Сарқонуни Тоҷикистон озодии эътиқодро кафолат медиҳад.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Шӯлаи марҷумакӣ, тухмбирён, нони гарм ва чойи ширин. Чунин як наҳориро ҳар хоҳишманд метавонад рӯзҳои якшанбе дар калисои православии Душанбе тановул кунад.
Бар илова, афроди саховатманди маҳаллӣ маҳсулоти гуногуни муҳлати нигоҳдориашон тӯлониро ба калисо тақдим мекунанд.
“Ва мо метавонем бастаҳои ҳомили маҳсулотро ба ниёзмандон тақсим кунем. Яъне, маҳсулоти ниёзи аввалия, ки иборат аз равған, ярма ва чой ҳастанд”,-мегӯяд ҳамшираи масеҳӣ Феодосия.
Теъдоди зиёди ниёзмандон, ки намояндагони миллатҳои мухталифанд, сабаби пешниҳоди наҳории ҳарҳафтаина гардид. Акнун ҳоло барои наҳорӣ кардан инҷо ҳудуди 200 нафар меояд.
[note note_color=”#e7e7e7″]Бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон аз мусалмонони суннимазҳаб иборат аст. Инчунин, дар кишвар наздик ба 300 ҳазор исмоилиҳо ба сар мебаранд, ки тақрибан 5 дарсади мусалмононро ташкил медиҳанд. Онҳо асосан дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.[/note]Намояндагони равияҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Бештари онҳо пайравони фирқаҳои гуногуни масеҳӣ мебошанд. Инчунин, ҷамъияти кӯчаки баҳоиҳо, зардуштиҳо ва яҳудиҳо мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 66 иттиҳодияи диннии ғайриисломӣ расман сабти ном шудааст.
Бар иловаи корҳои хайрияи ҳарҳафтаина, аққалиятҳои динӣ тарҳҳои иҷтимоиро амалӣ мекунанд: ноҳияҳои дурдастро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунанд, дар насби ҳаммоми мактабҳо ёрӣ мерасонанд, барои муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти лозим мехаранд ва ба ниёзмандон кумак мерасонанд.
“Ёрӣ ба камбизоатҳо кори дастаҷамъии ҳар кишвари суннатӣ мебошад. Ва мо ҳамроҳ бо динҳои дигар ин корро анҷом медиҳем. Динҳои дигар ҳам барои кумак меоянд”,-мегӯяд ҳамшираи масеҳӣ Феодосия.
Мария, як ҳамшираи масеҳӣ аст, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ дар Италия таҳсил намуда, роҳибаи Сафорати Тахти Муқаддас-Ватикан дар Тоҷикистон гардид.
Католикҳо дар қаламрави кишвар беш аз 40 сол аст, ки зиндагӣ мекунанд. Пайравони аслии калисои хурд, вале бароҳат, ки онҷо ҳамеша мусиқии арғунун садо медиҳад, олмониҳо, русҳо ва тоҷикони русзабон ҳастанд. Рӯзҳои истироҳат ба калисо 30-40 нафар барои ибодат меояд.
Мария мегӯяд, дар кӯчаҳои пойтахт ҳеч гоҳ бадбиниеро эҳсос накардааст, ҳама муносибати дӯстона доранд, аммо калисои онҳо лоиҳаҳои зиёде дорад, ки мутаасифона наметавонанд роҳандозӣ кунанд, зеро қонунҳои Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд.
“Дар маҷмӯъ муносибати одамон хуб аст, на мисли кишварҳои дигар, ки аз бархӯрд бо мусалмонон дар онҳо огаҳӣ дорем. Инҷо хеле амну роҳат аст, ҳеч амали ноҷое мушоҳида намекунем”,-мегӯяд ҳамшираи масеҳӣ Мария, роҳибаи калисои католикӣ.
Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки соли 2009 қабул гардид, баҳсҳои зиёдеро дар пай дошт. Нозирони зиёди байналмилалӣ ин қонунро танқид мекунанд. Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳое қарор дод, ки мақомот ҳуқуқи шаҳрвандон ба ибодатро нақз мекунанд.
Бар асоси ин қонун, тамоми иттиҳодияҳои динӣ ба давлат гузоришдиҳанда ҳастанд ва муваззафанд бо аввалин талаби мақомот тамоми ҳисобот дар мавриди фаъолияташонро пешниҳод кунанд.
Ибодат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, ҳар фарди эътиқодманд ҳаққи ибодат дар чор маконро дорад – масҷид, манзили шахсӣ, қабристон ва зиёратгоҳҳо.
Мавъиза берун аз калисо манъ аст, аммо коршиносон мегӯянд, ин фаъолияти ҷамъиятҳои диниро маҳдуд мекунад.
Ҳусейн Шокиров, корманди Кумитаи дин аз ташкилоти “Шоҳидони яҳво”, ки фаъолияташ соли 2008 дар Тоҷикистон манъ шуд, мисол овард.
Ба гуфтаи Ҳусейн Шокиров ҳоло теъдоди пайравони дини масеҳӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондааст.
“Ташкилотҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ 5 ё 6 нафар аъзо доранд, аммо фаъолияти онҳоро манъ намекунем, то ҳуқуқҳои шаҳрвандиашон нақз нашавад”, – гуфт Шокиров.
Ӯ шарҳ дод, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти динӣ дар ду ҳолат қатъ карда мешавад. Дар ҳолати аввал, худи муассисони ташкилот бо ин ё он сабаб дар бораи қатъи фаъолият тасмим мегиранд. Дар ҳолати дуввум, тасмими қатъи фаъолияти ташкилотҳои динӣ аз ҷониби мақомот дар пайи нақзи қонунгузории Тоҷикистон ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, гирифта мешавад.
Конститутсияи Тоҷикистон интихоби озоди дин ва эътиқодро кафолат медиҳад, аммо дар пасманзари қонуни озодии виҷдон ин чиз мутаноқиз менамояд. Мақомот изҳор медоранд, тамоми ин чораҳо барои ҷилавгирӣ аз тундгароӣ равона шудааст ва ҷиҳати таҳкими муносиботи байнидинӣ бошад, барои тамоми ҷамъиятҳо семинару машғулиятҳои омӯзишӣ ва конфронсҳо баргузор мешаванд.
Якшанбе барои баптистҳо рӯзи вижаест. Калисои масеҳиёни инҷилии баптистӣ дар қаламрави Тоҷикистон умри 90-сола дорад. Аз субҳи барвақт ба Хонаи Ибодати тамоми халқҳо одамони сину сол ва миллати гунонун меоянд.
“Агар ту тоҷик ҳастӣ ва аз масеҳият пайравӣ мекунӣ, пас дар одамон суолҳои зиёде халқ мешавад. Ва албатта, мисли ҳар ҷойи дигар, муносибати касе ба ин чиз манфӣ ва аз касе мусбат ҳаст. Аммо мо ҳамеша ба ин такя мекунем, ки дар кишвари қонунмеҳвар зиндагӣ мекунем ва қонуни озодии виҷдон дорем. Ҳар инсон метавонад дилхоҳ динро пайравӣ кунад ё пайравӣ накунад”,-мегӯяд Комил Абдуллоев, кашиши калони калисои Масехиёни инҷилии баптистӣ.
Даҳ сол қабл ба ин калисоҳо садҳо нафар меомад, рӯзҳои ҷашн бошад, ба қавле “ҷойи поймонӣ” набуд. Аммо бо гузашти солҳо теъдоди ғайримусалмонон коҳиш меёбад, бештари онҳо аз Тоҷикистон мераванд.
Ба ин нигоҳ накарда, баҳоиҳо, исмоилиҳо, католикҳо, православҳо ва дигарон фаъолияти худро идома медиҳанд ва бо гирд омадан дар доираҳои хурд гуногунии динӣ дар кишварро тавсеа мебахшанд.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.