Чаро ҷавонон ифротӣ мешаванд? Чаро ба ашкҳои модарону падарон аҳамият надода, барои ҷанг ба кишварҳои бегона мераванд ва ё ба сафи гуруҳҳои экстремистӣ мепайванданд? Волидон дар куҷо иштибоҳ мекунанд ва чӣ гуна мешавад онро ислоҳ кард? Посух ба ин пурсишҳоро ҳамроҳи намоянгии IWPR Tajikistan фаъолон, занон, табибон, омӯзгорон, руҳониён ва кормандони масъули ҳукумати се ноҳияи куҳии Тоҷикистон – Лахш, Дарвоз ва Ишкошим ҷустуҷӯ карданд. Ин се ноҳия дар марзҳои Тоҷикистон ҷойгиранд.
Вохӯриҳои муколамавӣ дар ноҳияи Лахш 17 июл, дар Дарвоз 23 июл ва дар Ишкошим 25 июл баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин мулоқотҳо бештар аз 150 нафар иштирок кард.
Ноҳияи Лахш
Ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дар шимолу шарқи пойтахт, дар минтақаи Рашт ҷойгир аст. Дар шимол он бо вилояти Баткенти Қирғизистон ҳаммарз мебошад.
Беш аз 60 дарсади аҳолии 65 ҳазории ноҳияро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Инҷо шумораи никоҳҳои миёни тоҷикону қирғизҳо хеле зиёд аст. Мушкил ва нофаҳмиҳои ҷиддӣ миёни намояндаҳои ин ду миллат вуҷуд надорад.
17 июл коршиносони IWPR ва сокинони Лахш (58 нафар) дар бораи таҳаммулпазирӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароии хушунатбор суҳбат карданд.
Иштирокдорони ин мулоқот навореро тамошо карданд, ки аз тақдири як хонаводае қисса мекунад, ки ба ҷанги Сурия рафтаанд. Ҷавони тоҷик кушта шуда, ҳамсарашро онҷо ду маротибаи дигар ба шавҳар додаанд. Ҳоло наздикону пайвандон дар мавриди тақдири ӯву 4 тифлаш ҳеч хабаре надоранд.
Фаъолони ноҳияи Лахш дар баррасии ин навори видеоӣ хеле фаъолона иштирок карданд.
Иштирокдорони мулоқот, ки миёнашон омӯзгорон, табибон, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, имом-хатибон, раҳбарони ҷамоатҳо буданд, аз мушоҳидаҳои хеш ва сабабҳои ҷалб шудани ҷавонон ба гуруҳҳои мамнӯъ гуфтанд. Ба гуфтаи онҳо, дар навбати аввал ин ба дониши нокофии диннӣ ва дунявии онҳо бастагӣ дорад.
“Бисёриҳо фирефтаи ваъдаҳои Хилофати исломӣ шуданд, баъзеҳо барои расидан ба роҳи Ҳақ онҷо рафтанд. Аммо ҳамаи ин ҷавонон фиреб хӯрданд. Онҳо на дар ноҳияи мо, балки асосан дар муҳоҷирати корӣ дар Русия мағзшӯӣ шудаанд. Мо таҳлил кардем, ҳамаи онҳое ки рафтаанд, маълумоти кофӣ надоштанд”,-гуфт сардори шӯъбаи муҳоҷирати ҳукумати ноҳия Нақибулло Камолов.
Исломшинос Саидаҳмад Қаландаров аз нақши тарбияи дуруст аз нигоҳи дин суҳбат кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар тамоми адёни ҷаҳон тарбияи инсони комил вазифаи асосӣ маҳсуб мешавад.
“Тарбияи ҷавонон дар се ҷузъи калидӣ асос меёбад: ҷомеа, мактаб ва оила. Ва агар яке аз ин се ҷузъ хароб шавад, норасоӣ дар ҳама ҷо мушоҳида мегардад”,-гуфт вай.
Ҷаноби Қаландаров таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба он ҷалб кард, ки дар Тоҷикистон мизони таҳаммулнопазирӣ афзоиш меёбад. Таҳаммулпазирӣ бояд дар ҳар сину сол тарбия дода шавад ва барои ин нақши оила ва мактаб бузург аст, илова намуд ӯ. Вай дар бораи тамоми динҳое, ки дар замонҳои қадим намояндагонашон дар ҳудуди Тоҷикистон зистаанд ва таҳаммулпазирӣ дар адёни мухталиф сухан гуфт.
Боғигул Исломова дар бораи сиёсати давлат дар самти оила ва ҳуқуқи занҳо гуфт. Ӯ аз ҳозирин дар бораи мушкилиҳое пурсид, ки бо он рӯбарӯ шудаанд. Мушкили асосӣ нофаҳмӣ дар дохили оила миёни ҳамсарон, инчунин миёни насли хурду бузург мебошад. Ин ҳам як сабаби нофаҳмӣ ва ноумедии ҷавонон мегардад. Иштирокдорони мулоқот талош карданд, роҳҳои ҳалли ин мушкилро ҷустуҷӯ намоянд.
Тавассути усули “ҳуҷуми мағзӣ” идеяҳое гирдоварӣ шуд, ки чӣ гуна одамон дар ҷомеа метавонанд ба коҳиши мизони ифротгароӣ мусоидат намоянд.
Аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод карданд, ки бештар сари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси курсҳои омӯзиши касбу корҳои мухталиф ва ҳунарҳои дастӣ барои духтарону писарон, таъсиси марказҳои тафреҳӣ ва майдончаҳои варзишӣ барои ҷавонон, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мактабу миёни волидон фикр кунанд.
Мулоқот хеле пурмаҳсул баргузор шуд.
Сокини ноҳияи Лахш Фарида Абдуҷалилова, сардори шӯъбаи занон ва оила гуфт, кайҳост ки дар чунин баррасиҳои озод иштирок накарда буд.
“Чунин мулоқотҳо мағзро фаъолтар мекунанд, маҷбур месозад андеша кунем, ки оё ҳамачиро дуруст анҷом медиҳем? Ва оё вақте сухан дар бораи мубориза бо терроризм ва тарбияи динии ҷавонони мо меравад, ҳама кореро, ки аз мо вобаста аст, анҷом медиҳем?”,-таъкид намуд ӯ.
Бозии зеҳнӣ бо ҷавонон
17 июл IWPR барои як гуруҳи дигар, иштирокдорони нисбатан ҷавони ноҳияи Лахш бозии зеҳниеро дар мавзӯи “Пешгирии ифротгароии хушунатбор ва таҳаммулпазирии динӣ” созмон дод.
Новобаста аз таътил ва гармии тобистон ҳатто дар ин ноҳияи куҳӣ, барои иштирок беш аз 35 нафар омаданд.
Иштирокдорон ба 5 гуруҳ ҷудо шуданд. Бозӣ дар ду давр баргузор ва дар ҳар давр 10 суолӣ пешниҳод гардид. Саволҳо асосан дар бораи динҳо, қонунгузорӣ дар самти дин ва муқобила бо ифротгароии хушунатбор буданд. Ровӣ саволро пешниҳод мекард ва барои баррасӣ ба гуруҳҳо то ду дақиқа вақт дода мешуд. Дар натиҷаи ду давр, ҳакамон, ки аз коршиносони соҳа иборат буданд, ғолибонро муайян намуданд. Ба онҳо туҳфаҳои рамзӣ дода шуд.
Бозӣ хеле ҷаззобу хуш гузашт. Ҷавонони ноҳияи Лахш дар ҷараёни он маҳорати хуб нишон доданд. Аммо бештари онҳо барои худ чизи нав гирифт. Барои мисол, танҳо теъдоди каме аз онҳо тавонист ба суоли асосгузори будизм кӣ аст, посух диҳад.
Баъди он ки исми ғолибон эълон шуд, исломшинос ва коршинос дар умури пешгирии ифротгароии хушунатбор Саидаҳмад Қаландаров раванди бозиро шарҳ дода, ҷавобҳои дурустро пешниҳод кард.
Баъди анҷоми бозӣ ҷавонон ба назди коршиносон омада ва дуру дароз аз онҳо суолҳои худро мепурсиданд.
“Хеле шакли ҷолиб. Аз ин пеш ман ҳамагӣ як бор дар чунин бозӣ иштирок карда будам. Бояд зиёдтар чунин чорабиниҳо гузаронда шаванд. Ман аз мубтакирон хоҳиш кардам, ки саволҳои худро бо мо қисмат кунанд, то худамон тавонем чунин бозиҳои зеҳниро баргузор намоем”,-иброз дошт Токтосун Рооков, як иштирокдори бозӣ.
Ноҳияи Дарвоз
23 июл чунин як чорабинӣ барои ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Ин ноҳия дар саргаҳи роҳи душвори минтақаи куҳии ВМКБ ҷойгир аст. Онро аз Афғонистони ҳамсоя дарёи пуршӯри Панҷ ҷудо месозад. Ин рудхона тақрибан тамоми марзи ҷанубии Тоҷикистонро аз кишвари ноамни ҳамҷавор ҷудо мекунад.
Аммо тавре сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар тӯли таърих маҳз дар марзҳои ВМКБ ҳеч гоҳ низоъҳои ҳарбӣ сар назадааст. Бо эҳтимоли зиёд, барои он ки онро аз тамоми қисмати Бадахшони Афғонистон қуллаҳои душворгузар ҷудо мекунанд. Ва шояд ҳам барои он ки одамони ду тарафи дарё тақрибан бо ҳам хешу таборанд.
Вақти бо роҳҳои хароби куҳӣ ҳаракат кардан, метавон зиндагии осудаи деҳаҳои Афғонистонро мушоҳида кард. Одамони меҳнаткаш қарнҳост дар шароитҳои тоқатфарсо зиндагӣ намуда, ғалла мекоранд, туту зардолу хушк мекунанд. Бояд гуфт, ки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон, сохтмони чанд пули байнимарзӣ ва боз шудани бозорҳои сарҳадӣ ба деҳоти Афғонистон таъсири мусбат расонд.
Дар он тарафи соҳил беҳтар шудани вазъи зиндагӣ мушоҳида мегардад. НБО-и хусусии “Помирэнержӣ”-и Тоҷикистон, ки ба Бунёди Оқохон мансуб аст, ба ҳамсояҳо нерӯи барқ интиқол медиҳад. Хонаҳо бо тирезаҳои шишагин ва истифодаи масолеҳи сохтмонии муосир дар хонасозӣ манзилҳоро нисбатан барҷаста кардааст.
Роҳи мошингард ба мушоҳида мерасад. 10 сол қабл он масири куҳӣ буд. Бинои муосири мактаб ва биноҳои маъмурӣ дар ҳамсоягии биноҳои ду ва сеқабатаи истиқоматӣ қомат афрохтаанд. Ва албатта, деҳаҳои сабзи Тоҷикистону Афғонистон бо обҳои софу мусафои чашмаҳову дарёчаҳо мушкили роҳи хавфнокро ҷуброн мекунанд.
Дар ноҳияи Дарвоз дар мулоқоти муколамавӣ 41 нафар иштирок намуд, ки намояндаҳои касбу кори гуногун буданд: раҳбарони ҷамоатҳо, мудирони мактаб, табибон ва раҳбарони хадамотҳои мухталиф.
Ҳамаи онҳоро мушкилоти ифротгароӣ миёни ҷавонон ба ташвиш овардааст. Аз ноҳияи Дарвоз 4 нафар барои ҷанг ба тарафдории ДОИШ (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) рафтааст. Аммо тавре Шаҳригул Қодирова, раиси ҷамоати Қалъаи Хумб изҳор дошт, ҳатто рафтани як нафар ҳам барои волидон, деҳа ва тамоми ноҳия дарднок аст.
“Мо ба се хонаводае, ки аъзои он барои ҷанг ба Сурия рафтааст, рафтем. Шумо тасаввур намекунед, ки онҳо чӣ ҳол доранд. Ба чашмони онҳо бидуни дард нигоҳ карда намешавад”,-гуфт вай.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон ба баррасии мушкилоте шурӯъ карданд, ки дар ноҳия вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар бораи нарасидани ҷойҳои корӣ, нокофӣ будани сифати таълим, чӣ динӣ ва чӣ дунявӣ, дар бораи нақши ҷомеа ва руҳониён, дар бораи бетарафӣ ва бетаваҷуҳии калонсолон ба дархостҳои насли ҷавон суҳбат шуд.
Инчунин, мисли ноҳияи Лахш инҷо ҳам иштирокдорони мулоқот идеяҳои худро барои ҳалли мушкили мавҷуда пешниҳод намуданд. Тамоми пешниҳодҳо навишта шуда ва раиси ноҳия, ки дар мулоқот ҳузур дошт, барои дар оянда ҳал намудан онҳоро бо худ гирифт.
Тавре назарпурсии интерактивӣ маълум кард, тамоми иштирокдорон аз ин мулоқот донишҳои наве гирифтаанд ва онҳо ваъда супурданд, ки донишҳои аз коршиносон андӯхтаи худро ҳатман дар таҷриба истифода хоҳанд кард.
Бозӣ барои ҷавонон
Дар қисмати дуввуми рӯзи 23 июл барои ҷавонони ноҳияи Дарвоз бозии зеҳнӣ созмон дода шуд. Дар он наздики 25 нафар иштирок намуд. Дастаҳои ба гуруҳҳо ҷудошуда ба саволи ровӣ ҷавоб гуфтанд. Баъзан, барои ҷавонон фурсат барои баррасӣ камӣ мекард. Бештари онҳо хонандаҳои мактаби миёна буданд ва мушоҳида мешуд, ки дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда донишашон кофӣ нест. Аммо бо талоши умумии аъзои даста онҳо супоришҳои пешниҳодшударо анҷом медоданд.
Ҳакамон дастаҳои беҳтаринро интихоб намуданд, ба ғолибон туҳфаҳои рамзӣ дода шуд. Инчунин, саволҳое ки иштирокдорон дар ҷавоби он мушкил доштанд, аз ҷониби коршиносон шарҳ дода шуд.
Хуршед Ғафуров, хонандаи литсей гуфт, аз ин пеш ягон маротиба дар чунин бозиҳо иштирок накарда буд.
“Барои мо бори аввал аст, ки чунин як чорабинӣ гузаронда мешавад. Мо тавассути телевизион барномаи “Чӣ? Куҷо? Кай?”-ро медидем, аммо худамон бори аввал чунин бозӣ кардем. Ин хеле хуб аст! Мо мехоҳем, ки чунин бозиҳо дар оянда зиёдтар гузаронда шаванд. Мо дар таътили тобистона ҳастем, аммо ин саволҳо маҷбур карданд, ки майнаи сари ман фаъол шавад”,-гуфт вай.
Ноҳияи Ишкошим
Роҳи мубтакирони мулоқотҳои муколамавӣ ва бозиҳои зеҳнӣ барои ҷавонон ба яке аз ноҳияҳои дурдасти ВМКБ – Ишкошим идома кард. Маркази маъмурии ноҳияи Ишкошим дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр, дар 617 километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.
Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ, теъдоди аҳолии ноҳия дар ҳоли ҳозир ба 34 ҳазор мерасад. 4 ҳазор нафар дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад.
Новобаста аз фаровонии манбаъҳои менералии табиӣ ва табиати зебои куҳӣ, ноҳия бою ғанӣ нест. Сокинон ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд.
Ин ноҳия метавонист “Макка”-и саёйҳии Тоҷикистон шавад. Аммо роҳҳои душворгузар ва адами инфрасохтор монеи рушди туризм мешавад. Аммо бо вуҷуди набудани шароит ҳам, соли гузашта 5 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз ин ноҳия дидан кардааст, соли равон теъдоди онҳо аллакай ба бештар аз ҳазор нафар расидааст.
Ин ноҳия бо Афғонистон марзи муштарак дорад.
25 июл дар мулоқоти муколамавӣ бо фаъолон 60 нафар иштирок намуд. Миёни онҳо табибон, омӯзгорон, раҳбарони хадамотҳои мухталифи маҳаллӣ, руҳониён ва соҳибкорон буданд. Дар ҷараёни мулоқот мавзӯи таҳаммулпазирӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатбор ба баррасӣ гирифта шуд.
Муовини раиси ноҳия Ашам Холдорзода ба мо гуфт, аз Ишкошим ягон нафар дар сафи ДОИШ (ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон) намеҷангад.
“Сокинони Ишкошим аз ин далел мефахранд”,-гуфт ӯ.
Ба гуфтаи иштирокдорони мулоқот, ин бо шарофати дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудани корҳои тарбиявӣ ба даст омадааст. Ҷавонон талош мекунанд, ки маълумот бигиранд. Дар ноҳия ҳамеша барои занон ва ҷавонон озмунҳои гуногун гузаронда мешавад. Инҷо ба расму русум ва анъанаҳои ниёкон арҷ мегузоранд ва онҳоро ҳифз мекунанд. Аҳолии инҷо асосан пайрави мазҳаби исмоилӣ ҳастанд.
Аммо далели ба Сурия нарафтани ҳеч нафар набояд сокинони ноҳияро беғам гардонад, гуфтанд фаъолони ҷомеа. Наздикии мустақим бо марзи Афғонистон ва паёмҳои мунтазам дар мавриди ҷамъ шудани ҷангиён дар наздикии Ишкошим одамонро маҷбур мекунад, ки ҳушёр бошанд.
Иштирокдорони мулоқот инчунин дар бораи норасоии ҷойҳои корӣ гуфтанд. Барои ҷавонон ягон муассисаи тафреҳӣ ва ё омӯзишӣ мавҷуд нест. Чанд сол қабл талош шуд, то дар ноҳия омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис шавад, аммо баъдан аз баҳри он гузаштанд.
Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров ва Боғигул Исломова дар бораи таҳаммулпазирӣ, нақши оила, мактаб ва атрофиён дар тарбияи ҷавонон гуфтанд.
Бо усули “ҳуҷуми мағзӣ” амалҳое маълум карда шуд, ки фаъолони ҷомеа барои пешгирӣ аз афзоиши нигоҳҳои ифротӣ ва рушди таҳаммулпазирии динӣ миёни ҷавонон метавонанд анҷом бидиҳанд. Ин тавсияҳо ба раҳбарияти ноҳия пешниҳод гардид.
Дар поёни мулоқот, иштирокдорон дар шакли интерактивӣ ба саволҳои таҳиякардаи созмондиҳандаҳо ҷавоб гуфтанд. Ин саволҳо барои фаҳмидани мизони таъсири маълумоти дарёфтшуда пешниҳод гардид.
Бозӣ барои ҷавонони Ишкошим
Мисли ноҳияҳои дигар, дар қисмати дуввуми рӯз бозии зеҳнӣ барои ҷавонони ноҳияи Ишкошим баргузор шуд.
Дар ин бозӣ 44 нафар иштирок намуд. Онҳо ҳамагӣ аз 18 сол бештар син доштанд ва миёнашон аз ҷавонони бекор то донишҷӯён, кормандони бахши тибу бонкдорӣ ва сокинони одӣ буданд. Бозии онҳо хеле бо шавқ ва зебо буд. Ба бархе саволҳо хеле зуд ҷавоб медоданд, ба қисме барои мулоҳиза фурсат мехостанд. Ҳакамон ғолибонро бо душворӣ муайян намуданд, зеро ҳамаи дастаҳо хеле фаъол буданд.
Дар поёни бозӣ коршинос Саидаҳмад Қаландаров нозукиҳои бархе ҷавобҳои дурустро шарҳ дода, дар зимн аз таҳаммулпазирӣ ва зарурати қабули гуногунии ҷаҳонӣ, чӣ аз нигоҳи арзишҳои инсонӣ ва чӣ аз нигоҳи адёни мухталиф суҳбат кард.
Чунин шакли гузаронидани бозӣ ба гуфтаи иштирокдорон ба онҳо кумак намуд, то мавзӯъҳои душворро хеле содда аз худ намуда, донишҳоги худро дар самти гуногунии динӣ ва ташаббусҳои давлат дар самти мубориза бо ифротгароии хушунатбор ғанӣ гардонанд.
Ин чорумин бозии зеҳниест, ки IWPR дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Моҳи июн чунин бозӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон анҷом дода шуд. Дар маҷмӯъ дар чунин бозиҳо аз 4 ноҳия беш аз 100 нафар иштирок карданд.
Интизор меравад, чунин мулоқотҳо бо фаъолон ва бозиҳои зеҳнӣ барои ҷавонон дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам гузаронда шавад.
Ҷавононе ки дар минтақаҳо иштироки фаъол доштанд, ба бозии ниҳойӣ, ки дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват мешаванд.