Мурғоб. Ҷойе ки зинда мондан маънои мубориза ва муқовимат бо сахтарин шароити зиндагиро дорад. Аммо ҳатто чунин шароити сахт монеъ нашудааст, ки мардум одату анъанаҳои гузаштаҳои худро идома бидиҳанд.
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Ин мард Ҳабибулло Термечекови 74-сола мебошад. Ӯ қирғизтабори зодаи Мурғоб аст. 50 сол қабл суннати роиҷ дар ин минтақаро шикаст ва бо ҷавондухтари тоҷики бадахшӣ хонадор шуд. Ҳабибулло баъди хидмати аскарӣ ба Мурғоб баргашт ва баъдан барои пайдо кардани кор ба шаҳри Хоруғ, ки хоҳараш онҷо мезист, рафт. Ҳамонҷо бо Муборакхотун Назармамадова шинос шуд ва тасмим гирифтанд бо ҳам издивоҷ карда, ба Мурғоб баргарданд.
[slider source=”media: 3930,3929,3928″ limit=”10″ width=”500″ height=”260″ title=”no”]Ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баландии 3612 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Он на танҳо ҳамчун баландтарин ноҳияи мардумнишини Шӯравии пешин, ки 28% ҳудуди Тоҷикистонро дар бар мегирад, машҳур аст, балки як минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон мебошад, ки дар марзи муштарак бо Чину Қирғизистон мавқеият дорад ва сокинонаш мардумони тоҷику қирғизанд. Маҳз ин ҷо дар баландии 4655 метр ағба (гардана)-ҳои Кутезак, Қулма ва Оқбайтал ҷойгиранд. Ҳамаи ин, ҳамроҳ бо олами нодири ҳайвоноту наботот минтақаро яке аз ҷолибтарин хатсайрҳои гардишгарии ҷаҳон мекунад. Ин минтақа, ки дар масофаи 1000 километр аз Душанбе ва 320 километр аз Хоруғ ҷойгир аст, ҳамчунин бо иқлими ғайриодии худ – 50 дараҷаи зери сифр дар зимистон ва 40 дараҷа гармӣ дар тобистон, таваҷҷуҳро ҷалб мекунад.
Сардии шадид ва баландии зиёд аз сатҳи баҳр заминҳои беканори Мурғобро барои кишоварзӣ номусоид карда, сокинони онро маҷбур ба чорводорӣ, парвариши хашгов(қутос)-у гӯсфанд намудааст. Мурғоб ҳамчунин дорои конҳои бузурги маъдан аст, ки ба гуфти донишмандон дар сурати истифодаи дурусти онҳо метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон такони бузурге бидиҳад. Аммо ҷазоббиҳои ҷуғрофиёӣ ва мардумии Мурғоб бо ин тамом намешавад.
Яке аз таҷрибаҳои нодири Мурғоб зиндагии муштараки мусолиматомези ду қавм – тоҷику қирғиз бо доштани ду мазҳаби гуногуни Ислом аст, ки қарнҳо дар канори ҳам дур аз баҳсу низоъ ва хушунатҳои мазҳабиву қавмӣ ба сар мебаранд. Ба фарқ аз минтақаҳои дигари марзӣ, ки омилҳои қавмиву ҷуғрофиёӣ сабаби сар задани низову мухолифатҳо миёну тоҷикону қирғизҳо мешаванд, ин ҷо хӯрдафарҳангҳо (субкултура)-и диниву қавмӣ умдатан бо ҳамзистии ҷудогона ташаккул меёбанд ва гоҳе ҳам бо ҳам омезиш дидаанд.
Хонаводаи Ҳабибулло ва Муборакхотун яке аз таҷрибаҳои нодири омезиш дидани ин қавму мазҳаб аст. Фарзандони ин хонавода аз падари қирғизи сунниву модари тоҷики исмоилӣ аз нигоҳи қавмӣ ҳувияти қирғизӣ доранду аз нигоҳи динӣ пайравони тариқати исмоилияи мазҳаби аҳли ташаъюанд ва забони хонаводагияшон шуғнист:
“5 писар ва ду духтар дорам. Ман суннӣ ҳастам ва дар як рӯз панҷ маротиба ба масҷид меравам. Фарзандонам роҳи модари худро интихоб кардаанд. Ман онҳоро маҷбур намекунам. Кадом роҳеро, ки мехоҳанд, бигзор интихоб кунанд, дар ин кор маҷбур намекунам. Набояд чунин бошад. Худованд ҳам барои интихоб маҷбур намекунад. Дар хонавода бо забони помирӣ суҳбат мекунем”,-мегӯяд Термечеков.
[note note_color=”#e7e7e7″]Ноҳияи Мурғоб бо 17 ҳазор ҷамъият камаҳолитарин ноҳияи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шароити сахти зиндагӣ ва минтақаи баландкӯҳ боис шудааст, ки ноҳия аз нигоҳи иқтисодӣ чандон рушд накунад. Давомнокии умр инҷо маъмулан аз 55 то 65-солро дар бар мегирад.[/note]Тоҷикон асосан дар маркази Мурғоб ва қисме ҳам дар ҷамоати Аличур дар канори қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Аз 13 мактаб танҳо яктои он тоҷикӣ ва боқимонда қирғизиянд. Тоҷикони Мурғоб бештар аз 2000 нафар буда, умдатан аз дигар манотиқи Бадахшон ин ҷо омадаанд ва аслан исмоилимазҳабанд.
Ба гуфтаи ҳам мақомоти масъули ноҳия ва ҳам халифаву имом-хатибҳо, ин ду мардум, дар ин ҷо дур аз баҳсу талошҳои мазҳабӣ дар канори ҳам зиндагии осоишта доранд. Ёқуб Ёқубов, халифаи пайравони тариқати исмоилия дар ин ноҳия мегӯяд, аз соли 1973 ин ҷо зиндагӣ мекунад ва шоҳиди ҳеч низову мухолифати мазҳабӣ нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо бемамониат ва берун аз қайду шарти қавмиву мазҳабӣ дар маросимҳои хурсандиву азодории ҳамдигар ширкат мекунанд.
“Дар байни мо рафту омад ҳаст. Ба маросимҳои якдигарӣ меоему меравем. Ин хел гапҳо набудааст, ки ту қирғиз ҳастиву ту тоҷик. Ман пештар ронанда будам ва кӯчи онҳоро мекашондам. Ҳар ҷо ки вақти намоз мешуд, бо шеваи худ намоз мехондам, онҳо бо шеваи худ. Ин гапҳо набуд, ки ту чӣ тур намоз мехонӣ”.
Намешавад гуфт, ки ин минтақа аз ҳад мазҳабӣ аст. Мардуми Мурғоб мегӯянд, баҳси мазҳаб дар миёни онҳо чандон доғ нест. Аз ҷумла, ин марди 73-солаи қирғиз Мамадибргаим Саидназаров мегӯяд, дар гузашта паҳлавон буд ва дӯстони зиёде дар миёни тоҷикон дорад ва бемамониат дар маросимҳои якдигар ширкат мекунанд.
“Дар мо моҷароҳо намешаванд. Мо тоҷикону қирғизҳо мардуми меҳнатдӯст ҳастем. Мушкилотро якҷоя ҳал мекунем. Тафриқаандозӣ нест, ки ту қирғиз ва ё тоҷик ҳастӣ. Ҳатто дар оинҳои динӣ ҳам мушкил надорем. Мо зиндагии маъмулӣ дорем”,-мегӯяд Саидназаров.
Хушназар Ошуров, сокини дигари Мурғоб, ки аз соли 1970 дар ин ҷо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, мактаби миёнаро хатм карду баъди донишгоҳ дар ноҳияи Ҷайҳун муаллим шуд, вале замони ҷанги шаҳрвандӣ дубора ба ноҳия баргашт.
“Аз кӯдакӣ то кунун дӯстона зиндагӣ мекунем ва ҳатто муҳите надоштем, ки дар бораи душманӣ бо якдигар фикр кунем. Мо ба онҳо кордор нестем ва онҳо ба мо кор намегиранд. Дар бораи мазҳабу дин баҳс надорем. Мо ҳама дар дини исломем. Ба ҳамдигар чӣ зидият дошта метавонем?! Таълимоти дини Ислом як аст, ҳам дар мазҳаби мо ва ҳам дар онҳо”,-таъкид мекунад Хушназар.
Ҳарчанд мардумони қирғиз дар ин ҷо то кунун суннати қабилаии худро нигоҳ доштаанду оромгоҳи қабилаӣ доранд, вале дар Мурғоб таҷрибаи қабристонҳои муштарак ҳам вуҷуд дорад.
Никоҳи муштарак миёни тоҷикону қирғизҳо дар Мурғоб зиёд маъмул нест. Вале агар чунин ҳолат ба вуқӯъ пайвандад, он бо ризоияти тарафҳо сурат мегирад.
Ҳабибулло Термечиков мегӯяд, вақте дар Хоруғ бо ҳамсараш дилбасту хонадор шуд, хешу табори ду тараф ба ин издивоҷ розӣ буданд.
“Хонаи амакам дар Хоруғ ҳамсояи апаи ин кас буд. Ҳамин хел ҳамдигарро дидему шинос шудем ва тӯй кардем, мегӯяд ҳамсари ӯ Муборакхотун Назармамадова. – Ҳамроҳ бо хушдоманам зиндагӣ мекардем, маро нағз қабул кард ва ҳамеша насиҳат мекард. Маро ҳеч вақт нагуфтанд, ки биё намози моро бихон. Вақте ман намозро ёд гирифтам, ҳамеша онро тибқи мазҳаби худ мехондам”.
Хушназар ҳам мегӯяд, дар хонаводаи онҳо зани бародараш қирғиз асту ҳоло дар Душанбе хушбахтона зиндагӣ мекунанд, чанд сол пеш яке аз наздикони дигарашон ҳам бо духтари қирғиз издивоҷ кард, ҳарчанд дар аввал падари духтар каме норозӣ буд.
“Дар аввал падари духтар каме норозӣ буд, аммо бародарҳои духтар дастгирӣ намуданд ва падарашро розӣ карданд. Духтар бо хости худ ба шавҳар баромад”,-мегӯяд Хушназар.
Вақте чунин хонаводаҳои муштарак бунёд мешаванд, маросимҳои тӯй ҳам вобаста ба расму оини ҳар ду мардум баргузор мешавад. Тӯйи амаки Ҳабибуло баёнгари ин аст — онҳо ҳам тӯйи комсомолӣ карданду ҳам помириву ҳам қирғизӣ. Ба гуфти Хушназар ҳам чанд сол пеш арӯс туйи худро қирғизӣ баргузор карду домод бадахшонӣ.
Ба гуфти халифа Ёқуб Ёқубов, мазҳаби исмоилӣ дар равобити хешутаборӣ бо дигар мазоҳиб мамониат намегузорад.
“Мазҳаби исмоилия духтар додану духтар гирифтан аз дигар мазҳабу нажодҳоро манъ намекунад. Ман се-чор хонаводаро медонам, ки аз қирғизҳо зан гирифтаанд ва ё баръакс. Маросими никоҳи яке аз чунин хонаводаҳоро худам анҷом додам”,-мегӯяд Ёқубов.
Баҳром Қодиров, мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ноҳияи Мурғоб ҳам мегӯяд, дар ноҳия мушкили мазҳабиву қавмӣ миёни сокинони ноҳия вуҷуд надорад: “То ҷое ки ёд дорам нест ва набудаст, ки дар масъалаи мазҳабӣ ё дигару дигар низоъ ба вуҷуд омада бошад”.
Орумгул Кидирова, муовини сармуҳаррири нашрияи ҳукумати ноҳия – “Сари-кол”, баъди хатми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ дар Душанбе ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ мегӯяд, бо тақозои касб миёни мардум зиёд меравад, вале ҳамеша мебинад, ки омили мазҳаб сабаб нашудааст, ки дар равобиту дӯстии мардум тафриқа эҷод кунад.
“Дар Мурғоб намояндагони ду миллат зиндагӣ мекунанд. Мо қирғизу тоҷик гуфта, ҳамдигарро ҷудо намекунем ва бо ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазирӣ зиндагиро пеш мебарем. Дар ҳама идораву муассисаҳо намояндаҳои ҳар ду миллат муштарак кор мекунем”,-меафзояд Орумгул Кидирова.
Вақте аз Мурғоб ба Хоруғ бармегаштем, дар ағбаи Кутезак барфи зиёд мошини моро аз роҳ берун андохт ва он аз ҳаракат бозмонд. Сокинони маҳаллӣ ба сардии 22 дараҷа ва масофаи тӯлонӣ нигоҳ накарда, ба ёрии мо шитофтанд. Ин ҳолат, моро бори дигар шоҳиди меҳрубонии бепоён, самимият ва некхоҳии сокинони ин минтақаи дурдаст кард. Ва бори дигар мутмаин шудем, ки гуногунии қавмӣ ва мазҳабӣ сарвати бебаҳои кишвари мо мебошад.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Субот дар Осиёи Миёна аз тариқи муколимаи озодона» нивишта шудааст.