Дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон рӯҳониён ва эмом-хатибони масоҷиди панҷвақта мисле, ки миёни ҳам мусобиқа доранд, дар корҳои ободонӣ дар шаҳру навоҳӣ саҳм мегузоранд.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, харидори мошини ёрии таъҷилӣ, роҳсозию обкашонии деҳотӣ бе об масъулияти дигари рӯҳониёни дар ин вилоят шудааст, ки дар аксар навоҳӣ мушоҳида мешавад.
Ин иқдомро коршиносону таҳлилгарон як амали супоришӣ аз сӯи мақомот гуфта, мавзуро ба чолиш кашидаанд, ки эмомхатибон мехоҳанд бо нишон додани саҳми худ дар ҷомеъа мавқеи худро пайдо кунад.
Саҳмгузории онҳо дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик чанд соли пеш бо намоиши видеоҳо аз бадахлоқии чанд нафар бо номи мулло ба шаъни онҳо доғ овард, бастани даҳҳо масҷид дар шаҳру навоҳӣ тарси онҳоро бештар кард.
Усмоналӣ Нуров, эмомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфт, ки аз ҳисоби худаш як мактаберо дар ҷамоати Оқгазаи Ноҳияи Вахш таъмир намудааст, ки харҷаш 100 ҳазор сомонӣ (тақрибан 10,6 ҳазор доллари ИМА) гуфта мешавад.
Аммо ӯ гуфт, ки масҷиди марказии шаҳри Бохтар аз ҳисоби пулҳои ҷаъмшудааш ба ятимону камбизоатон кумакашро мерасонад ва дар ободии шаҳр, аз ҷумла шинондани гулу дарахтон саҳм гузоштаанд.
Ҳукумати ноҳияи Ёвон низ аз иқдоми муллоҳо ва эмомхатибони масоҷиди ноҳия истиқбол кард, онҳо гуфтанд, ки дар корҳои ҷаъмияти саҳмашон назарас будааст.
Танҳо масҷидҳо дар 75 ҳазор сомонӣ (тақрибан 8 ҳазор доллар) барои мактабҳо мизу курси харидорӣ намуда, боз ба миқдори 34 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4 ҳазор доллар) сохтмони ду синфхонаи иловагиро дар назар доранд.
Ҳамсуҳбати мо аз ҳукумати ноҳия гуфт, ки дар назар аст аз ҳисоби эмомхатибон дар ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнов саҳмгузорӣ кунанд, ки мактабе бунёд шавад. Маҳмадюнус Кабут, раиси ноҳияи Панҷ низ гуфт, ки эмомхатибон дар ноҳия дар сохтмони роҳҳои вайроншуда саҳм мегузоранд.
Аз бахши дин ва танзими расму оинҳои ҳукумати вилояти Хатлон гуфтанд, ки иқдоми самгузории рӯҳониёну эмомхатибон ва иттиҳодияҳои динӣ дар вилоят идома дорад, оморӣ миқдори пули сарфкарда дар дасти онҳо нест.
Тибқи маълумоти расмии аз ҳукумати вилоят, ки нуфузаш 4 миллион аст 1734 масҷид ё иттиҳодияҳои дини фаъолият мекунад, ки даҳҳо масҷид ба хотири надоштани ҳуҷҷати расмӣ самти фаъолияташон дигар шудааст. Дар масҷидҳое, ки ғайрирасмӣ гуфтаанд онҳоро ба бунгоҳои тиббӣ, идораи фарҳанг, боғчаю идораҳои ҷамоатҳо кардаанд.
Чанд моҳи пеш имом-хатибон дар ноҳияи Шаҳритус, 120 киламетрии ҷануби Душанбе аз мақомоти ноҳия дастури таъмири ҳайкали Владимир Ленин, пешвои комунистҳоро таъмир кардаанд.
Ин ҳайкал дар маркази ноҳия аз Шӯравӣ гузошта шуда, дар гармию сарди рангаш тира шуда буд ва дасташ шикаста буд. Меҳриниссо Раҷабзода, гуфт, ки эмом-хатибон бо пули садақа ҳайкалро таъмир кардаанд.
Рӯҳониён Владимир Ленинро ба хотири ақидаҳои зиддининияш эътироф намекарданд ва намозгузорони комунистро чандон хуш надоштанд, аммо иқдоми бозсозии ҳайкали доҳии пролетарҳоро коршиносон ташабуси маҷбурӣ мегӯянд.
Як мақоми ҳукумати ноҳияи Шаҳритус низ тасдиқ кард, ки ба рӯҳониён, ки дар сандуқҳои хайрияашон пул доранл гуфтаанд, ки ҳайкалро таъмин кунад.
Рӯҳониёну эмом-хатибон мегӯянд, ки саҳмгузориро ба корҳои ҷаъмиятӣ, аз қабили роҳсозию бунёди бунгоҳои тиббӣ ё харидори намудани мошинҳои ёрии таъҷилиро ба хотири ободонӣ анҷом медиҳанд. Ба дастури худи мақомот аст ё ташабусси худи онҳо тасдиқ ва рад намекунад.
Дар гузашта пули сандуқи хайрияи эмомхатибон танҳо ба ятимону ниёзмандон мерафт, аммо гузоришҳо аз шаҳру навоҳӣ маълум мешавад, ки эмомхатибон дар сохтмонҳои азиме, ки бояд аз пули будуҷа сохта шавад саҳм мегузоранд.
Амонуллоҳи Хатлонӣ, коршинос аз Хатлон мегӯяд, ки мақомот хайрҳои рӯҳониён, эмомхатибону иттиҳодияҳои диниро шикастааст, аммо онҳо аз ин иқдомашон метавонад манфиат дошта бошанд.
“Видеои чанд нафар, ки дар миёни мардуми минтақаи худ маъруф буданд, ҳамчун рӯҳонӣ, эмомхатиб, бо лақаби эшону ҳазрат мешинохтанд сару садои зиёдеро ба миён овард, хусусан видеҳое, ки амалҳои шаҳвонӣ ва навиштани оятҳо дар бадани занон шабакаҳои иҷтимоиро пурбаҳс карда буд. Мақомот аз онҳо гоҳо муллою эшон ва эмомхатиб муарифи мекард, ки мавқеи тамоми рӯҳониён поён рафт, ҳато худи эмомхатибон аз эҳтиёт кор мегирифтанд”, -мегуяд Амонуллоҳи Хатлонӣ.
Сӯҳроби Сафар, коршиноси дигар аз Хатлон гуфт, ки аз иқдоми эмомхатибон пуштибонӣ мекунад, вале бояд мақомот худаш ба сохтмони иншоотҳои расмӣ мисли мактабу бунгоҳӣ тиби даст занад: “Хуб мешуд, ки онҳо мисли пеш ба оилаҳои ниёзманд, ки даромади моли надоранд кумак кунад, худи иттиҳодияҳои динӣ дар гузашта ин корро мекарданд, вале ҳоло бояд ба сохтмони корхонаҳо сохтан саҳм гузоранд.”
Сӯҳроби Сафар мегӯяд, ки рӯҳониён мехоҳанд, ки мавқеи худро дар ҷомеа бештар кунад, чун дар чанд соли ахир онҳо назар ба даҳсоли пеш миёни мардум эътибор надоранд. Ба гуфти коршинос рӯҳониён дар ҷавоби кумакҳо мехоҳанд, ки нуфузи худро бо сохтани мактабу бунгоҳи тиббӣ пайдо кунад, аммо гоҳо онҳоро барои анҷоми ин корро супориш медиҳанд.
Таҳлилгарон мегӯяд, ки даҳҳо масҷид ба хотири ғайрирасмӣ будан баста шуд, ки як навъи ҳушдори мақомот ба эмомхатибону намозгузорон аст, аммо рӯҳониён бастани масҷидҳоро шарҳ намедиҳад.
Кумак ба мардум, аз ҷумла сохтмони мактабҳо аз сӯи муллою эмом-хатибҳо дар ҳолест, ки дар соли 2014 то соли 2016 чандин нафаро, ки аз онҳо муллою эшон ва сархатибу хатиби масҷид бо тахаллусҳои гуногун муарифи мекарданд муносибати ғайриахлоқияшонро расонаӣ карданд, ҳатто ин видеоҳо дар шабакаҳои давлатӣ пахш шуд. Таҳлилгарони Хатлонӣ бар ин назаранд, ки ин намоиш мартабаи рӯҳониёнро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон поён бурд.
Дар Хатлон 561 масҷид самти фаъолияташро дигар кардааст. Дар ин бора аз додситони вилояти Хатлон гуфтанд, ки онҳо ғайрирасмӣ будаанд, ки ба бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва муассисаҳои фарҳангию хаётӣ табдил шудаанд. Ҳоло дар вилояти Хатлон шумораи иттиҳодияҳои дини 1734-то будааст.
Бо ин вуҷуд масҷиду эмомхатибон дар зарабини мақомоти интизомӣ қарор доранд, ҳудуди 10 масҷидеро, ки тамос гирифтем гуфтанд, ки бо дастури мақомот онҳо камераҳоро насб карда, рафти намозгузориро назорат мекунад.
Чанд соли пеш дар ноҳияи Шаҳритус аз миёни намозгузорон афроди шубҳанокро боздошт карда будаанд, дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба расонаҳо хабар дода буданд.
*Ин матлаб дар доираи сил-силагузоришҳои CABAR.asia, ки бо ҳадафи огоҳии ҷомеа аз гуногунии фазои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд, омода шудааст. Муаллифони ин матолиб қасди тарғиби ҳеч дину мазҳаберо надоранд.