© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Бадахшон: Намояндагони динҳои гуногун пешгирӣ аз терроризмро баррасӣ карданд

Дар маҳаллаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим бештар аз 40 сархатиб ва имомхатиб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, халифаҳои ҷамоати исмоилӣ, намояндагони калисои масеҳӣ ва протестантӣ, олимон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҳукумати кишвар ва созмонҳои  байналмилалӣ  ба манзури муколамаи озод гирд омаданд. Табодули афкор дар мавзўи «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва субот дар ҷомеа» сурат гирифт.


Вохӯрии намояндагони динҳои гуногун дар ноҳияи Ишкошим. Акс аз cabar.asia
Вохӯрии намояндагони динҳои гуногун дар ноҳияи Ишкошим. Акс аз Сabar.asia
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. Акс аз cabar.asia
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. Акс аз Сabar.asia

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдатро омили муҳими низом ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, гуфт, ки дар шароити зиёд шудани гурўҳҳои ифротӣ дар Афғонистон, аз ҷумла минтақаҳои наздик ба марзи Тоҷикистон, таҳдиди хатари экстремизм ва терроризм ба кишвари мо ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ӯ зарурати пурзӯр намудани мубориза ба хотири пешгирӣ аз ин таҳдид, густариш додани тарғиби фарҳанги ваҳдатгароӣ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ақидаи ҳамдигарро амри зарур арзёбӣ кард.

Баротзода, бо интиқод аз пайравии иҷборӣ ба арзишҳои бегонаи фарҳангиву динӣ бо руҷўъ ба изҳори назари олимони аврупоӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон дар замини ҳифзи арзишҳои моваруннаҳрии ҳанафӣ ва исмоилӣ имконияти нодири рушд додани консепияи ваҳдати миллиро доро ҳаст ва бояд аз он истифода кунад.     

Сулаймон Давлатзода, Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз cabar.asia
Сулаймон Давлатзода, Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз Сabar.asia

Сулаймон Давлатзода, Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон баён дошт, ки тибқи  Конститутсия дар кишвар ҳеҷ мафкура ба сифати макураи давлатӣ қарор намегирад ва давлат барои иттиҳодияҳои динӣ имкониятҳои озоди фаъолиятро фароҳам сохтааст. Аммо, “давлат ба хотири суботи ҷомеа вазифадор аст, ки назорат кунад ва назорату танзим маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи диниро надорад”.

Давлатзода, қайд кард, давлат назорат мекунад, ки аз минбарҳои динӣ суйистифода нашавад, низоъҳои мазҳабӣ вуҷуд надошта бошанд. Ў афзуд, ки ҳамаи низоъҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки гурўҳе мегўянд, «мо ҳақем, дигарон ноҳақ». Зарур аст, ки ҷомеа дар рўҳияи таҳаммулгароӣ тарбия ёбад ва муносибати созандаи давлат бо дин таъмин бошад.

56 нафар аз ВМКБ ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастанд

Носир Нафасбеков, намояндаи прокуратураи вилоят дар баромадаш зикр кард, ки 56 сокинони вилоят, ки 52 нафар аз ноҳияи Ванҷ ва 4 нафар аз ноҳияи Дарвоз ба узвияти гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ки аз байн 4 нафар занон низ мебошанд. Аксари ин афрод дар муҳоҷирати меҳнатӣ “мағзшўӣ шуда”, ба узвияти ҳизб ва ҳаракатҳои мамнўъ ҷалб шуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон. Акс аз Сabar.asia
Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон. Акс аз Сabar.asia

Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон иброз дошт, ки ба «хотири кайк, пўстинро набояд оташ зад». Вай нерўҳои бегонаро муттаҳам кард, ки барои аз байн бурдани се арзиши фарҳангӣ дар ҷомеа талош меварзанд. Инҳо ҳам бошанд, аз байн бурдани эҳтиром ба падару модар, эҳтиром ба ходимони дин ва аз байн бурдани боварӣ ба ҳукумат.

Ба гуфтаи ў Худо дар  Қуръон мусалмононро хирадмандтарин халқи ҷаҳон гуфтааст, вале  дар ҷаҳони ислом ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки мусалмонон таъна мешунаванд ва даъват ба амал овард, ки барои пойдории ваҳдат ниятҳоро нек ва қалбҳоро пок доштану  дурандешиву хайрхоҳиро аз даст надодан лозим аст.

Парвонаи Фаррухзод, намояндаи Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ мавзўи зарурати ҳифзи ҳамгироӣ ва ваҳдати пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилии Осиёи Миёнаро матраҳ намуд. Вай ваҳдат дар гуногунандешӣ асоси ҳамгироии адёни мухталиф арзёбӣ намуда, гуфт: ихтилофҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, ихтилофи ҷузъӣ байни пайравони ҳанафӣ ва шофеӣ, ки баъдан ба авҷи худ расид, яке аз сабабҳое буд, ки муғулҳо  Осиёи  Миёнаро ба зудӣ ишғол карданд.

Ў иброз дошт, ки давлати Тоҷикистон озодиҳои динии ақаллиятҳои мазҳабиро таъмин сохтааст ва фаъолияти Маркази исмоилия дар кишвар нишонаи барҷаста муносибати созандаи давлат ба ақалиятҳои мазҳабӣ аст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, сархатиби вилояти Суғд изҳор дошт, ки мардум дар симои роҳбарони динӣ, чӣ ҳанафӣ бошад, чӣ исмоилӣ исломро мебинанд ва роҳбарони динӣ бояд дар рафтору кирдор, муомила бо атрофиён намуна бошанду сухани ваҳдатофар гўянд. – Мо бо маркази исмоилӣ дар шаҳри Хуҷанд муносибати нек дорем ва бо суханони нек ба мардум мефаҳмонем, ки исмоилия чист.

Падари рӯҳони Роман: Наврўзро ҷашни худ медонанд

Намояндаи дини масеҳӣ, падари рӯҳони Роман изҳор дошт, ки калисои православӣ таҷрибаи бойи ҳамкорӣ бо ҳукумат ва иттиҳодияҳои динӣ доранд. Барояш таассуротбахш аст, ки нахустин бор дар ҳайати чунин рўҳониёни мутабар ба Бадахшон сафар кардаст ва дар муколамаи озод ширкат меварзад.

Ў афзуд, барояш тааҷҷубовар аст, як шаҳрванди мусалмон дар Душанбе  зимни сўҳбат гуфтааст, ки Наврўзро иди худ намешуморад. Худи ӯ ва пайравони масеҳиаш дар қатори дигар ҷашну маросимҳо Наврўзро ҷашни худ медонанд ва таҷлили онро нишони эҳтиром ба фарҳанги мардуми тоҷик медонанд.

Марамбек Марамбеков, котиби маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. Акс аз Сabar.asia
Марамбек Марамбеков, котиби маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. Акс аз Сabar.asia

Ба гуфтаи Татъяна Самиева, намояндаи динӣ протестантӣ дар Душанбе, инсонро ҳамон тавре, ки аст қабул кардани инсони дигар  ва  кўшиши тобеъ накардан ба ақидаи худ ваҳдат аст. Ӯ ин ваҳдат ва ҳамгироиро дар ҷараёни нишаст ва сафарҳои намояндагони динҳои гуногунро дар манотиқи Бадахшон шоҳид буд.

Марамбек Марамбеков, котиби маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки  аксарияти динӣ  барои ҳифз ва ҳаёти осоиштаи ақаллиятҳои динӣ масъуланд ва тавре, ки пайравони дини  ҳанафӣ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ барои ҳифзи ақаллиятҳои мазҳабӣ масъуланд ҳамин тавр исмоилиён дар Вилояти Мухтори Бадахшон барои ҳифз ва таъмини ҳаёти осоиштаи бародаронашон-пайравони дигар мазҳабҳо маъсуланд ва имомхатибону халифаҳо бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ дошта бошанд.

Абахон Султонназаров, Директори намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ. Акс аз Сabar.asia
Абахон Султонназаров, Директори намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ. Акс аз Сabar.asia

Вай афзуд, ки мутаасифона ҳанўз дар кишвар адабиёте нашр мешавад, ки хусусияти экстремистӣ дорад ва яке аз чунин китобҳои интишоршударо ном бурд, ки дар он ҳамзистии ислом ва миллат номумкин дониста шудааст.

Абахон Султоназаров, Директори намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ қайд намуд, ки ташкилоти онҳо яке аз пешоҳангони роҳандозии ташаббусҳо дар мавриди пешгирӣ аз хатари терроризм ва экстремизм мебошанд. Чанд соли охир беш аз 200 нафар намояндагони динро ба омўзиш фаро гирифта, ин афрод донишу таҷрибаи гирифтаашонро дар маҳаллҳо ба мардум расонда, дар парвариши рўҳияи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа саҳм мегузоранд.

Муколомаи озод бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо IWPR  ва CABAR asia баргузор шуд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: