояд дар кадом як ҳуқуқу имкониятҳо маҳдуд карда шавад, ҳанӯз маъмул аст. Аммо қаҳрамонҳои имрӯзи мо бо амал ва фаъолиятҳои касбии хеш бо итминони комил ин стереотипҳоро мешикананд. (more…)
Сарқонуни Тоҷикистон озодии эътиқодро кафолат медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе 17-уми феврал муаррифии истифодаи Дастурамал оид ба инъикоси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. (more…)
Ба назари коршиносон, бетаваҷҷуҳии мансабдорони масъул ба ёдгориҳои қадимии таърихӣ боиси аз даст рафтани таърихи тоисломии Тоҷикистон хоҳад шуд. (more…)
Spelling error report
The following text will be sent to our editors: