© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Яғнобиҳо чӣ ҳолу ҳавое доранд? Гузориш аз минтақаи душворгузари Тоҷикистон 

Водии Яғноб беморхона надорад, мактаб бошад, танҳо барои синфҳои ибтидоӣ аст. Моҳи октябр аллакай роҳҳо дар банди барф мемонанд ва ним соли оянда иртибот бо ин минтақа гусаста мешавад. Инҷо яғнобиҳо зиндагӣ мекунанд – одамоне ки забони Ирони қадимро ҳифз кардаанд… 


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Субҳи барвақт ба соҳили дарёи рустои Пискони водии Яғноб рафтем. Ин ҳангом садои занеро шунидем, ки писарашро фарёд мекард.

-Эй, Суғдмеҳр, дар куҷоӣ? Аллакай дер шуд, чорпоёнро ба чарогоҳ бубар.

Писарбачае, ки тақрибан 10-12 сол дошт, ба модар ҷавоб дод:

-Ҳозир…

Баъди бо оби сарди куҳӣ шӯстани дасту рӯ, роҳи манзиламонро пеш гирифтем. Аснои бозгашт Суғдмеҳрро дидем, ки чӯби дарозе дар даст чанд гову гӯсфандро сӯи чарогоҳ мебурд.

Каме поинтар модари ӯро дидем, ки барои овардани об мерафт.

-Холаҷон, писаратон ба мактаб дер намемонад? – пурсид яке аз ҳамроҳони мо.

-Вай аллакай мактабро хатм кард, ҳоло дигар коре надорад, – посух дод зан.

-Ӯ ҳоло кӯдак аст, чӣ тавр мактабро хатм кард?

В долине Ягноба есть школы только с 4-летним языком обучения. Фото: CABAR.asia
Дар водии Яғноб танҳо мактабҳои 4-сола мавҷуданд. Акс аз CABAR.asia

-Мебинам, ки шумо аз ин ҷойҳо нестед ва намедонед, ки дар деҳаи мо ва деҳаҳои ҳамсоя танҳо мактабҳои чорсола ҳастанд.

Бобои Суғдмеҳр – Иноятулло Атовуллоеви 84-сола, ки мо меҳмонаш будем, гуфт, ин мушкил тамоми сокинони деҳаро нигарон кардааст.

-Дар ин дара ҳамагӣ ҳафт мактаб аст, аммо танҳо як мактаб бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз шудааст. Мактабҳои дигар шароит надоранд, дарсҳо дар хонаҳо мегузаранд. Ин дар ҳоле ки дар аҳди Шӯравӣ дар водии Яғноб дар мактабҳо то синфи 10 таҳсил мекарданд, – гуфт Атовуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳар кас ки имкон дорад, пас аз хатми синфи чор фарзандонашро ба ҷойе, ки мактабҳои миёна мавҷуд аст, мебаранд.

-Аммо бештари сокинони рустоҳои Яғноб чунин имконро надоранд, – афзуд Атовуллоев.

Набудани мактабҳои миёна ягона мушкили дараи Яғноб нест.

-Дар инҷо на танҳо беморхона, балки бунгоҳи муосири тиббӣ ҳам нест. Мо намедонем беморон, махсусан, занҳои дуҷонро ба куҷо барем. Зимистон вазъ боз сангинтар мешавад, – шикоят кард Атовуллоев.

Табиати водии Яғноб. Акс аз CABAR.asia

Набераи Атовуллоев аллакай ду моҳ мешавад, ки бемор аст, аммо волидон бо далели роҳҳои душворгузар наметавонанд ӯро барои табобат бубаранд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар дараи Яғноб вақт бозистодааст, – гуфт дар идома пирамарди 84-сола.

Иноятулло Атовуллоев ҳамроҳ бо ҳамсар, фарзандону набераҳо дар рустои Пискони дараи Яғноб зиндагӣ мекунад. Соли 1970 хонаводаи ӯро ҳамроҳ бо дигар сокинони ин дара бо як қарори ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ ба ноҳияи Зафаробод кӯч доданд. Аммо онҷо барои зиндагӣ шароити мусоид фароҳам набуд ва билохира муҳаббат ба зодгоҳ ғалаба кард. Соли 1978 Атовуллоев пинҳонӣ ба рустои аҷдодонаш баргашт. Ҳоло ҳамроҳи ӯ дар ин деҳа боз 7 хонаводаи дигар зиндагӣ мекунанд.

Инзивои зимистонӣ ним сол тӯл мекашад

Деҳае ки бобои Иноятулло онҷо зиндагӣ мекунад тақрибан дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Роҳ аз маркази ноҳияи Айнӣ то Пискон ҳудуди 150 км масофа дорад. Дар пайи фарсудагиҳои шадиди роҳу пулҳо, ҳеч кафолате нест, ки мошин то назди дарвозаи бобои Иноятулло бирасад.

Уже в октябре дороги в долину Ягноб перекрываются. Фото: CABAR.asia.ru
Аллакай дар моҳи октябр роҳҳо ба водии Яғноб баста мешаванд. Аксҳо аз CABAR.asia

Аз ин рӯ, ин хонавода пиёда ва ё бо хар соле як ё ду маротиба аз марказ барои зимистон маҳсулоти ниёзи аввалия оварда, захира мекунад. Аллакай дар моҳи октябр дара шоҳиди барфрезӣ мешавад: роҳҳо банд шуда, касе наметавонад ба ҷойе биравад. Танҳо бо захираҳо мешавад то моҳи майи соли оянда зиндагиро пеш бурд. 

Дар ин дара мағоза ва маркази савдо нест. Танҳо дар рустои Анзоб мағоза ҳаст, аммо барои онҷо расидан 50-60 километрро бояд пиёда ё савора тай кард.

Сокинони ин дара асосан орд, равған, шакар ва биринҷ захира мекунанд. Маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ ҳамин ҷо омода мешаванд.

Яғнобиҳо солҳои ахир асосан аз ҳисоби чорвопарварӣ ва заминдорӣ зиндагии худро пеш мебаранд. Ба гуфтаи Атовуллоев, дар гузашта ин ҷо гандум ҳам кишт мекарданд. Онро дар осиёи обӣ, ки ҳанӯз вуҷуд дорад, орд мекарданд. Аммо солҳои ахир сокинон ба картошкапарварӣ бартарӣ медиҳанд. 

Куҳҳо – ҳамчун ҳисори табиӣ

Дараи Яғноб дар баландии 2500-3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Инҷо дарёчаҳои куҳӣ, маъданҳои зеризаминӣ ва табиати нотакрор дорад. Забоншиноси тоҷик Сайфиддин Мирзозода вобаста ба забон ва фарҳанги ин мардум чанд китоб иншо кардааст, ки “Забони яғнобӣ” ва “Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ” аз ҷумлаи онҳоянд. Ба гуфтаи ӯ, яғнобиҳо “ворисони қадимтарин тамаддуни суғдӣ” мебошанд, ки аз тарси ҳуҷуми арабҳо ба ин маконҳо паноҳ бурдаанд.  

[quote]“Маҳз куҳҳо, ки барои душман дастнорас ва душворгузар буд, суғдиҳоро аз бадбахтӣ ва фоҷеа наҷот доданд”, – менависад Мирзозода. [/quote]

Яғнобшиноси дигар, номзади илмҳои филологӣ Баҳриддин Ализода мегӯяд, дар мавриди ба ин ҷойҳо кӯчидани яғнобиҳо асосан қиссаҳои шифоҳӣ то замони мо расидаанд; манбаъҳои муайяни илмӣ мавҷуд нестанд. 

Аммо бо такя ба пажуҳише, ки дар маркази омӯзиши забони яғнобии назди Институти забонҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом шудааст, Ализода гуфт, вақте шоҳи Панҷакент Деваштич дар мубориза бо арабҳо шикаст хӯрд, тамоми афроди ғайри қобили ҷанг – солмандону кӯдаконро ба болои Зарафшон – ҳозира ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи куҳӣ, инчунин дараи Яғноб, равон кард. Яъне, инҳо нафароне ҳастанд, ки соли 722-723 аз арабҳои истилогар ба ин ҷойҳои касногузар гурехтаанд.   

“Қиссаи дигари мардумӣ бошад, мегӯяд, вақте Деваштич дар Қалъаи Муғ паноҳ бурд, мардумонашро ба се минтақа – Фалғар (ноҳияи Айнии имрӯза), Масчоҳи Куҳӣ ва Яғноб фиристод ва онҳо онҷо муқим шуданд. Ин фарзия ба ҳақиқат нисбатан наздиктар аст, зеро аввалин нуқтаҳои аҳолинишин дар Яғноб 1300 сол қабл пайдо шудаанд, ки ба истилои арабҳо рост меояд”, – таъкид намуд Ализода.   

Карта сел долины Ягноб, в том числе заброшенных: Изготовлена по заказу CABAR.asia
Харитаи деҳаҳои водии Яғноб: Бо супориш CABAR.asia дар асоси маълумотҳои Сайфиддин Мирзозода сохта шудааст

Қабл аз кӯчбандиҳо, дар солҳои 60-и асри гузашта, дар Яғноб 32 русто буд, ки онҷо ҳудуди чор ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Ҳоло, ба гуфтаи Мирзозода иттилои расмӣ дар мавриди аҳолии Яғноб мавҷуд нест. Аммо бар пояи пажуҳиши Мирзозода, феълан 18 деҳаи Яғноб каму беш хуб нигоҳдорӣ мешавад ва онҷо наздики 65 хонавода, дар маҷмӯъ ҳудуди 400 нафар зиндагӣ мекунанд. Да ҳар русто аз як то 8-10 оила ба сар мебарад. Деҳаҳои дигар ба оромгоҳи беодам шабоҳат доранд ва роҳи онҳо касногузар шудааст. Деҳаҳо дар ду дара мавҷуданд, ки масофаи миёни аввалӣ – “Хишортов” то охирӣ “Кирёнте” тақрибан 100 километрро ташкил медиҳад. 

Баҳриддин Ализода ишора кард, ки ӯ ҳам дар анҷом додани ин пажуҳиш иштирок кардааст ва онҳо ҳамроҳ бо Мирзозода, ҳамчун корманди Маркази омӯзиши забони яғнобӣ феҳристи сокинони рустоҳои дараи Яғнобро тартиб дода буданд.

Кӯч доданҳои иҷборӣ дар аҳди Шӯравӣ

Бино ба гуфтаи Сайфиддин Мирзозода, моҳи марти соли 1970 сокинони дара бо чархболҳо иҷборан ба ноҳияи Зафаробод кӯч дода шуданд. Ҳамагӣ дар макони нав 3194 сокини Яғноб ҷой дода шуданд. Дар ин бора ӯ бо истинод ба рӯйхати сокинони кӯчдодашудаи Яғноб, ки дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Тоҷикистон мавҷуд аст, дар китоби “Забони яғнобӣ” иттилоъ додааст.

Ба иттилои вай, баъзе яғнобиҳо дар пайи амри раҳбарони онвақтаи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ хонаводаҳои худро қаблан ба Душанбе ва ноҳияҳои Ҳисору Варзоб овардаанд.

Вай дар китоби зикршуда мегӯяд, он замон дар маъмурияти ноҳияи Айнӣ далели кӯч додани аҳолиро ба шароити бади зиндагӣ дар ин дара рабт додаанд.

Аммо худи Иноятулло Атовуллоев бар ин аст, ки онҳо ҳамчун нерӯи корӣ барои майдонҳои пахта кӯч дода шуданд ва мақомот тасмим дошт дараро ба чарогоҳ табдил диҳад. Атовуллоев гуфт, баъди кӯч додан, бештари аҳолӣ ба иқлими гарм мутобиқ нашуда, ба ҳалокат расиданд.

Яғнобшинос Баҳриддин Ализода, низ бар ин аст, ки он солҳо ноҳияи Зафаробод ба неруи корӣ эҳтиёҷ дошт.

Ӯ факти ҳалокати афроди зиёд дар пайи мутобиқ нашудан ба иқлими навро ҳам тасдиқ намуд.

Ализода мегӯяд, кӯч додани яғнобиҳо ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ дошт.

“Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ мусбат буд, аммо аз нуқтаи назари ҳифзи забон ва фарҳанг – манфӣ”, – гуфт ӯ.

Соли 1978, ба иттилои Атовуллоев як қисмат аз яғнобиҳо пинҳонӣ бо истифодаи роҳҳои куҳӣ ба заминҳои аҷдодии худ баргаштанд.

Ба таъкиди Иноятулло Атовуллоеви 84-сола, ду намоянда аз номи сокинони Яғноб ба Маскав рафтанд, то вазъро ба мақомҳои Шӯравӣ шарҳ бидиҳанд. 

Ӯ мегӯяд, баъди ин сафар, амр шуд, то сокинони Яғноб кӯч дода нашаванд, зеро ин амал ба аз байн рафтани ворисони забони суғдӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи вай, баъди ин масъалаи кӯч додани яғнобиҳо аз миён рафт ва бештари сокинон дубора ба рустоҳои хеш баргаштанд. 

Дар Тоҷикистон чӣ қадар яғнобӣ зиндагӣ мекунад?

Карта населенных сел долины Ягноб: Изготовлена по заказу CABAR.asia на основе данных Сайфиддина Мирзозода

Харитаи деҳаҳои аҳолинишин водии Яғноб: Бо супориш CABAR.asia дар асоси маълумотҳои Сайфиддин Мирзозода сохта шудаастБар пояи иттилои дар китоби “Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ”-и яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода омада, ба иловаи дараи Яғноб бархе аз оилаҳои яғнобиҳо дар Душанбе, навоҳии Варзоб, Рӯдакӣ, Ёвон, Шаҳринав, Ҳисор ва Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.   Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои ин китоб, дар Тоҷикистон ҳудуди 1704 хонаводаи яғнобӣ ё 8972 нафар зиндагӣ мекунад.

Карта заброшенных сел долины Ягноб: Изготовлена по заказу CABAR.asia на основе данных Сайфиддина Мирзозода
Харитаи деҳаҳои партофташудаи водии Яғноб: Бо супориш CABAR.asia дар асоси маълумотҳои Сайфиддин Мирзозода сохта шудааст

Аммо танҳо баъзе аз одамони солманд худро яғнобӣ мегӯянд ва бо ин забон суҳбат мекунанд. Насли ҷавон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада, забони аҷдодони худро намедонанд.

Забони яғнобиро дар мактабҳо меомӯхтанд

Забони яғнобӣ яке аз шохаҳои зиндаи забони суғдӣ буда, ба гуруҳи забонҳои эронии шарқӣ шомил мешавад. Бино ба иттилои сомонаи “Энсиклопедияи Ироника”, ин забон ягона ёдгорӣ аз забони суғдӣ буда, онро бештари вақт забони нави суғдӣ мегӯянд.  

Забони суғдӣ яке аз забонҳои эронии миёна буда, то исломишавии минтақа дар асри X дар Суғдиён (шимоли Узбекистон ва Тоҷикистони ҳозира) бо он суҳбат мекардаанд.

Донишманди рус Александр Кун ва тарҷумони тоҷики ӯ – Мирзо Муллоабдураҳмон аз Самарқанд, ҳангоми экпедитсия дар Искандаркӯл дар соли 1870 аввалин нафароне будаанд, ки забони яғнобиро сабт кардаанд. Ба дунбол, як қатор пажуҳишгарони дигар ба омӯзиши яғнобиҳо шурӯъ карда, дар бораи ин мардум ва забони онҳо асару мақолаҳои зиёде навиштаанд.

Ба гуфтаи Мирзозода, яғнобиҳо дар суҳбати байнихудӣ комилан бо забони яғнобӣ ҳарф мезананд, бо забони тоҷикӣ бошад, бо донандаҳои забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Муаллифи ин сатрҳо низ ба ин мутмаин шуд. 

Барои аз нестшавӣ ҳифз кардани забони яғнобӣ Иноятулло Атовуллоеви 84-сола пешниҳод мекунад, ки зодагони Яғноб ба дара баргарданд ва заминҳои аҷдодии худро сабз кунанд. 

“Агар барои муддати тӯлонӣ баргаштанӣ набошанд, пас метавонанд, ки ин ҷо хона бисозанд ва тобистон барои истироҳат биёянд. Ин имкон медиҳад, ки забони яғнобӣ ҳифз шавад ва ҳам фарзандону набераҳои онҳо аққалан медонанд, ки бобоҳояшон бо ин забон ҳарф мезаданд”, – таъкид мекунад Атовуллоев.

Ӯ барои ҳифзи забон боз як пешниҳоди дигар кард – ҷорӣ кардани забони яғнобӣ дар барномаи таълимии мактаббачаҳои Яғноб. 

Китобҳои дарсии забони яғноби ва китоб дар бораи анъанаҳои мардуми Ягноб: Акс аз CABAR.asia

Сайфиддин Мирзозода чандин маротиба дар ин робита ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон нома ирсол кардааст, аммо ҳанӯз ҷавобе нагирифта.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода забони яғнобӣ солҳои 2005-2006 ҳафтае ду маротиба дар мактабҳои дараи Яғноб ва маҳаллаҳои яғнобинишини ноҳияи Зафаробод таълим дода мешудааст.

Китоб ва дигар маводи зарурӣ барои ин фанро худи ӯ таҳия кардааст. Аммо баъдан бо баҳонаи афзоиши музди меҳнат барои омӯзгорони фанҳои дигар, дарси забони яғнобиро аз ҷадвали дарсӣ гирифтаанд.

Мирзозода афзуд, ҳоло Академияи илмҳои Тоҷикистон талош дорад, дар бораи забони яғнобӣ китоб чоп кунад.

“Аммо бидуни дар мактабҳои Яғноб ба роҳ мондани фани омӯзиши забон, ҳифз кардани он ғайриимкон ҳаст. Барои ҳифзи забон бояд забони яғнобӣ дубора ба барномаи таълимии макотиби маҳаллӣ ворид карда шавад”, – андеша дорад яғнобшинос. 

Дар ҳамин ҳол, Мирзозода ба банди 4-и қонун дар бораи забони давлатӣ ишора кард, ки ба зарурати ҳифзи забони яғнобӣ таъкид мешавад.

[note note_color=”#e7e7e7″]Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Моддаи 4. “Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад”.  [/note]

Ба гуфтаи С.Мирзозода, забони яғнобӣ бо дигар гуруҳи забонҳои эронии шарқӣ – помирӣ, осетинӣ ва пашту монандиҳое дорад. Аммо, ин забонҳо монандиҳои камтаре бо забони тоҷикӣ, ки ба гуруҳи забонҳои эронии ғарбӣ шомил мешавад, доранд.     

“Ҳарчанд баъзе калимаҳои забони яғнобӣ ба тоҷикӣ шабоҳат доранд, аммо аз нигоҳи фонетика онҳо аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд. Вале дар маҷмӯъ, ин ду забон бо ҳам низдиканд. Ҳоло калимаҳои зиёди яғнобие ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд. Дар рушди забони тоҷикӣ нақши забонҳои эронии шарқӣ, аз ҷумла яғнобӣ хеле муҳиманд”, – мегӯяд Мирзозода.  

Донишманди тоҷик дар идома таъкид намуд, ки забони яғнобӣ бо забони авастоӣ монандиҳое дорад. Агар забони авастоӣ ба суғдии миёна наздик бошад, пас забони яғнобӣ ба гуруҳи забонҳои нави суғдӣ марбут аст.

-Онҳо, ҳамагӣ аз як реша ҳастанд, аммо дар тӯли қарнҳо ба шохаҳои ҷудогона тақсим шудаанд”, – афзуд ӯ.

Сокинони дараи Яғноб яке аз далелҳои ҳифз шудани забони худро дар мавқеи ҷуғрофӣ – куҳҳои баланду касногузар, медонанд. Ба гуфтаи онҳо, маҳз кӯч доданҳои иҷборӣ роҳро ба сӯи маҳви тадриҷии забон боз кард.

Як мактаби муосир, як ҳамшира ва як милиса…

Школа в ущелье Ягноб. Фото: CABAR.asia
Мактаби муосир дар дараи Ягноб. Акс аз CABAR.asia

Соли 2011 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба водии Яғноб амр дод, дар ҳудуди рустои Анзоб барои фарзандони яғнобиҳо мактаб-интернат бо хобгоҳ бунёд шавад, то тавонанд баъди синфҳои ибтидоӣ таҳсилро идома бидиҳанд. Аммо бо гузашти беш аз 8 сол сохтмони ин муассиса ҳанӯз идома дорад.   

Дар ҳудуди дараи Яғноб як бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он як ҳамшираи шафқат кор мекунад. Бунгоҳи тиббӣ дар бинои филиали мактаби №30-и рустои “Таги Чинор”, ягона мактаби муосир дар ин дара, ки соли 2016 бунёд шуд, қарор дорад.

Дар ин бино, инчунин утоқи нозири минтақавӣ ҷойгир аст.

Дарае, ки масҷид надорад

Ҳоло дар дараи Яғноб ҷойе, ки мусалмонон тавонанд намози панҷвақта ва ё намози ҷумъа, ҳадди аққал дар рӯзҳои иди Рамазон ё Қурбон якҷоя намоз гузоранд, вуҷуд надорад.

Класс в самой современной школе №30 в ущелье Ягноб. Фото: CABAR.asia
Синф дар мактаби муосиртарини рақами 30 дар дараи Яғноб. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи сокини Яғноб Маҳкамбой Асламзода, тамоми сокинони минтақа пайрави дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд.

Дар рустои харобшудаи Сокан мақбараи Хатти Мулло ҳаст, ки яғнобиҳо ҳанӯз онро зиёрат мекунанд.

Ҳамасола аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон афроди зиёде ба дараи Яғноб мераванд. Инчунин аз ин минтақа сайёҳони зиёди хориҷӣ ҳам дидан мекунанд. Онҳо меҳноннавозии сокинони маҳаллиро махсус таъкид мекунанд.   

Яғноб маҳдудияти интиқоли барқро намедонад

Дараи Яғноб аз ҳисоби неругоҳҳои хурди обӣ, ки сокинони маҳаллӣ худашон дуруст кардаанд, пурра бо барқ таъмин аст. Бо шарофати моҳвора, сокинон аз ҷараёни хабарҳо воқиф ҳастанд.

Ба гуфтаи бобои Иноятулло, соли 1996 сокини рустои Пискон – Раҳматхон бо истифодаи қисмҳои мошин неругоҳи хурде сохт, ки манзилашро равшан кард.

“Одамон дар тақлид ба ӯ барои худ неругоҳҳои хурди обӣ сохтанд. Ҳоло дар Яғноб ҳама ҷо чунин неругоҳҳои хурдро мешавад пайдо кард”,- афзуд бобои Иноятулло.

Яғнобиҳо аз “берун” келин ва домод намегиранд

Яке аз махсусиятҳои дигар ин аст, ки яғнобиҳо бо сокинони минтақаҳои дигари кишвар издивоҷ намекунанд. Бобои Иноятулло дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, бо далелии роҳи нохуб, хешовандон наметавонанд аз ҳоли ҳамдигар хабар бигиранд.

“Агар чунин издивоҷҳо анҷом ҳам шаванд, духтарони мо ё келинҳо аз дигар минтақаҳо наметавонанд дар шароити нав зиндагӣ кунанд. Аммо дар гузашта чунин ҳолатҳоро мешуд, ки бо ангушт шумурд”, – таъкид намуд вай.

Тӯй дар Яғноб дар қиёс ба дигар навоҳии Тоҷикистон камхарҷтар аст. Бо далели адами роҳи мошингард домоду келинро зери навои доира ва танбур бо асп ё хар мебаранд.

Наврӯз ва дигар ҷашнҳо дар Яғноб

Ҷашни Наврӯзро дар Яғноб “Сари сол” мегӯянд. Аҳолии қисми сояафкани дараи Яғноб Наврӯзро 10-12 март, сокинони қисми офтобрӯяи он 17-18 март ҷашн мегиранд. Сокинон хӯрокҳои миллӣ – “кочи” (суманак), “далда” ва “кашк” таҳия мекунанд. Ба фарқ аз дигар навоҳӣ, сокинони дара шомгоҳон ғизои таҳиякардаи худро ба ҳамсоя ва наздикон тақсим мекунанд. 

Ғизои фарқкунандаи дараи Яғноб “кашк” мебошад. Тавре холаи Умримоҳ гуфт, гӯшт ва гандуми пусткандаро бирён мекунанд. Баъдан, хуроки нимтайёрро дар кӯза ҷой намуда, рӯи оташи паст мегӯзоранд. Субҳ аллакай “кашк” омода мешавад. То субҳ занҳо бо истифода аз чӯбчаи махсуси “тирак” онро мекобанд, то дар зери зарф начаспад.

Хӯроки шом дар хонаи яғноби. Акс аз CABAR.asia

Яке аз дигар хӯрокҳои хуби маҳаллӣ “чанголӣ” аст, ки аз нони гарм ва равғани доғшуда омода мешавад. Он фурсати зиёдеро талаб намекунад. Яғнобиҳо ин ғизоро барои меҳмонон омода мекунанд.

“Ҳар қадар ки зиндагӣ дар ин дара душвор набошад, бо ҳифзи оташаке дар фонуси хотироти гузаштаҳоямон, зиндагиро инҷо идома медиҳем. Инҷо ватани мо аст, ҷойе ки ба дунё омадаем. Мо ин ҷоро тарк намекунем”, – меафзояд Иноятулло Атовуллоев. 

Бо анҷом додани тамоми корҳо дар рустои Пискон мо онҷоро тарк мекунем. Осмон софу беғубор ва боди форам мевазад. Анҷомҳои худро дар хар бор мекунем ва бо роҳи хароб ба водӣ раҳсипор мешавем.

Дар роҳ Суғдмеҳрро дидем, ки ҳамроҳ бо бачаҳои дигар чорвоёнро мебурданд. Модараш сатил дар даст ӯро интизор буд, то говро бидушад.

Бобои Иноятулло баъди он ки моро гусел кард, сари болини набераи бемораш баргашт.

Зиндагӣ дар дараи Яғноб мисли пешин идома дорад…


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: