© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: дин монеи рушди шахсияти занҳо нест

Қолабвора ё стереотипҳое, ки зани мазҳабӣ бояд дар кадом як ҳуқуқу имкониятҳо маҳдуд карда шавад, ҳанӯз маъмул аст. Аммо қаҳрамонҳои имрӯзи мо бо амал ва фаъолиятҳои касбии хеш бо итминони комил ин стереотипҳоро мешикананд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Акс аз соманаи ozodi.org
Акс аз соманаи ozodi.org

Дар ҷомеаи Тоҷикистон қолабвораҳо дар ин бора ки занҳо наметавонанд муваффақ бошанд, зиёданд. Ба вижа, ин ба занони мазҳабӣ дахл дорад. Аммо маҳз занон, аксар вақт  ҳатто бештар аз мардон душвориҳои зиндагиро бар души худ мегиранд ва дар бартараф кардани онҳо муваффақ ҳам мегарданд. Ба гуфтаи онҳо, дин, ки дар зиндагиашон нақши назаррас дорад, ба рушди инфиродӣ монеа эҷод намекунад.

Дар Тоҷикистон намояндагони динҳои дигар чандон зиёд нестанд. Бар пояи иттилои гуногун, аз 96 то 99 дарсади сокинони кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд. Бештари онҳо суннӣ ва пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд, ҳудуди 30 дарсад исмоилимазҳабанд. Инчунин, дар кишвар пайравони калисои православӣ, адвентистҳои рӯзи ҳафтум, баптистҳо, баҳоиҳо ва католикҳо зиндагӣ мекунанд.  

 

Лола Насриддинова дар қатори камтарин занҳоест, ки ба монеаҳои зиёд нигоҳ накарда тавонист қолабвораҳоро бишканад ва бо вуҷуди доштани рӯсарии динӣ, ҳамчун зани муваффақ шинохта шавад. Ӯ мегӯяд, шеваи либоспӯшиаш сабаби мушкилиҳои зиёде дар роҳ ба сӯи муваффақият гардидааст.

Лола Насриддинова. Роҳбари созмони ҷамъиятии "Ирода". Акс аз: CABAR.asia
Лола Насриддинова. Роҳбари созмони ҷамъиятии “Ирода”. Акс аз: CABAR.asia

Мақомоти тоҷик аз пӯшидани ҳиҷоб истиқбол намекунанд, ба андешаи онҳо ҳиҷоб рӯсарии барои занони тоҷик бегона аст ва гӯиё ба тундгаро шудани ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳиҷоб барои занҳое ки дар муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо кор мекунанд, манъ аст, намояндагони Кумитаи кор бо занҳо ва оилаи назди Президент бошанд, пайваста бо анҷом додани рейдҳо дар кӯчаву бозорҳои шаҳру навоҳӣ дар ин маврид бо занҳо суҳбат мегузаронанд. Аз ин рӯ, сохтани карера барои зани ҳиҷобӣ дар Тоҷикистон корест душвор.

“Албатта, роҳ сӯи муваффақият тавассути қолабвораҳои дар ҷомеа шаклгирифта душвор буд, аммо тавонистам онҳоро тай намоям. Новобаста аз он ки чӣ эътиқоде доред ва аз кадом дин пайравӣ мекунед, бояд инсон бошед…”,-мегӯяд ӯ.

Имрӯз мушкилиҳо рафъ шуда ва Лола Насриддинова ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”-ро сарварӣ мекунад, ки ба садҳо тифли гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ ғамхорӣ менамояд. Хонум Насриддинова яке аз аввалин нафароне дар Тоҷикистон буд, ки ба волидони кӯдакони гирифтори аутизм дасти кумак дароз кард, то фарзандони онҳо низ таълим бигиранд ва рушд кунанд. Падари Лола мусалмон ва модараш масеҳӣ буданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеч гоҳ одамонеро, ки муроҷиат мекунанд, аз рӯи эътиқодот ва пайравӣ ба кадом дине ҷудо накардааст. Дар навбати аввал, барои ӯ инсон будан, имкони ёрӣ расонидан ба онҳое ки ба кумак ниёз доранд, муҳим аст. Барои хидматҳояш Лола барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар гардидааст.

Нақши ҳамсари Лола – Фазлиддин Насриддинов барои ба муваффақият расидани ӯ бузург аст. Фазлиддин аз қадамҳои аввали завҷааш дар ин роҳ ёд меорад:

[quote class=”c”]“Албатта, осон набуд, аммо ҳамеша мегуфтам, ки бояд ба пеш ҳаракат кунӣ. Ҳар вақт, душворие пеш меомад, таъкид менамудам, ки бояд сабр кард”.[/quote]

Дар Тоҷикистон теъдоди занҳое ки ба мушкилот, қолабвора, фишорҳо аз ҷониби ҷомеа, вазъи душвори зиндагӣ нигоҳ накарда, дар бахши тиҷорати хурду миёна муваффақ шудаанд, кам нест. Занҳое мисли Лола намунае ҳастанд, ки пайравӣ аз мазҳабу таълим барои рушд ва фаъолияти меҳнатӣ мушкил пеш намеорад. Баръакс, онҳо худро нерӯманд, боҳуш, дӯстдоштанӣ ва ташаббускор эҳсос мекунанд.

Нафиса Имронова. Акс аз саҳифаи шахсиаш аз Facebook.com аст.
Нафиса Имронова. Акс аз саҳифаи шахсиаш аз Facebook.com аст.

Нафиса Имронова аз равияи исмоилии Ислом пайравӣ мекунад. Мансубияти динӣ ҳеч гоҳ барои дар фаъолияти касбӣ—санъати муд муваффақ шуданаш ба вай халал нарасондааст.

“Дар ҷомеаи мо зани муваффақ ё  «Business Lady» будан душвор аст, аммо ин бахш дар хориҷ метавонад муаррифгари хубе барои шумо бошад Баъзеҳо мегӯянд, зан бояд муваффақ бошад, қисме бар ин назаранд, ки бояд дар хона биншинад, аммо интихоб бояд дар дасти худи занҳо бошад”,-таъкид мекунад ӯ.

Оғози фасли баҳор ҷадвали кори Нафиса мураккаб аст. Дар арафаи ҷашнҳои баҳорӣ талабот ба либоси миллии дӯхтаи ӯ зиёд мешавад. Муштариёни асосии вай, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои дипломатӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар ҳастанд.

Бо вуҷуди ҷавонӣ – ӯ 29 сол дорад, яке аз тарроҳони муваффақи муд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Оғози соли 2020 дар Париж барои навоварӣ дар технологияи “сӯзанӣ” ва “зардузӣ” соҳиби ҷоизаи UNESCO гардид.

Дар қатори 35 тарроҳи муд аз Аврупо, Осиё ва кишварҳои арабӣ коллексияи “Наврӯз”-и худро муаррифӣ кард. Нафиса умедвор аст, ки дар рӯзҳои ҷашнҳои баҳорӣ метавонад натиҷаи меҳнати худро дар тани ҳар зани муваффақ бубинад.

Аз суҳбат бо қаҳрамонҳои мо бармеояд, ки мансубияти динӣ дар роҳи рушд ва муваффақияти касбии занҳо монеасоз нест. Шояд ҳатто он як бартарӣ бошад, зеро дар ҳолатҳои мушкил ва таҷрибаҳои зиндагӣ бар иловаи хонавода эътиқод ҳамеша ҳамроҳашон аст.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: