Дар шаҳри Душанбе 17-уми феврал муаррифии истифодаи Дастурамал оид ба инъикоси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Чорабинӣ дар шакли мастер-класс баргузор шуда, дар он ҳаммуаллифони дастурамал дар мавриди истифодаи самараноки роҳнамо ба иштирокдорон тавсияҳои худро ироа карданд.
Дастурамал барои рӯзноманигорон ва фаъолоне дар ҷомеаи маданӣ пешбинӣ шудааст, ки дар бахшҳои дахлдор фаъолият доранд. Чаҳор нуктаи асосии он:
- Ҳуқуқ ба озодии пайравӣ аз дин
- Танзими қонунии масоили динӣ дар Тоҷикистон
- Тавсияҳои амалӣ барои рӯзноманигорон
- Феҳристи истилоҳҳое, ки ҳангоми бозтоби масоили динӣ истифода мешаванд
Дар чорабинӣ намояндагони ҳудуди 40 расона, фаъолони маданӣ ва блогерҳо иштирок карданд.
Лола Олимова, ҳамонҳангсози лоиҳаи «Субот дар Осиёи Марказӣ тариқи муколама» ва муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи мастер-класс ба аҳамияти тавсияҳои асосии дастурамал ишора кард, ки дар асоси таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти IWPR дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд.
«Ин роҳнамо бахусус, дар пасманзари ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон муҳим аст. Зеро ҳоло мо шоҳиди таъқиби рӯзноманироне ба хотитири матлабҳои динияшон мешавем, ки эҳтимол меравад, ҳангоми бозтоби ин масоил меъёрҳои байналмилалиро риоя накардаанд. Риояи тавсияҳои роҳнамо на танҳо шумо, балки идораи шумо ва ҷомеаеро аз хатарҳо дар эмин нигаҳ хоҳад дошт, ки матлабҳоятонро истифода мекунанд», – изҳор дошт Олимова.
Инга Сикорская, муаллифи ду бахш ва роҳбари мактаби сулҳофарию фанновариҳои расонаӣ дар бораи хусусиятҳои меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, тамоюлҳои ахир дар инъикоси масоили мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ ва абзоре суҳбат кард, ки ҳангоми бозтоби мушкилиҳои мазҳабӣ ба кор бурда мешавад.
Сикорская рӯзноманигоронро ба риояи меъёрҳое даъват кард, ки ба таҳқири эҳсоси ҳамдигар ва истифодаи истилоҳҳои бадбинӣ иҷозат намедиҳанд.
Шоира Давлатова, ҳуқуқшинос, ҳомии ҳуқуқ ва муаллифи яке аз бахшҳои роҳнамо дар бораи нозукиҳои қонунгузорӣ ҳангоми бозтоби масъалаҳои ҳасосу баҳсбарангез ҳарф зад.
Иштирокдорони чорабӣ нозукӣ миёни озодии баён ва забони бадбинӣ, нақши рӯзноманигор дар инъикоси масъалаҳои мазҳабӣ ва чи гуна бозтоб намудани фаъолияти гуруҳҳои диниеро баррасӣ карданд, ки қонунгузориии Тоҷикистон онҳоро мамнуъ эълом кардааст.
Хосият Комилова, рӯзноманигори мустақил мегӯяд, таҳияи чунин дастурамал саривақтӣ мебошад. Бахусус, бо назардошти вазъияти кунунӣ, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фишорҳоро болои рӯзноманигорон ба хотири бозтоби мавзуъҳои марбут ба дин пурзӯр кардаанд.
«Барои як пешниҳоди одӣ рӯзноманигорон мавриди интиқоду муҳокима қарор мегиранд. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзи мо дар ягон муассисаи таълимӣ нозукиҳои дин, на буддоия, на масеҳият ва на ислом омӯзонида намешавад.Маҳз ба хотири ин, бештари рӯзноманигорон ҳангоми инъикоси чунин масъалаҳо ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Ба ҷуз ин, ин ё он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз бо ҳамин сабабҳо, ба иллати надоштани дониши динӣ ҳангоми омӯзиши матлаби рӯзноманигорон муаллифонро ба ҳамдастӣ бо гуруҳҳои экстремистиву террористӣ айбдор карда, ба додгоҳ мекашанд. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ чунин як дастурамалеро нашр кард», – изҳор дошт Комилова.
Ба гуфтаи ӯ, дар дастурамал тавсияҳои муфассале оварда шудаанд, ки ба бозтоби дурусту бехатари масъалаҳои динӣ мусоидат мекунанд.
«Дастурамал хуб ва саривақтӣ аст. Дар ин роҳнамо ҳамаи чизҳое мавҷуд ҳастанд, ки барои рӯзноманигор муҳиманд. Аз ҳама муҳимаш, ин аст, ки он бо забони содда ва фаҳмо навишта шудааст. Умедворем, он ба дасти ҳамаи онҳое хоҳад расид, ки ба он ниёз доранд», – гуфт Абдулазиз Восеев, хабарнигор ва муҳаррири сомонаи rushnoy.org.
Зеваршо Муҳаммад, рӯзноманигор хост, муаллифон дар оянда ҳангоми таҳияи чунин дастурамалҳо “бо истифодаи намунаҳои воқеӣ ва инъикоси ҳамаи мушкилиҳои мавҷуда” ба вазъи кунунӣ ва қонунгузории Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ кунанд.
“Албатта, воқеият ҳоло дар кишвари мо ин аст, ки инъикоси воқеъбинона ва ошкорои ҳамаи ҳаводиси ҷорӣ имкон надорад. Агар аз ин нигоҳ, ба мушкилиҳои мавҷуда назар афканем, мо ҳечгоҳ ба пешрафте ноил нахоҳем шуд”, – илова кард Зеваршо Муҳаммад.