Ба назари коршиносон, бетаваҷҷуҳии мансабдорони масъул ба ёдгориҳои қадимии таърихӣ боиси аз даст рафтани таърихи тоисломии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Дар ҷануби Тоҷикистон деҳае аст, ки Айвоҷ ном дорад. Он дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар минтақаи марзие ҷойгир аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бо ҳам мепайвандад. Деҳаи мазкур аз чанд нигоҳ ҳамто надорад.
Якум, ин ҷанубитарин нуқтаи кишвар аст, ки гармтарин ҳаворо дар тобистон дорад. Ҳамчунин, тавре маълум шуд, тақрибан дар 15-километрии ин деҳа ба тарафи марз силсила ёдгориҳои нодиру қадимӣ ва таърихие ҷойгир ҳастанд, ки то охир омӯхта нашудаанд ва аз байн рафтани онҳо маънои аз даст додани таърихи давраи тоисломии мардуми тоҷикро дорад.
Тадқиқоти мо нишон дод, ки таърихшиносон ва бостоншиносони тоҷик ин ғорҳои беназирро наомӯхтаанд. Шояд дар бораи арзиши таърихии онҳо чизеро намедонанд ё медонанд ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳифзи ёдгориҳо чорае намеандешанд. Бо аз байн рафтани ғорҳо асрори таърихи он минтақа низ аз даст хоҳад рафт.
Дар соҳили рости Амударё, дар баландии 30 ё 40 метр аз роҳ 18 ғоре ҷойгир аст, ки монанд ба хонақоҳанд ва ҳудуди 100 метр ҷойро гирифтаанд.
Ғорҳо 5 метр дур аз ҳамдигар ҷойгиранд. Баъзе аз онҳо аллакай валангор ва тақрибан бо замин яксон шудаанд. Дар солҳои 70-уми асри гузашта тавассути болои ин ғорҳо роҳи оҳани Амузанг-Бохтар бунёд карда шудааст, ки то ҳол дар он қатора ҳаракат мекунад. Вале бо вуҷуди вазни сангини қатораҳо бештари ғорҳои мазкур ҳанӯз ҳам пойдоранд.
Бештари ин ғорҳо аз се ҳуҷраи васеи дорои фарши мураббау сақфи гирд иборат ҳастанд. Масоҳати бузургтарин ҳуҷраи онҳо тақрибан 6 ба 3 метр буда, баландии сақфҳо аз 2 метр кам нест. Дар рӯбарӯи дари ҳуҷраҳо маконҳое монанд ба меҳроб дида мешавад. Дар баъзе аз ҳуҷраҳо суфаҳое бо баландии 50 см низ ҳаст, ки метавон болояшон нишаст ё хоб рафт. Дар сақфи ду ҳуҷра тасвири салиб ҳаст, ки тақрибан 5 метр дарозӣ доранд. Дар девори ҳуҷраҳо кандакориҳое низ шудааст.
Вақте моҳи октябри соли 2019 мо ба онҷо рафтем, атроф ҳама биёбон буд, вале зарфҳои плостикӣ ва партовҳое низ дида мешуд, ки аз рафтани одамон ба он минтақа, ба эҳтимоли зиёд чупонҳо дарак медод. Аз мавҷуд будани чунин ғорҳо шумори ками сокинон хабар доранд ва онҳо ин ғорҳоро Ҳаждаҳхона ё Ҳаҷдаҳғора меноманд. Вале дар бораи таърихашон касе чизеро намедонад. Ин минтақа дар наздикии дидбонгоҳи марзӣ ҷойгир ва рафтан ба онҷо манъ аст. [slider source=”media:3445,3459,3458,3457,3456,3455,3454,3453,3452,3451,3450,3448,3447,3446,3445″ limit=”10″ width=”500″ height=”260″ title=”no”]
Диққати моро тасвири салибҳое ҷалб кард, ки дар сақфи ғорҳо дида мешавад ва хостем, муайян созем, ки онҳо чи гуна ёдгорӣ ҳастанд ва чаро мардум дар бораашон маълумоти кам доранд.
Ягона тасвири натиҷаи бостоншиносие, ки дар ин минтақа анҷом шуда буд, беш аз ним аср пеш ба қайд гирифта шудааст. Тасвири мазкур ҳам кутоҳ буда, то ба ҳол касе аз доираҳои илмии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир накардааст ва мақомоти маҳаллӣ низ барои ҳифз ва барқарор сохтани ин ёдгориҳои беназири таърихӣ талоше ҳам намекунанд.
Ба гуфтаи Шералӣ Хоҷаев, номзади илмҳои таърих ва сардори Шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, узви Шӯрои таҳлилгарони ёдгориҳои мероси манқул ва ғайриманқули таърихию фарҳангӣ ва табиии давлатҳои ИДМ, донишмандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта ёдгории таърихии мазкурро ба қайд гирифта буданд. Ӯ гуфт, ин ёдгорӣ на аз 18, балки аз 25 ғори алоҳида иборат аст.
Мутассифона, дар давоми 50 соли ахир дар бораи ғорҳои Айвоҷ ягон матлаби илмӣ бо забони тоҷикӣ навишта нашудааст. Вале дар бораи онҳо дар Интернет матлабҳои зиёде бо забонҳои русӣ, олмонӣ, лаҳистонӣ ва англисӣ пайдо кардан мумкин аст, ки аз таваҷҷуҳи таърихшиносони хориҷӣ ба ин ёдгориҳо дарак медиҳанд. Бештари ин матлабҳо дар асоси пажӯҳиши як гуруҳи бостоншиносон таҳия ва дар солҳои гуногун нашр шудаанд.
Баҳсҳо: масеҳӣ ё буддоӣ?
Дар меъмории ғорҳои Айвоҷ нишонаҳои меъмории динӣ дида мешавад. Донишмандон Хмелнитский ва Атаханов дар матлаби ҳисоботии худ бахшида ба натиҷаи кори гуруҳашон – “Дар бораи кори гуруҳи бостоншиносони Шаҳритус дар солҳои 1968-1970” ба аҳамияти динӣ доштани ёдгорӣ ишора кардаанд.
Донишмандон ва бостоншиносон дар мавриди ба пайравони кадом дин тааллуқ доштани ғорҳо назарҳои гуногун доранд. Як гуруҳи онҳо бар инанд, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёдгориҳои қадимии масеҳиён пайдо карда шудааст ва гуруҳи дигар мегӯянд, ин ғорҳо ба будоиҳо тааллуқ доранд.
“Аз нигоҳи нақша, сохтори дохилӣ ва техникаи сохтмонӣ ин ёдгорӣ пас аз давраи арабу исломӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Меъмории то асрҳои миёнаи араб дар Ховари Миёна, маҷмуаҳои бузурги ғорҳои сунъии машҳур дар ҳама ҷо ба иншооти дайрҳо рабт дода мешаванд” (с. 199). Онҳо ҳангоми тасвири ёдгории ошкоршуда, муқоисаеро низ кардаанд. Яке аз онҳо ишора кардааст, агар ба шаклу сохти салиб назар афканем, он бештар ба нишони русии Георгий монанд аст (с.201).
Айдогдӣ Қурбонов, муаллифи кори “Эфталитиҳо: таҳлили бостоншиносӣ ва таърихӣ” (бо забони лаҳистонӣ) такя ба матлаби мазкур ба масеҳиён ё несторианизм таалуқ доштани ғорҳоро тахмин задааст.
Борис Анатолевич Литвинский, ки ҳамчун бунёдгузори мактаби бостоншиносӣ дар Тоҷикистон машҳур аст, хулосаи муаллифонро дар ҳамон матлаби “Корҳои бостоншиноси…” зери суол қарор дода, навиштааст, ” Т. Атаханов ва С.Г. Хмелнитский дар мавриди рабт доштани ғорҳои Айванҷ ба масеҳиён фарзияи дигареро гуфтаанд. Заифии далелҳои онҳо дар он аст,ки дар матлаб муқоиса ва ҳуҷҷатҳои баргирифташуда аз таҳлили сарчашмаҳои таҷрибаи диниву сохтмонии Масеҳияти шарқӣ оварда нашудааст (с.22-23). Литвинский, Борис Анатолевич.
Бостоншиносон Т. Атаханов ва С.Г.Хмелнитский дар хулосаи матлаби худ навиштаанд, ки “тасдиқ ё такзиби ниҳоии ин фарзия танҳо пас ҳафриёти комили ёдгорӣ ва омӯзиши амиқи минбаъдаи он имкон дорад” (с. 203).
Мушкили таъйини мансубияти динии ин ёдгории нодири қадимии таърихӣ ба иллати омӯхта нашудани асрори он то ба ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондааст.
Мутахассисони тоҷик дар мавриди ба ин ё он дин тааллуқ доштани ёдгорӣ тахмину фарзияҳои дигар доранд.
Турдимурод Очилдиев, омӯзгори фанни таърих ва сокинони ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ин ёдгорӣ аз замони Искандари Мақдунӣ боқӣ мондааст.
“Искандари Мақдунӣ дар асри III пеш аз милод ба сарзамини мо, ки он замон Бохтар ном дошт, ҳамла кард. Салибҳои ғорҳо ба салибҳое, ки дар рамзҳои масеҳӣ тасвир шудаанд, хеле шабоҳат доранд. Ба дурустии ин фарзия шак дорам, зеро дар рамзҳои Искандар салиб мушоҳида нашудааст. Вале ба эҳтимолӣ зиёд, ин ғорҳо баъд аз ҷангҳои Салибӣ боқӣ мондаанд, ки зидди Ислом равона шуда буданд”, – мегӯяд Хайрулло Давлатов, санъатшинос.
Шералӣ Хоҷаев ин ёдгориро ҳамчун чизи “муқаддаси масеҳият” номида, гуфт, он ба давраҳои пеш аз милод тааллуқ дорад.“Ҳангоми тақсимоти Масеҳият як шохаи он аз Сурия ба Бохтари бостонӣ омаданд ва дар соҳили рости рӯдхонаи Амударё, дар баландии тақрибан 40 метр аз рӯдхона ҷойгир шуданд. Ин ғорҳо низ ба руҳониёни ҳамон гуруҳи масеҳиён тааллуқ доранд”, – афзуд ӯ.
“Агар ба аксҳо нигоҳ кунем, онҳо ба рамзу нишонаҳои масеҳият ва буддоия монанданд. Дар давраи Кушон, дар асрҳои I-IV пеш аз милод буддоия ва масеҳият як шуда, навъи фарҳанги омехтае ба вуҷуд омад. Ин ёдгории буддоӣ аст. Он замон ба минтақаи мо равияи маҳаянаи ин дин омада буд”, – изҳор дошт доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Хушвақт Абдуназаров.
Донишманди дигари тоҷик Нуриддин Сайфуллоев, мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, “барои ҷавоби дуруст ба даст овардан аксҳои шуморо бо донишмандони чинӣ тамошо кардем ва онҳо гуфтанд, ки буддоияи давраи қадим низ рамзҳое дошт, ки ба салиб монанд буданд ва он ба шоҳаншоҳии Кушон тааллуқ дорад”.
Ғорҳои Айвоҷ ягона нестанд
Дар ҳамин ҳол раҳбари пешини осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» Сафармоҳ Ятимова гуфт, ба монанди ёдгориҳои Айвоҷ ду ғори дигар низ дар ноҳияи Панҷи ҳаммарз бо Афғонистон, дар соҳили рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст. Ба гуфтаи Ятимова, ӯ соли 2007 ба дидани он ғорҳо рафта буд ва дар сақфи онҳо низ расми салиб дида мешавад.
“Дар деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросон минтақае аст, ки Ҷармасҷид ном дорад. Дар онҷо низ ин гуна ғорҳо ҳаст. Онҳо ҳам меҳроб доранд. Баъди омадани дини Ислом ба минтақаи мо онҳоро ба масҷид табдил доданд. Да шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Сангвор (Тавелдараи пешин) мақбараи ҳазрати Бурх ҳаст ва дар онҷо низ ин навъи ғорҳо мавҷуданд”, – гуфт Х. Абдуназаров. Ба гуфтаи ӯ, одатан ин гуна ғорҳо дар соҳили рӯдхона ва минтақаҳои куҳӣ ҷойгиранд.
Дар вилояти Хатлон ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуд аст, ки пайдоиши динӣ доранд ва бино ба мушоҳидаҳои мо, бештари ин ёдгориҳо ба дини Ислом тааллуқ доранд.
Яке аз меросҳои таърихие, ки ба дини дигар таалуқ дорад, “Аҷинатеппа” – маъбади будоӣ дар асри VII аст, ки дар ноҳияи Вахш ҷойгир мебошад. Он яке аз ёдгориҳои меъмории машҳурест, ки ба феҳристи Осори фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.
Масъулони Идораи фарҳанги Хатлон мегӯянд, дар ҳудуди вилоят 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Аз ин миён 721 тои онҳо ёдгории бостоншиносӣ ҳастанд, ки беш аз нимашон то ҳол пурра омӯхта нашудаанд. Танҳо ҳудуди 20 ёдгорӣ шаҳодатномаи лозимиро доранд.
Ба гуфтаи Шералӣ Хоҷаев, то солҳои 30-уми асри XX аз Қалъаи қадимии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ то шаҳри Кулоб, дар масоҳати тақрибан 30-35 километр 154 ёдгории қадимӣ пайдо карда шуд, вале аз бештари онҳо танҳо харобаҳо боқӣ мондааст. Мутаассифона, то имрӯз шумораи ками онҳо пурра омӯхта шудааст.
Камбуди сармоя
Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” амал мекунад. Барои иҷрои марҳалаи аввали барнома дар солҳои 2012-2015 27 миллиону 215 ҳазор сомонӣ ба марҳалаи дувум дар солҳои 2016-2020 40 миллиону 225 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ин маблағҳо ба барқарорсозии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, з маъбади тоисломӣ, бозсозии 17 ёдгорӣ, барқарорсозии 11 ёдгорӣ, нигаҳдории 8 ёдгорӣ, қисман барқарор сохтани 5 ёдгорӣ ва таъмири 2 ёдгории меъмории дигар дар саросари Тоҷикистон равона шудаанд.
[quote]“Ҳеҷ кас масъулияти таъмини амнияти бостоншиносонро ҳангоми оғози кор дар наздикии хати марз бар зимма намегирад”.[/quote]Бино ба як санади расмӣ аз соли 2019, дақиқтараш замимаи номаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз 26 банди марҳалаи аввали барномаи мазкур 7 тоаш ба иллати норасоии сармоя иҷро нашудаанд.
Аз маблағе, ки барои иҷрои марҳалаи дувуми барнома пешбинӣ шуда буд, тайи солҳои 2016-2018 ҳамагӣ 450 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст, ки 7,7 дарсади маблағи умумиро ташкил медиҳад. Аз миёни мақомотҳои маҳаллӣ танҳо ҳукумати ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд барои иҷрои ин барнома маблағ ҷудо кардааст.
[quote]”Ҳамасола барои 15-16 ковиши бостоншиносӣ ва бозсозии ёдгориҳои таърихӣ ҳудуди 80-90 ҳазор сомонӣ (наздики 8-9 ҳазор доллар) ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин институтҳои бостоншиносии Русия, Олмон, Чин ва кишварҳои дигар низ ба ҳамкорӣ ҷалб мешаванд, вале онҳо харҷҳои молии худро ошкор намесозанд”, – мегӯяд Каримзода Убайдулло Насрулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон.[/quote]Талошҳо барои муайян кардани он ки барномаи мазкури давлатӣ ғорҳои Айванҷро ҳам фаро хоҳад гирифт,ё не, бенатиҷа буданд. Вале бо назардошти ин ки ёдгориҳои мазкур чанде пеш (31.08.2018, № 356) ба феҳристӣ давлатӣ шомил карда шудаанд, дар ҳоли ҳозир бо барқарорсозӣ ва идомаи пажӯҳиши онҳо касе машғул нест.
Шералӣ Хоҷаев гуфт, ёдгории Айвоҷ ба феҳристи ягонаи давлатии ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шаҳритус шомил карда шудааст ва вижагии ин ғорҳо дар он аст, ки ин гуна ёдгорӣ дар ҳеч куҷои дигари минтақа дида намешавад. Вале муатаассифона, дар ҳоли ҳозир ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, дақиқтараш ҷойгир будани ёдгорӣ дар наздикии марзи се кишвар – Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омӯзиш ва барқарорсозии онро мушкил гардондааст.
Ба гуфтаи ӯ, то вазъ дар кишвари ҳамсояи ҷангзада – Афғонистон муътадил нашавад, азсаргирии ковишҳои бостоншиносӣ ва барқарорсозии ғорҳо номумкин аст.
“Ҳеҷ кас масъулияти таъмини амнияти бостоншиносонро ҳангоми оғоз кор дар наздикии хати марз бар зимма намегирад”, – гуфт ӯ.
Вале ба назари мо, инҷо мушкил танҳо таъмини амнияти бостоншиносон дар минтақаи наздимарзӣ нест. Мақомот бештар алоқаманданд ба барқарорсозии ёдгориҳои машҳуртаре дунболи сармоя гарданд, ки ба фарҳанги исломӣ тааллуқ доранд ва сокинони маҳаллӣ низ ба зиёрати онҳо мераванд.
Барои намуна, ибтидои солҳои 2000-ум дар ҳамон ноҳияи Шаҳритус ёдгории исломие барқарор карда шуд. Бар асоси иттилое, ки сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон нашр кардааст, солҳои 2005-2007 ва 2009 дар доираи барномаи махсуси поин бурдани сатҳи оби зеризаминии атрофи Мадраса ва Мақбараи Хоҷа Машҳад (асри IX) дар Шаҳритус, насби қубурҳои заҳбур дар иншооти таърихӣ ва бартарафсозии харобиҳои сохторӣ аз Хазинаи сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (AFCP) 121 ҳазор доллари амрикоӣ сарф карда шудааст.
Маълумот дар бораи онро ки пас аз барқарорсозии ёдгории Хоҷа Машҳад дар давоми 10 соли ахир лоиҳаҳои дигаре барои барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ мавҷуд буданд, ё не натавонистем пайдо кунем.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомотҳои маҳаллӣ метавонистанд барои ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар навоҳии худ талошҳои бештаре анҷом диҳанд.
Ба назари Х. Абдуназаров, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомотҳои маҳаллӣ ба ҳифзи иншоотҳои таърихӣ бештари ёдгориҳои пурарзиши бостоншиносӣ аз байн хоҳанд рафт.
[quote]“Барои бунёди як фурӯшгоҳ ё иншооти дигар мо ҳамаро маҳв месозем. Вале ин ҳама таърих ва тамаддуни мо аст. Агар ин ҳама маҳв шаванд, таърихи мо ҷойҳои сиёҳи зиёде хоҳад дошт”.[/quote]“Бояд дар кишвар ковишҳои бостоншиносиро пурзӯр ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот кард, ки давлати мо тамаддуни қадимӣ дорад. Тибқи Қонуни ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ингуна иншоот бояд ҳифз шавад. Мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ҳангоми бунёди сохтмонҳои нав ё ҷудо кардани қитъаҳои замин бояд коре кунанд, ки ёдгориҳои бостоншиносӣ аз байн нараванд. Дар ҳар ноҳия бояд харитаи иншооти таърихӣ мавҷуд бошад. Мутаассифона, на ҳама ноҳияҳо ингуна харитаро доранд. Вақте ин гуна харита нест, мо ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки чи қадар иншооти пурарзиш маҳву валангор шудаанд. Барои бунёди як фурӯшгоҳ ё иншооти дигар мо ҳамаро маҳв месозем. Вале ин ҳама таърих ва тамаддуни мо аст. Агар ин ҳама маҳв шаванд, таърихи мо ҷойҳои торики зиёде хоҳад дошт”, – афзуд ӯ.
Н. Сайфуллоев мегӯяд, ҳатто дар замони шӯравӣ дар вилояти Хатлон ковишҳои бостоншиносии кофӣ анҷом нашудаанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа ковишҳои хеле каме анҷом шудааст. Дар ноҳияҳои ба монанди Панҷ ва Фархор умуман сурат нагирифтааст.
Ҳамсуҳбатони мо Абдуназаров, Давлатов ва Ятимова дар робита ба ҳифзи ёдгории таърихию меъмории Айванҷ як қатор чораҳоеро пешниҳод карданд:
- Он бо гунбази махсус пӯшонида шавад;
- Коҳиш додани осебҳои аз роҳи оҳан мерасида;
- Таҳияи лоиҳаи ҳифзи минтақа;
- Насби аломатҳои ҳифзкунанда;
- Азсаргирии ковишҳои бостоншиносӣ;
- Ҷалби мутахассисони маъруфи дохилию хориҷӣ барои ҳалли баҳсҳои мансубияти динӣ ва якпорчагии он;
- Таҳияи корҳои илмӣ ва қайди таърихи ёдгории мазкур дар китобҳои таърих.
“Ин макони беназир метавонад, диққати сайёҳон, донишмандон, таърихнигорон ва бостоншиносони зиёдеро аз ҳамаи кишварҳо ҷалб кунад. Агар дастрасии мутахассисони ғарбӣ ва донишмандони сатҳи ҷаҳониро ба омӯзиши ин иншооти беҳамтои таърихӣ фароҳам кунем, он ба омӯзиши мушикофонаи он ва ғанӣ сохтани таърихи мо мусоидат хоҳад кард. Зеро онҳо ҳамаи таҷҳизоти лозимӣ ва манбаъҳои молиро доранд”, – илова кард Хушвақт Абдуназаров.
Бар асоси моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, ки назорати ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангиро пешбинӣ мекунад, мақомотҳои маҳаллӣ вазифадоранд ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангиеро назорат кунанд, ки ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ шомил ҳастанд ва дар панҷ сол як бор бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдории объектҳои мазкур ҳолати онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд. Умедворем, ки барои иҷрои ин моддаи қонун ва дар умум, барои омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии иншооти мазкури таърихӣ даҳсолаҳои дигар лозим нахоҳад шуд.
Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст
Адабиёти иловагӣ
(– О работе Шаартузского археологического отряда в 1968-1970 гг., С.Г. Хмельницкий, Т.М. Атаханов, дар маҷмуаи Археологические работы в Таджикистане, нашри Х (соли 1970), зери назари Б.А. Литвинский, Москва – 1973, с.187-204;
– Между кушанами и арабами, С.Г. Хмельницкий, с.250-254. Ва нашри якуми монографияи он ба забони немисӣ: Zwischen Kuschanen und Araben, с.172-175;
– Пещерный монастырь у Айваджа дар китоби Конструкция и орнамент, С. Г. Хмельницкий, Москва – 2013; (https://www.academia.edu/37642660/Хмельницкий_С._Конструкция_и_орнамент.pdf)
– Культы и ритуалы Кушанской Бактрии. Погребальный обряд, Б.А. Литвинский, А.В. Седов, Москва – 1984, 240 с.; (https://books.google.com.ua/books/about/Культы_и_ритуалы_куша.html?id=CcsitwAACAAJ&redir_esc=y)
– Ефталитите: археологически и исторически анализ (The Hephthalites: archaeological and historical analisis), ба забонҳои полякӣ ва англисӣ, рисолаи докторӣ, Берлин – 2010).