© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR Tajikistan: Дидору муколамаҳо бо фаъолони ноҳияи Ванҷи ВМКБ

 IWPR Tajikistan ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи занҳо ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ванҷи ВМКБ дидору гуфтугӯ карданд.

Встреча с активистами Ванчского района. Фото: CABAR.asia
Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Ванҷ. Акс аз CABAR.asia

Дар ин мулоқот, ки 2 октябр баргузор шуд, сабабҳои аслии афзоиши таҳаммулнопазирии динӣ ва пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои мухталифи экстремистӣ ва террористӣ баҳсу баррасӣ шуданд.

Коршиносони IWPR, бо фаъолони ноҳияи Ванҷ дар мавриди таҳаммулпазирӣ ва зарурати тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтироми интихоби дигарон суҳбат карданд. 

Иштирокдорони мулоқот мушкилоти аслиеро ба баррасӣ гирифтанд, ки ба андешаи онҳо сабаб мешаванд, то ҷавонон ба гуруҳҳои мухталифи экстремистӣ ва террористӣ пайваст шаванд. 

Фаъолони ҷомеа иқдомотеро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ таҳия карданд. Акс аз CABAR.asia

Мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ, сатҳи поини дониш, норасоӣ ё адами курсҳои забономӯзӣ, машғулиятҳои гуногун вобаста ба шавқу завқи кӯдакон ва набудани таълимоти динӣаз шумори мушкилоте унвон шуд, ки ҳалли он метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расонад.   

Фото: CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Фаъолони ноҳияи Ванҷ ба гуруҳҳо тақсим шуда, амалҳо ва иқдомотеро пешниҳод ва таҳия  карданд, ки метавонад вазъиятро дар самти ҷилавгирӣ ва муқобила  бо афзоиши мизони ифротгароӣ миёни ҷавонон беҳтар созад.  Мушкили аслӣ дар ноҳияи Ванҷ нарасидан ё адами ҷойи корӣ аст. Фаъолони ноҳия ба ин хулоса расиданд, ки бо истифода аз захираҳои маҳаллӣ мешавад ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дод.   

Акс аз CABAR.asia

Барои мисол, таъсис додани корхони истифодаи регҳои мармар, корхонаи омода кардани хишт, корхонаи мумфаршбарорӣ, сехи коркарди чӯб ва сехи омода кардани маҳсулоти чӯбӣ, сехи коркарди чарм, сехи консервбарорӣ ва сехи коркард ва интиқоли меваҳо ба бозорҳои дигар…

Фото: CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Аснои коркарди тавсияҳо худи фаъолон хеле хурсанд буданд, ки бо истифода аз захираҳои маҳаллӣ чӣ қадар ҷойҳои зиёди корӣ таъсис додан имкон пазир аст.

Сокинон аз ин ки имкони таъсиси чӣ қадар ҷойҳои корӣ мавҷуд аст, хурсанд шуданд. Акс аз CABAR.asia

Мулоқот ва гуфтугӯҳои IWPR дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” баргузор мешаванд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: