© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Оё сиёсати таҳаммулпазирӣ метавонад дар самти ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар Тоҷикистон абзори муассир бошад?

Низоъҳои чашмрасе дар заминаи кинаву адовати қавмиву динӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо ба мушоҳида нарасидани мушкил ба ин маънӣ нест, ки он умуман вуҷуд надорад. Ин нуктаро Азиз Тимуров, иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар як матлаб таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, сиёсати таҳаммулпазирии дуруст коркарду таҳияшуда метавонад низоъҳои эҳтимолии қавмӣ-динӣ ва минтақаиро нармтар сохта, омили рушди иқтисодии Тоҷикистон бошад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


 Шарҳи мухтасари мақола:

Дар бештари маворид муносибати таҳаммулнопазир ба одамон аз рӯи кадом як аломат дар пайи тасаввуроти ғалат, ки бар асари адами иттилооти комил шакл гирифтааст, ба миён меояд. Дар ин ҳол, доштани таҷрибаи манфии шахсӣ шарт нест, то таассуроти марбута ва муносибат ба одам ташаккул ёбад. Дар ин маврид қабул кардани андешаи аксарият роҳи роҳату осон ба шумор меояд;  

Муколама ҳарчанд инсонро таҳаммулпазир накунад ҳам, вале метавонад суръати шиддатро коҳиш дода, ҳолати вазъиятҳои низоъбарангезро ба ҳадди поин бирасонад;

Сиёсати таҳаммулпазирии хуб андешидашуда метавонад аз низоъҳои эҳтимолии қавмӣ ва динӣ дар оянда ҷилавгирӣ намояд;

Дар иқтисоди муосир арзиши бештари иловагӣ ба маҳсулот не, балки ба идея ва навоварӣ бастагӣ дорад; Рақобат ҳукумат ташвиқ менамояд ва тиҷорат аз сиёсати табъиззо ба сиёсати таҳаммулпазирӣ ва танаввӯъ мегузарад. 

Низоъ вуҷуд надорад ё онҳо назаррас нестанд?

Бархе коршиносон бар инанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон низоъҳои ошкор миёни ҷомеа ва гуруҳҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад, бархӯрдҳои нисбатан хавфноку харобкунандаи байниқавмӣ ва байнидинӣ ё байниминтақаӣ нестанд. Ё чунин низоъҳо нонамоёнанд.   

Чунин як андешаро ҳангоми суҳбат дар мавзӯи низоъҳои байнимазҳабӣ диншинос Рустам Азизӣ таъкид мекунад.[i] Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар ва худи намояндагони аққалиятҳои динӣ изҳор медоранд, ки бо зуҳури таҳаммулнопазирӣ доранд бештар рӯбарӯ мешаванд.[ii]     

Нақзи ҳуқуқ ва озодиҳо, табъизи одамон дар заминаи кадом як аломат зиёд ба вуқӯъ пайваста, аксари маворид хосияти маишӣ дорад, ки дар сатҳи муносиботи уфуқии байни одамон ба миён меоянд. 

Мавриди тазаккур аст, ки муносиботи миёни мақомот ва шаҳрвандро набояд таҳаммулпазирона ё баръакс гуфт, ҳатто агар аз ҷониби давлат нисбат ба шахсиятҳои ҷудогона ва ё гуруҳе, намояндагони аққалиятҳои қавмӣ ва динӣ табъиз ҳам сурат бигирад. Ин бештар мушкили истифодаи принсипи волоияти ҳуқуқ мебошад – принсипе, ки ба баробарии бечунучарои шаҳрвандон ба ҳуқуқ ва озодӣ таъкид мекунад. Хислатномаҳои фардӣ, монанди вазъияти молу мулкиву иҷтимоӣ, ҷинсият, нажод, дин, миллат ва баромади минтақаӣ бояд аз қавсайн берун карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, бояд ба назар гирифт, ки давлат мошини ғайришахсӣ нест, балки созмони мақомоти сиёсиест, ки аз ҳуқуқи қонунӣ ва инҳисорӣ ба хушунат бархӯрдор буда, аммо, ба ҳар сурат, аз одамон таркиб ёфтааст. Одамоне ки низ таҳти таъсири муҳити атроф бо меъёру қолибҳояш қарор дошта, майл ба манфиатҳои шахсӣ доранд ва ҳам метавонанд иштибоҳ содир намоянд. Яке аз мисолҳо метавонад низои сарвари яке аз ҷамоатҳо дар Тоҷикистон бо ҳамдеҳаҳои худ, ки намояндагони ҷамъияти узбекҳо буданд, бошад. Ва додгоҳ ӯро бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо аз озодӣ маҳрум сохт.[iii]   

Бар асоси натиҷаҳои пажуҳиши  Pew Research Center, ки солҳои 2007-2017 анҷом дод, дар ҷаҳон мушкили фишори динӣ аз ҷониби ҳукуматҳо, шахсиятҳои алоҳида ва гуруҳҳо афзоиш меёбад. Чунин як раванд дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад.

Дар ҳоле ки шохиси адовати иҷтимоӣ ва динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз “нақши боризи таҳаммулпазирии ҷомеа ба танаввуи динӣ хабар медиҳад, сиёсати ҳукуматҳо дар муносибат бо дин номутаносиб сол ба сол шадидтар мешавад”,-омадааст дар гузориши Pew Research Center.[iv]

Дар бахши “табъизи гуруҳҳои динӣ аз ҷониби ҳукумат” Тоҷикистон ҳамроҳ бо Узбекистон бо 7,3 имтиёз (аз 10 имтиёзи мавҷуд) дар феҳрасти кишварҳои нақзкунанда қарор гирифтааст. Ба иттилои пажуҳишгарон давоми даҳ сол Тоҷикистон дар ин бахш ҷаҳиши босуръати манфӣ анҷом додааст.[v] 

Бархе намояндагони мақомот мегӯянд, иқдомҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ ба хотири амнияти ҷамъиятӣ ва роҳ надодан ба “таблиғи идеяҳои динӣ” гирифта шудаанд.[vi]

Нигаронии мақомот ва ҷомеаи коршиносӣ аз афзоиши маъруфияти ақоиди муътақидона ва ифротгароёна миёни бархе гуруҳҳои аҳолӣ ҳукуматро водор сохт, тамоми имконоту абзорҳояш: чӣ қудратӣ ва чӣ идеологиро дар мубориза бо ин ҷараён истифода кунад.

Бо он ки дар шумора, қудрати низомӣ ва ҳаҷми васоити молиявӣ аз давлат ақиб мемонанд, пайравони ақоиди экстремистӣ тавонистанд ҳукумати кишварҳо, ҷомеаи расонаӣ ва коршиносиро ба ҳадде тарсонанд, ки ин мушкилот ба рӯзномаи ҳатмии сиёсии имрӯз ворид гардид.

Аммо тазаккур медиҳем, ки пурра нофаҳмост, оё дар ҳақиқат ҳам таҳдид аз сӯи гуруҳҳои ҷудогонаи камшумори ҷонибдори ақоиди тундгароии динӣ чунин бузург аст? Ё аз мо хоҳиш доранд, ки ба он тавассути шишаи калоннамои ВАО, ҳукумат ва коршиносони мустақил бингарем?

Миёни қашшоқӣ, беҳуқуқӣ ва ҷаҳолати динӣ як банде ҳаст, ки ба он ҳамчун сабаби афзоиши маъруфияти идеяҳои ултраконсервативӣ дар ислом таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд ва он мушкилоти иртиботи заифи миёни одамон – намояндагони гуруҳҳо, ҷомеаҳо ва  зерфарҳангҳо (субкултураҳои)-и қавмиву динӣ мебошад. Одамон берун аз ҳудуди гуруҳҳои танги иҷтимоии худ кам бо якдигар иртибот менамоянд ва барои ин талош ҳам надоранд.  

Дар бештари маворид муносибати таҳаммулнопазирӣ ба одамон аз рӯи кадом як аломат дар пайи тасаввуроти ғалат, ки бар асари адами иттилооти кофӣ шакл гирифтааст, ба миён меояд. Дар ин ҳол, доштани таҷрибаи манфии шахсӣ шарт нест, то таассуроти марбута ва муносибат ба одам аз дигар гуруҳи иҷтимоӣ ташаккул ёбад. Баъзан қабул кардани андешаи аксарият роҳи роҳату осон ба шумор меояд.  

Метавон тахмин кард, ки аксари низоъҳо аз он сар мезананд, ки мо муътақидем барои арзёбӣ ва тасмимгирӣ иттилооти кофӣ дар даст дорем, ҳатто агар ин иттилоъ чизе бештар аз қолиб, ривоят ё тарсу ҳаросе набошад. Арзёбиҳои нодуруст, хулосаҳои нодуруст ва муносибати мутобиқ бо бунёди тарҳи минбаъдаи рафтор аз ин ҷо бармеоянд.  

Хабари хуш он аст, ки муошират ҳарчанд инсонро таҳаммулпазир накунад ҳам, вале метавонад суръати шиддатро коҳиш дода, ҳолати вазъиятҳои низоъбарангезро ба ҳадди поин бирасонад. Муоширати зинда ин ҷо аслан ниҳоят муҳим аст. Хабари нохуш он аст, ки вақте дар ҷомеа нобоварӣ ва таҳаммулнопазирӣ меафзояд, муколама душвортар даст медиҳад. Ин ҳолати мушкилест, ки ҳукуматро мебояд онро тавассути сиёсати возеҳи таҳаммулпазирӣ ҳаллу фасл намояд.  

Сиёсати таҳаммулпазирӣ ҳамчун тадбир алайҳи низоъҳои эҳтимолӣ

Таҳаммулпазирӣ аз ибтидо ботаҳаммулии диниро мадди назар дошт, аммо бо мурури замон ин мафҳум маъноҳои дигарро низ ба худ касб кард. Таҳаммулпазирӣ – ин мавқеи фаъоли ахлоқист, на ин ки бар хилофи ақидаи васеъ паҳншуда саҳлангорӣ ё беэътиноӣ, “омода набудан ба “вогузоштан ба ҳоли худ” ё “бигзор чунин бошад”, бо каме бозтоб нисбат ба сабабҳое, ки бар пояи чунин мавқеъ ҷо доранд”.[vii]

Ин қобилияти эътирофи ҳуқуқи фарди дигар барои дигар будан, дигаргуна амал ва фикр кардан ва худдорӣ аз рафтору суханҳое мебошад, ки метавонанд ҳамчун таарруз ба ҳуқуқ, озодӣ, ору номус ва шаъну эътибори одами дигар ё гуруҳи одамон арзёбӣ гарданд.

Таҳаммулпазирӣ ҳамчун сиёсати давлатӣ метавонад дар оянда аз низоъҳои иҷтимоӣ, байниқавмию байнидинӣ ҷилавгирӣ намояд, ки имрӯз маншаъ мегиранд. Аксаран сабаби низоъҳо дар сатҳи равобити иқтисодӣ ва қудратӣ, мубориза миёни гуруҳҳои манфиатҳои мухталиф барои манобеъ ва нуфӯз нуҳуфтааст. Дар давраи буҳрон асоси баръалои низоъ аксаран омилҳое мебошанд, ки дар сатҳ мавқеъ доранд, аммо бо вуҷуди ин сабаби асосӣ намебошанд. Ҳамчун нуқтаи заъф ҳар чизе метавонад хизмат намояд: шаъну эътибори поймолшуда, озорҳои таърихӣ, талоши барқарор кардани адолат, ҷустуҷӯи гунаҳгорон, даъвати раҳбари харизмотик ва ҳатто низоъи муқаррарии маишӣ.

Намояндагони динҳои гуногун дар Душанбе дар фестивали байнидинии “Тоҷикистон хонаи умумии мо”, ки аз сӯи намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мушорикат бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Акс: CABAR.asia
Намояндагони динҳои гуногун дар Душанбе дар фестивали байнидинии “Тоҷикистон хонаи мо”, ки аз сӯи намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мушорикат бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Акс: CABAR.asia

Низоъҳои чашмрасе дар заминаи кинаву адовати қавмиву динӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Аммо ба мушоҳида нарасидани мушкил ба ин маънӣ нест, ки он вуҷуд надорад. Принсипи ҳалли мушкилот бо мурури зуҳури онҳо аз дидгоҳи дарозмуҳлат муассир нест, зеро он ҳалли аломату нишонаҳо, бартарафсозии оқибатҳо, маҳдудсозии афзоиши низоъ ва тибқи имкон барқарорсозии вазъи қаблиро дар назар дорад, на пайдо сохтани сабаби асосии низоъро.  Амалисозии сиёсати таҳаммулпазирӣ чун маҷмӯи тадбирҳо дар сатҳи уфуқӣ (муносибати миёни одамон) ва дар сатҳи амудӣ (ҳукумат – ҷомеа) имкон медиҳад эҳтимолияти ба вуҷуд омадани чунин низоъҳо коҳиш дода шавад. Шарти муҳим: таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба манофеи ҷамъиятӣ ва манбаи қудрат аст, ки агар на ҳама гуруҳҳои манфиатдор, пас аксарияти онҳоро қонеъ намояд.

[quote]Низоъҳои чашмрасе дар заминаи кинаву адовати қавмиву динӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Аммо ба мушоҳида нарасидани мушкил ба ин маънӣ нест, ки он вуҷуд надорад.[/quote]

Қисмати дигари ин сиёсат маҷмӯи чораҳо ва амалкардҳои мунтазаме буда метавонанд, ки иродатмандии мақомотро ҷиҳати ҳамчун иштирокдорони баробарҳуқуқи раванди сиёсӣ матраҳ намудани шаҳрвандони Тоҷикистон – намояндагони аққалиятҳои қавмию динӣ нишон медиҳанд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ба кор бурдани ҷузъҳои табъизи мусбат, лифтҳои иҷтимоӣ барои намояндагони ақалиятҳои қавмию динӣ, имтиёз ва намояндагиҳо дар институтҳои ҳокимият, майдончаи доимӣ барои муколама, намоиши тарафдории оммавии мақомот аз мавқеъгирии худ ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ ва ҳавасмандгардонии ташаббус ва саҳми намояндагони аққаллиятҳо дар рушди кишвар мумкин аст.

Бо истифода аз усулҳои эҷоди сенарияҳои эҳтимолии рушд, тахмин задан мумкин аст, ки ҳангоми ҳифзи мавқеи қаблӣ дар сиёсати динӣ ва қавмӣ, метавонанд манбаъҳои танишҳои шиддатнокӣ ва давомнокиашон гуногун ба вуҷуд биёянд. Бо ибораи дигар, агар вазъи мавҷуд тағйир дода нашавад,он чӣ ки метавонад рух диҳад. Усули эҷоди сенарияҳои рушд на талоши пешгӯӣ кардани оянда, балки аниқтараш тарҳбандии вариантҳои зиёди оянда аст.  

Дарки масоили қавмӣ ва динӣ, ҳамчун бахшҳои беш аз ҳама мубталои табъиз ва стигма (тамғабандӣ), инчунин мавҷуд набудани сиёсати мукаммали давлатии зиддитабъизӣ ва қавмию динӣ метавонад аз коркарди нокофии ин мушкилот аз ҷониби ҳукумат шаҳодат бидиҳад.  

Дар бораи сиёсати қавмӣ сухан ронда «ҷомеаи коршиносӣ ва сохторҳои давлатӣ ба эҳтимоли зиёд муҳимияти ин мушкилотро намебинанд, балки имкон дорад онро ҳамчун мушкилот ҳам қабул надоранд. Аммо ҳамзамон дар кишвар сиёсати қавмии возеҳ тарҳрезишудае мавҷуд набуда, онро фақат фармон, изҳорот ва лоиҳаҳои ҷудогона иваз менамоянд».[viii] Камбудиҳо дар кор бо ақалиятҳои қавмӣ-динӣ метавонанд барои низоъҳои нав шароит фароҳам оранд, масалан, дар ВМКБ.

Баҳси ҳудудӣ бо Қирғизистон метавонад ба афзоиши руҳияи зиддиқирғизӣ ва зиддитоҷикӣ дар ҳарду ҷониби марз таккон бахшад. Масъалаи марзии ҳалношуда, инчунин, рақобати аҳолии таҳҷоӣ барои даст ёфтан ба манбаъҳои маҳдуди обию заминӣ дар минтақа барои афзоиши таҳаммулнопазирӣ ва адоват миёни шаҳрвандони ду кишвар шароити мусоид фароҳам мекунад.

Ин вазъ баъзе сиёсатмадорону коршиносонро ба баёнияҳои популистӣ ва ура-ватандӯстона водор намуда, наметавонад ба коҳиши шиддат мусоидат намояд.

Имконияти афзоиши ақидаҳои чинбадбинӣ, ки вақтҳои ахир дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, ташвиши ҷиддиро ба бор меорад. Руҳияи зиддихитойӣ айни замон дар муқоиса бо Қирғизистони ҳамсоя ва Қазоқистон дар Тоҷикистон он қадар ҳам қавӣ нест.[ix]

Чанд омиле мавҷуданд, ки метавонанд ба афзоиши чунин чинбадбинӣ мусоидат намоянд. Миёни онҳо нигаронии аҳолӣ ва ҷомеаи академикӣ аз: афзоиши вобастагии иқтисодӣ ва эҳтимол сиёсӣ аз Чин[x], афзоиши худшиносии динии шаҳрвандони ҷавони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва хашми онҳо аз тангсозии мусалмонон дар НМСУ, дараҷаи воридшавии ҶМЧ ба минтақа мебошанд. Ҳатто хабарҳои фейкӣ низ метавонанд ба афзоиши руҳияҳои зиддихитойӣ ва изтиробангез мусоидат созанд.

Ҷанбаи иқтисодии сиёсати таҳаммулпазирӣ

Таҳаммулпазирӣ дар баробари иқтисоди бозорӣ, тиҷорати озод, соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ яке аз арзишҳои либеролӣ ба шумор меравад. Дар гузашта либеролизми классикӣ бо арзиши сиёсӣ гардидан дар Ғарб онро боло бурд.

Ҳатто кишварҳои ғайриғарбӣ – Ҷопони муосир, Ҷумҳурии Куриё бо фарҳанги коллективӣ ва иерархиашон бо шарофати сиёсати либеролӣ, бозорӣ ба рушду шукуфоӣ расиданд.

Чини авторитарӣ бо шарофати ислоҳоти либеролӣ дар иқтисодиёт, ки охирҳои солҳои 1970 шуруъ гардид, иқтисодиёти дуюми ҷаҳон гардид.[xi] Таърихи 200 соли охири рушди ҷомеаҳои нисбатан рушдкардаи иқтисодӣ бо либеролизми гоҳ-гоҳ майл ба сӯи идеяҳои сотсиалистӣ дошта иртибот дорад. Аммо “набояд иштибоҳ гирифт – на инсоният аст, ки тағйир ёфт, ин иқтисод буд, ки тағйироти либеролӣ талаб дошт, то муассир гардад, инсоният бошад, бо дили нохоҳам ва бо сустӣ ба талаботҳои он гузашт мекард”. [xii]

Айни замон технология ва илм имкон медиҳанд бе истифодаи нерӯи зиёди инсонӣ низ неъматҳои иқтисодӣ истеҳсол карда шаванд. Истеҳсолоти хизматрасониҳо нисбат ба истеҳсолоти маҳсулот фоидаи бузургтар меорад, ангораи пойафзоли варзишӣ бошад, аз худи пойафзол қиматтар аст. Барои иқтисодиёти муосир идея муҳимтар аст, на дастони корӣ. Дар оянда ин тамоюл танҳо рӯ ба афзоиш аст.

Идеяҳо ва навовариҳо – омилҳои асосии рақобатпазирии одам дар бозори меҳнат аст. Аммо, “истеъдод миёни миллатҳо, динҳо, гиройишҳои ҷинсӣ, афзалиятҳои сиёсӣ баробар тақсим шудааст. Табъизи ҳар гуруҳе иқтисодиётро аз ҳиссаи истеъдодҳо маҳрум месозад – ва ҷойи табъизро дар идеологияи Аврупо ва ИМА-и дирӯз консервативӣ таҳаммулпазирӣ ишғол намуд”. [xiii]

Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ таҳаммулпазирӣ барои истифодаи муассири сармояи инсонӣ шароит фароҳам меоварад. Дар бозори байналмилалии меҳнат таҳаммулпазир будан, яъне бархурдорӣ аз малакаест, ки барои рақобатпазирӣ кумак мекунад ва имкон медиҳад муассир ва бидуни низоъ бо одамони зиёд ва фардияти онҳо ҳамкорӣ карда шавад.

Одамони боақл ва навовар, ки табъиз ё муносибати таҳаммулнопазирро эҳсос мекунанд ё муҳоҷират мекунанд ё наметавонанд зарфияти худро амалӣ намоянд. Ҷомеи таҳаммулпазириаш нисбатан камтар ба ҷомеаи таҳаммулпазиртар мағлуб мешавад ва дар натиҷа дуюмӣ захираи боарзиши инсониро соҳиб мегардад.   

Хулосаҳои мухтасар

Нақзи ҳуқуқу озодиҳо, табъизи одамон аз рӯи ягон аломате зуд-зуд рух медиҳад ва асосан хусусияти маишӣ дорад, ки дар сатҳи муносибатҳои уфуқии байни одамон ба амал меояд.

Иртибототи заиф миёни одамон – намояндагони гуруҳҳои қавмию динӣ, ҷомеаҳо ва зерфарҳангҳо (субкултураҳо) барои рушди муносиботи таҳаммулнопазирона дар ҷомеа муҳити созгоре мебошад. Одамон ба қадри кофӣ ҳамдигарро хуб намедонанд.

Дар Тоҷикистон корбурди муваффақонаи сиёсати таҳаммулпазирӣ метавонад низоъҳои эҳтимолии қавмӣ-динӣ ва минтақаиро агар ҷилавгирӣ ҳам насозад, пас лоақал шиддат ва низоъҳоро миёни одамон, миёни гуруҳҳои қавмию динӣ ва минтақаӣ нармтар кунад.   

Таҳаммулпазирӣ малакаи зарурӣ дар ҷаҳони глобалӣ барои ҳамзистии рақобатпазир ва бемуноқиша, ҳамкорӣ дар хонаи худ ва дар хориҷа мебошад.

Тавсияҳо

Бояд аз фикри ғалате, ки таҳаммулпазирӣ идеяи либеролии Ғарб ва ба арзишҳои анъанавӣ бегона мебошад, раҳо шуд. Ин абзори муассир оид ба ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар ҷомеа мебошад.

Барои наздикшавӣ ва муоширати зиндаи миёни гуруҳҳои минтақаӣ, қавмӣ ва динӣ мусоидат намудан зарур аст.

Ҳамчун чораҳои техникӣ барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ба кор бурдани ҷузъҳои табъизи мусбат, фаъолгардонии лифтҳои иҷтимоӣ барои намояндагони ақалиятҳои қавмию динӣ, пешниҳоди квота ва намояндагиҳо дар институтҳои ҳокимият мумкин аст.

Майдончаи доимамалкунанда барои муколама дар сатҳи уфуқӣ таъсис бояд дод.

Давлат бояд худро ҳамчун шарики баробарҳуқуқ муаррифӣ намояд, ки ташаббусҳо ва саҳми шаҳрвандони ҷумҳурӣ – намояндагони ақалиятҳои қавмию диниро дар рушди кишвар дастгирӣ мекунад.  


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR – “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.


[i] Толерантность в Таджикистане: немусульмане жалуются, власти не видят проблем, эксперты говорят об угрозах. // URL: https://cabar.asia/ru/tolerantnost-v-tadzhikistane-nemusulmane-zhaluyutsya-vlasti-ne-vidyat-problem-eksperty-govoryat-ob-ugrozah/  

[ii] Толерантность в Таджикистане: немусульмане жалуются, власти не видят проблем, эксперты говорят об угрозах. // URL: https://cabar.asia/ru/tolerantnost-v-tadzhikistane-nemusulmane-zhaluyutsya-vlasti-ne-vidyat-problem-eksperty-govoryat-ob-ugrozah/  

[iii] Fergana, Главу села в Таджикистане приговорили к лишению свободы за национализм. //URL: https://www.fergana.agency/news/109370/

[iv] CAA Network, Религию притесняют, религиозное насилие растет. Исследование Pew Research Centre. // URL: https://caa-network.org/archives/17655

[v] CAA Network, Религию притесняют, религиозное насилие растет. Исследование Pew Research Centre. // URL: https://caa-network.org/archives/17655

[vi] Таджикской студентке запретили носить хиджаб. // URL: http://news.bbc.co.uk/hi/russian/international/newsid_6895000/6895965.stm

[vii] Хейвуд Э., Либерализм, толерантность и разнообразие. // URL: https://andrewheywood.jimdo.com/articles/  

[viii] Буриев М., Единство все – разнообразие вторично? Особенности и упущения этнической политики в Таджикистане. // URL: https://cabar.asia/ru/edinstvo-vse-raznoobrazie-vtorichno-osobennosti-i-upushheniya-etnicheskoj-politiki-v-tadzhikistane/#  

[ix] [ix] Кыргызстан и Казахстан: новая волна антикитайских настроений. // URL: https://cabar.asia/ru/kyrgyzstan-i-kazahstan-novaya-volna-antikitajskih-nastroenij/

[x] Муллоджанов П., Китайско-таджикские учения в ГБАО: борьба с терроризмом или защита инвестиций КНР в регионе? // URL: https://cabar.asia/ru/kitajsko-tadzhikskie-ucheniya-v-gbao-borba-s-terrorizmom-ili-zashhita-investitsij-knr-v-regione/  

[xi] Коуз Р., Ван Н., Как Китай стал капиталистическим. Новое издательство, 2016 – 386с. // URL: http://old.inliberty.ru/library

[xii] Мовчан А., Спрос на свободу: почему рано хоронить либеральную идею. // URL: https://www.rbc.ru/opinions/politics/09/07/2019/5d2446079a7947e379202408  

[xiii] Мовчан А., Спрос на свободу: почему рано хоронить либеральную идею. // URL: https://www.rbc.ru/opinions/politics/09/07/2019/5d2446079a7947e379202408  

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: