© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чолишҳои сиёсӣ дар атрофи зиёрати хонаи Худо

Коршиносон ва руҳониёни тоҷик фатвоҳои уламои машҳури олами исломро оиди зиёрати хонаи Худо шарҳ доданд.


 Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Дар арафаи маросими ҳаҷҷи соли ҷорӣ аз тарафи бархе аз уламои исломӣ даъватҳое барои таҳрими он садо медиҳанд. Ал–Ғариёнӣ, муфтии Либия ва яке аз муҷтаҳидони бузурги исломӣ аз мусулмонони ҷаҳон даъват кардааст, ки мавсими Ҳаҷҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Афзун бар ин Ал-Ғариёнӣ ҳушдор додааст, ки ҳар касе, ки ҳоло ҳаҷ меравад, ба ҷойи савоб гуноҳ мегирад.

Ал–Ғариёнӣ, муфтии Либия. Акс аз libyaakhbar.com

Аммо ин даъват ва фатвои муфтии Либия бо онки дар саросари олами ислом вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст, ба бовари бештари андешамандон ва таҳлилгарон ангеза ва ҷанбаъҳои сиёсӣ дорад. Дар ҳоле, ки анҷоми маросими ҳаҷ яке аз панҷ рукни ислом аст ва дар сурати доштани шароит ва имконот иҷрои он фарз ба ҳисоб меравад.

Бештари ҳамсуҳбатони CABAR.asia эътироф карданд, ки наметавонанд дар мавриди ин масъала, ки ҷиддӣ ва ниҳоят нозук аст изҳори андеша намоянд.

Онҳо гуфтанд, ки донишмандоне амсоли Содиқ Ал-Ғариёнӣ ва Имом Юсуф Ал-Қарзовӣ, ки ӯ ҳам дар соли пеш ҳамчунин фатвоеро содир карда буд, аз муҷтаҳидони бузурги имрӯзианд, ки бидуни мадрак (санад) ва далели қуръонӣ наметавонад ҳамчунин даъват ва фатвое содир бикунанд вале аз тарафи дигар зиёрати хонаи Худо барои бандае, ки зарфияти онро дорост, ҳатмист.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик дар як сӯҳбат бо CABAR.asia гуфт, ки дар воқеъ фатво ва даъвати ҳам муфтии Либия ва ҳам Шайх Қарзовӣ ва бархе аз донишмандони Ал-Азҳари Миср ангеза ва мабдаи сиёсӣ дорад.

Ба гуфтаи Муллоҷонов ин донишмандон аз мавзеъгириҳои сиёсии Арабистони Саудӣ дар баробари бархе аз кишварҳои арабӣ назири Баҳрайн ва Яман дар ин авохир ва ҳамчунин иртиботи ҳасана ва танготангаш бо Исроил ва Амрико ба шиддат норозианд:

“Зиддият миёни Арабистони Саудӣ ва Қатар ба тамоми олами ислом таъсир мекунад. Бархе олимон боварӣ доранд, ки Арабистони Саудӣ  ба таври ғайрирасмӣ бо Исроил ҳамкорӣ мекунад ва дигар тарафдори фаластиниҳо нест. [quote]Карзовӣ ва олимони Ал-Азҳар саудиҳоро шарики Исроил ва сионизм меноманд”.[/quote]

Зимнан Арабистони Саудӣ барои шоҳони имрӯзаи ин кишвар, бад-ин ҷиҳат, ки ҳам Каъбаи мусалмонон ва ҳам қабри пайғамбар дар шаҳри Макка ва Мадина аст як имтиёзи бузурги руҳӣ ва маънавиеро додааст. Мавҷудияти Хонаи Худо-Каъба ва маросими зиёрат аз он боиси обрӯ ва нуфузи Саудӣ дар олами исломӣ аст.

Аммо аз тарафи дигар ин маросим боис ва мунҷар ба даромади бузурги ин кишвар мешавад. Азбаски, меафзояд ҷаноби Муллоҷонов, ба андешаи ин донишмандон, саудиҳо манфиатҳои ҷомеаи исломиро ҳимоят намекунанд, рафтани  мусулмононро ба ҳаҷ дигар раво намеҳисобанд. Ба андешаи онҳо саудиҳо даромади ҳаҷро барои ҷанг ва барангехтани низоъ миёни мусулмонон корбурд мекунанд.

Ал Ғариёнӣ муфтии Либия ҳам ошкоро дар тавҷеҳи даъват ва фатвои худ гуфтааст: “далели аслӣ барои ман барои таҳрими ҳаҷ дар ҳоли ҳозир ин боварам аст, ки Риёз  (пойтахти Арабистони Саудӣ) даромади ҳангуфте аз хидмат ба миллионҳо зоирини мусулмон дарёфт мекунад. Ва ин боиси хариди силоҳ ва идомаи таҷовуз алайҳи Яман мешавад ва ба таври ғайримустақим Сурия, Либия, Тунис, Судон ва Алҷазоир. [quote]Мақомоти Саудӣ ҳамчунон ба ҳимоят аз режимҳои диктаторӣ ва ё неруҳои маҳаллии иртиҷоии (мухолифи пешрафт) худ идома медиҳанд. Пулҳои мо кӯмак мекунад то саудиҳо муртакиби ҷиноят алайҳи бародарони мусалмони мо шаванд”.[/quote]

Ба бовари бархе дигар аз донишмандони тоҷик даъвати нарафтан ба ҳаҷ ва ё таҳрими он дар солҳои қаблӣ ҳам садо дода аст.

Амрулло Низом: бо пули даромад аз ҳаҷ ҳокимони Саудӣ мардумкушӣ мекунанд!

Амрулло Низом – блогери тоҷик, ки дар робита ба умури дин ақида ва андешаҳои худро иброз медорад, гуфт, ки далели даъвати Ал–Ғариёнӣ ин аст, ки раҳбарон ва ҳокимони Саудӣ дар Яман, Либия, Судон, Миср, Тунис ва ғайра аз ҷумла бо пули даромад аз ҳаҷ ва умраи мусалмонон фасодкорӣ ва мардумкушӣ мекунанд.

Ба ин далел набояд зоирони хонаи худо ҳокимони Саудиро дар ин зулму фасод кумак кунанд. Ҳамин блогери тоҷик афзуд,ки соли 2015 бар асари суқути борбардор (кран) дар саҳни ҳарами маккӣ ва марги зоирон байни Эрон ва Саудӣ ихтилоф ва ҷанҷоли тунди лафзие ҳам ба вуқӯъ пайваста буд. Зоирони эронӣ ҳам бар асоси бархе фатвоҳои мароҷеъи (муҷтаҳидоне, ки мардум аз онон дар аҳкоми шаръӣ тақлид кунанд) тақлидашон барои як муддат анҷоми ҳаҷро таҳрим карданд.

Арабистони Саудӣ, ки аз тарафи хонаводаи Малик бин Салмон ва фарзанду набераҳои ӯ  идора шуда як давлати салтанатӣ ва сирфан теократӣ аст ҳамвора барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мешавад. Дар ин кишвар ҳамоно ҳукми қатл дар мазҳари ом ба иҷро дароварда мешавад.

Ҷамол Хошуқҷӣ. Акс аз ozodi.org

Чанде қабл бозрасони СММ ба натиҷа расиданд, ки қатли ваҳшиёнаи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ин хонавода дар сафорати Саудӣ дар Истамбул бо дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди шоҳ рух додааст. Тайи панҷ соли ахир Арабистони Саудӣ,ки бо Яман дар ҳоли ҷанг қарор дорад дар куштори ғайринизомиҳо тавасути бомбҳо муттаҳам мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки солона барои анҷоми маросими ҳаҷ ва зиёрати қабри пайғамбар 2 миллион 300 ҳазор мусалмон сафар мекунад. Ва гуфта мешавад маблағе, ки аз ин ҳисоб ба даст меояд аз 15 то 17 миллиард долларро ташкил медодааст. Барои мисол дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Саудӣ 6 ҳазор зоир сафар мекунад, ки маблағи сафари як ҳоҷӣ наздик ба 4 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад. 

Амрулло Низом, блоггери тоҷик мегӯяд фатвои ин олимони муътабари олами ислом ба Тоҷикистон ҳам  иртибот дорад. Зеро вақте равобити Тоҷикистон ба Эрон тира шуд, Саудӣ талош кард онро тундтар гардонад, чунки Риёз Теҳронро барои худ дар ҷаҳони ислом рақиб меҳисобад. 

 “Агар Саудӣ дар Яману Либия ва дигар кишварҳои арабӣ расман ва ошкоро алайҳи мардуми мусулмон ва донишмандону озодихоҳон муборизаҳои беамон ва мусаллаҳона бибарад ва эътирофи худи сафири Саудӣ дар Тоҷикистон ин кишвар миёни кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангамон Эрон ихтилоф меандозад ва як муддат ба ин ҷараён сармоягузорӣ низ кардааст.

Акнун ки муносиботи Тоҷикистон ва Эрон рӯ ба беҳтар шудан доранд ҳамин ҳоло муносиботи Саудӣ бо Эрон дар яке аз бадтарин марҳилаҳои торихии ду кишвар қарор гирифтааст.

Бомбаборони Яман. Акс аз Рейтер

Бинобар ин ҳеҷ касе кафолат дода наметавонад, ки ба хотири танг кардани мавқеи Эрон дар минтақа ва ба хусус дар Тоҷикистон ҷониби Саудӣ даст ба кадом ҳамоқати (аблаҳӣ) дигаре намезанад.

Албатта қисман бо ҳамон пули мардум Тоҷикистон, ки дар рафти зиёрат ва адои ҳаҷ ва умра дар Саудӣ ҳазина кардаанд”, – мегуяд Амрулло Низом.

Аммо дар ин миён бархе дигар аз таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки Арабистони Саудӣ ба унвони бузургтарини содиркунандаи нафт ва низ мӯҳраи муҳимми минтақа наметавонад ба дунболи манофеи худ набошад. Ин таҳлилгарон муътақиданд, ки ҳамчунин фатвоҳо ҷиҳати коҳиши теъдоди ҳоҷиён ва ҳамин тавр ворид кардани зарари иқтисодӣ ба Саудӣ коромад нестанд.

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик бар ин ақида аст гарчанде сиёсатҳои Саудӣ ба шароити феълии ҷаҳон созгор нест ин кишвар ҳамоно ба дунболи манофеи худ меравад. Ба назар мерасад, ки бо ҳамчунин даъват ва фатвоҳое тавонист рӯи сиёсатҳои ин кишвар ва ба вижа муносиботи он бо ҷаҳони ислом асар гузошт.

[quote]“Агар ҳадаф аз ин гуна даъватҳо таъсир гузоштан рӯи тасмимҳои ин кишвар бошад, фикр намекунам бисёр муассир воқеъ шавад. Зеро Подшоҳии Саудӣ ҳимояти қудратҳои бузурги ғарбӣ, монанди ИМА-ву Конодо ва бозингарони аврупоиро ба ҳамроҳ дорад. Аз сӯи дигар агар ҳадаф асаргузории иқтисодӣ бошад, тавонмандии иқтисодии Саудӣ дар ҳоли ҳозир хеле болост ва ин кор таъсири каме мегузорад”.[/quote]

Ин таҳлилгари тоҷик дар идома илова кард, ки ҳаҷ як фаризаи илоҳӣ аст ва як василаи такмили имону бовар барои мусалмонон  ва маҳрум сохтан аз он кори ботадбире нахоҳад буд.

Домуллои тоҷик: “шоҳони Саудӣ фардо дар назди Худо худашон посух хоҳанд дод”

Дар ҳамин ҳол бархе аз донишмандони динии тоҷик мегуянд,ки масоили эътиқодии мардум аз ҷумла ҳаҷҷ набояд ба абзори сиёсӣ табдил дода шавад.Зеро сиёсӣ шудан ё кардани ҳаҷҷ ё вориди бозиҳои калони минтақаию геполитикӣ кардани ҳаҷҷ хатароти бузурге метавонад дошта бошад.

Як тан аз домуллоҳое, ки розӣ шуд, бидуни бурдани ном суҳбат кунад тасдиқ кард, ки мавзеъгириҳои Саудӣ дар баробари кишварҳое мисли Яман ва Баҳрайн боиси нороҳатии мусалмонон аст.

Ба вижа дар ин авохир, ки ҳам Қатарро зери таҳрим қарор дода, бархе аз кишварҳои арабиро алайҳи он басиҷ кардааст ва ҳам бо Эрон ихтилофоти худро бо такя ба пуштибонии Амрико бештар ба намоиш гузоштааст, мавқеъи Саудӣ мояи нороҳатиҳо ва норизоиятиҳо дар ҷаҳони ислом шудааст.

Зоирони тоҷик дар Макка. Акс аз Sputnik

Аммо афзуд, ки домуллои тоҷик  ҳамаи ин моҷароҳо ва ё ҷараёнот наметавонад ва набояд сади роҳи маросими ҳаҷ, ки ҳукм ва фаризаи илоҳист, бишавад. Вай гуфт, ки ҳаҷ аз аркони ислом ва ва фарзҳои ислом аст ки барои бандаҳои дорои тавон ва қудрат он ногузир аст ва онро наметавонад бандае ба чолиш бикашад.

 ”Ин ҳукми илоҳӣ аст. Онро банда ба баҳс кашидан ҳақ надорад. Он яке аз панҷ асл ва рукни ислом аст. [quote]Агар шоҳони Саудӣ аз ин маблағҳо барои куштори мусалмонҳо истифода кунанд, фардо дар назди Худо худашон посух хоҳанд дод”.[/quote]

Бо ин ҳама қарор аст нахустин ҳайати зоирони хонаи худо аз Тоҷикистон 25 июл парвоз кунанд. Бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар аз ходимони ҷамъиятии ин кишвар имсол ройгон ба зиёрати хонаи худо мушарраф хоҳанд шуд. Таййи даҳ соли ахир корҳои омодагӣ ба маросими ҳаҷ ва тамоми раванди онро танҳо Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: