© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Фаъолони ноҳияи Кушониён роҳҳои ҳалли мушкили ифротгароӣ ва таҳаммулпазирии диниро баррасӣ карданд

Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлони Тоҷикистон, яке аз минтақаҳое, ки дар натиҷаи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё худ ДИИШ (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар) бештар осеб дидааст, 21 августи соли равон сабабу омилҳои ифротгароии ҷавонон ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Дар ин мизи гирд, ки аз сӯи Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар баргузор карда шуд, ҳудуди 50 нафар – намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, омӯзгорон, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, донишҷӯён, бонувони хонашин ва фаъолони дигари ноҳия иштирок доштанд.

Дар оғоз созмондиҳандагони нишаст видеоеро дар бораи модаре намоиш доданд, ки ягона писари худро дар ҷангҳои Сурия аз даст додааст. Тамошои видео нагузошт иштирокдорон бетараф бошанд ва онҳо низ гуфтанд, модарони зиёдеро медонанд, ки дар ҷангҳои барои ҳама номаълум ва бегона фарзандони худро аз даст додаанд.

Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров ва Боғигул Исломова. Акс аз CABAR.asia
Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров ва Боғигул Исломова. Акс аз CABAR.asia

Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров, Боғигул Исломова ва Лола Олимова оид ба таҳаммулпазирии динӣ, қонунҳои танзимкунандаи фаъолиятҳои динӣ ва нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ҳалли мушкили минтақаҳо суҳбат карданд.

Иштирокдорони нишаст дар бораи сабабу омилҳое ҳарф заданд, ки ҷавонони тоҷикро ба сафи созмонҳои мамнуи экстремисть ва террористӣ мебаранд. Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Кушониён, сабаби асосии гароиши ҷавонон ба сафи чунин созмонҳо камбизоатӣ ва вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳияи онҳост.

Ҷавонон дар ҷое кор намекунанд, маконеро ҳам барои машғул шудан бо варзиш надоранд ва ҳамчунин наметавонанд дониши хуб бигиранд. Идеологияи заиф ва надоштани дониши кофии диниву дунявӣ низ аз зумраи сабабҳое шумурда шуданд, ки ҷавононро ба сафи созмонҳои ифроть ва тундрав мебаранд.

Иштирокчиён, ки ба гуруҳҳо тақсим шуда буданд, роҳҳои чи гуна беҳтар кардани вазъи мавҷударо баррасӣ карданд. Онҳо роҳу усули ҳалли мушкили ба миён омадаро барои намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои донорӣ пешниҳод карда, тавсияҳои худро низ дар ин замина ироа намуданд. Ҳамчунин имкониятҳояшонро барои коҳиши ташаннуҷ дар ҷомеаҳои худ баён доштанд.

Ҳамаи гуруҳҳо дар навбати аввал ташкили ҷойҳои кориро пешниҳод карданд, то ҷавонон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия нараванд ва дар кишвари худ тавонанд шуғлеро пайдо кунанд.

Латофат Шукурова, муҳосиби яке аз муассисаҳои давлатии ноҳияи Кушониён пешниҳод кард, ки ба омӯзиши кӯдакон бояд аз замони ба боғча рафтанашон аҳамият дода шавад.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Сокинони ноҳияи Кушониён гуфтанд, дар деҳаҳои онҳо муассисаҳои томактабӣ намерасанд ва барои занону духтарони ноҳия низ давраҳои омӯзишӣ кам ташкил карда мешавад. Онҳо ба намояндагони мақомоти маҳаллӣ пешниҳод карданд, ки ба ташкили давраҳои омӯзишии касбҳои зарурӣ барои ҷавонон ва омӯзонидани онҳо пеш аз рафтан ба муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳи бештар намуда, ҳамчунин бо иштироки шаҳрвандони аз ҷангҳои Сурияву Ироқ баргашта маъракаҳои мубориза бар зидди хушунатгароӣ ва экстремизмро ба роҳ монанд.

Фаъолони ноҳияи Кушониён пешниҳод карданд, ки шумори грантҳо ва қарзҳои боимтиёз барои онҳое афзоиш дода шавад, ки мехоҳанд, бо соҳибкории хурд машғул шаванд. Ҳамчунин бо иштироки фаъолони маъруфи ҷомеаи шаҳрвандӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шавад, то дар деҳаҳо барои падару модарон ва кӯдакон вохӯриҳои омӯзишӣ ташкил кунанд.

Дар ин ноҳия намояндагони динҳои дигар, асосан масеҳиёни православ низ зиндагӣ мекунанд. Вале дар умум сокинон бо онҳо муносибати хуб дошта, расму ойинашонро эҳтиром мекунанд.

Аммо ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, бояд ба дониши динии ҷавонон таваҷҷуҳ ва дар барномаҳои дарсии мактабҳои миёна омӯзиши фаннӣ диншинось шомил карда шавад.

IWPR мизҳои мудавварро дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тариқи муколамаи озод” баргузор мекунад. Мизҳои гирди ҳамсон то ҳол дар ҳафт ноҳияи Тоҷикистон барпо карда шудааст. Интизор меравад, чунин вохӯриҳо бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҳашт ноҳияи дигари кишвар низ ташкил карда шавад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: