© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Набераҳо мепурсанд, падарашон дар куҷост”: гузориши видеоӣ дар бораи тоҷикистониҳое, ки ба Ироқ рафтанд

Онҳо орзу доранд, ки наздиконашонро зинда ва сиҳат бубинанд. Гузориши видеоии CABAR.asia дар бораи зиндагии хонаводаҳое, ки аъзояшон зери таъсири таблиғоти гуруҳҳои террористӣ ба Ироқу Сурия рафтаанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ҷамоати “20-солагии Истиқлолият” дар ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Манбаи асосии даромади сокинони ин ҷамоат соҳаи кишоварзӣ ва муҳоҷирати корӣ аст, ки бештари мардонаш ба он рӯй меоранд.

“20-солагии Истиқлолият” дар назари аввал як маҳаллаи ором менамояд, вале вазъ дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нигарон кардааст. Зеро бештари сокинонаш ба гуруҳу ҳаракатҳои мамнуъ пайвастаанд ва бинобар ин, зери назорати доимӣ қарор дорад.

Бештари ҷавонони маҳалла, ки барои пайдо кардани нафақаи хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буданд, озими Сурия шудаанд ва ин чиз наздикону пайвандонашонро дар ватан зери фишори сахти равонӣ қарор додааст.

Навбаҳор Тошматова замоне ки бародараш ҳамаи хонаводаи онҳоро нахуст ба Москва ва аз онҷо ба Сурия бурд, 16 сол дошт.

Тошматова мегӯяд, онҳо соли 2016 ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) пайвастанд ва вақте ба балоғат расид, ӯро ба як ҷангҷӯи қирғизистонӣ дар шаҳри Идлиби Сурия ба шавҳар доданд, ки ҳоло аз ӯ як писар дорад.

Ҳамсуҳбати мо намехоҳад, дар бораи он чи ки дар Идлиб дидааст, суҳбат кунад. Ӯ танҳо гуфт, ҳамеша дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекарданд. Бахусус, баъди он ки дар пайи таркиши манзили зисташон дасти худро захмӣ кард. Сипас онҳо тасмим гирифтанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш соли 2018 баргаштанд. Падари фарзандашро дар Қирғизистон 10 сол зиндонӣ ва худи ӯро мақомоти тоҷик афв кардаанд. Ҳоло ӯ дар хонаи падараш зиндагӣ дорад ва аз ин хеле шод ҳам ҳаст.

Навбаҳор Тошматова:

“Дар хонаи падарам бо пуле зиндагӣ дорем, ки хоҳарам мефиристад. Писарам ҳанӯз ҳам гап зада наметавонад, вале “падар-падар” мегӯяд. Маро ҳамеша мепурсанд, ки чаро ба Сурия рафтам. Ин маро хеле ғамгин месозад. Албатта, мардум моро маҳкум ҳам мекунанд. Аз ҷумла, ҳамсояҳо хеле зиёд мепурсанд, ки ба ман маъқул нест”.

Тошматова ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар бораи сафараш ба Сурия ҳама чизро нақл кардааст. Вале суоли ҳамсояҳо дар бораи макони будубоши шавҳараш ӯро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад.

“Намедонам, ба набераҳоям чи бигӯям”

Абдураҳмон Тошматов талош мекунад, тамоми вақти холигии худро бо набераҳое гузаронад, ки аз Сурия баргаштаанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аз ин ки духтару келинаш бо панҷ фарзанди худ баргаштаанд, хеле хурсанд аст. Аммо аз тақдири норушани писари калониаш, ки дар Сурия бедарак шудааст, ранҷ мекашад.

Ба гуфтаи Тошматов, набераҳояш ҳамеша аз ӯ дар бораи падарашон мепурсанд, вале ӯ намедонад, ки ба онҳо чи бигӯяд.

Абдураҳмон Тошматов:

“Ҳамин субҳ набераҳо пурсиданд, ки падари мо кай меояд. Ба онҳо гуфтам, ки падарашон бармегардад. Зиндагии мо пас аз рафтани духтару писар ва келинам ба Сурия мушкил шуд. Мақомот моро зуд-зуд даъват мекарданд. Чанд рӯз пеш изи ангуштонамонро низ гирифтанд. Вале росташро гӯям, дигар ба бозпурсиҳо рафта наметавонам. Ба онҳо гуфтам, ки ман пул надорам ва дигар ба бозпурсиҳо рафта наметавонам. Мо бо пули фиристодаи писари муҳоҷирам зиндагӣ дорем. Духтарам ба далели надоштани ақди никоҳи расмӣ наметавонад ба назди шавҳараш, ки дар зиндон аст, ба Қирғизистон биравад ва ин чиз ӯро хеле ғамгин сохтааст”.

Гулчеҳра Салимова, ҳамдеҳаи Тошматовҳо ҳамроҳи аъзои боқии хонаводааш номаеро мехонанд, ки тобистони соли гузашта Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз Ироқ овардааст.

“Салом падару модари меҳрубонам. Чӣ ҳол доред? Бародарону келинҳо хуб ҳастанд? Ман Оиша, духтари шумо. Хавотир нашавед. Шукри Худо ману фарзандонам хуб ҳастем”.

Оиша Шербекова духтари Гулчеҳра Салимова аст, ки ҳамроҳи шавҳару чаҳор фарзандаш моҳи октябри соли 2015 нахуст ба Русия ва аз онҷо ба Сурия рафта, ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Гулчеҳра Салимова:

“Чаҳор сол, ҳар рӯз ба дарвоза нигоҳ карда, мунтазири хабаре будам. Фикр мекардам, ки духтару набераҳои ман зинда бошанд, ё не. Ин фикрҳо як сония маро ором намегузоштанд. Ҳоло каме худро сабуктар ҳис мекунам, зеро медонам, ки зинда аст”.

Оиша дар Ироқ фарзанди панҷуми худро таваллуд кард ва моҳи апрели соли гузашта ҳамаи фарзандони ӯро ба Тоҷикистон оварданд. Салимова мегӯяд, ба аёдати набераҳояш меравад, вале аз тақдири духтараш, ки ӯро пазмон шудааст, ранҷ мекашад.

Гулчеҳра Салимова:

“Вақте духтарамро ба ёдам меорам, чизе аз гулӯям намегузарад. Набудани ӯро ҳамеша эҳсос мекунам. Ӯро фаромӯш карда наметавонам. Барои модар ин хеле сангин аст…”

Азимҷон Алимардонов, омӯзгор аз деҳаи Қизилнишони ҷамоати “20-солагии Истиқлолият” мегӯяд, вақте фарзандонаш донишгоҳро тарк карда, барои кор ба шаҳри Москва рафтанд, зиндагии ӯ ба дузах табдил шуд.

Азимҷон Алимардонов:

“Модари онҳо хеле азоб мекашад. Як умр аз рӯи виҷдон меҳнат кардем. Писаронам, ки донишҷӯй буданд, вақте ба ин роҳ рафтанд ба мо чизе нагуфтанд…”

Алимардонов дар рафтани фарзандонаш ба Сурия худро айбдор медонад. Зеро ӯ мегӯяд, онҳоро беназорат гузошт. Вале ҳанӯз ҳам умед дорад, ки рӯзе писаронаш бармегарданд ва ғаму андуҳ хонаи онҳоро тарк хоҳад кард.

Азимҷон Алимардонов:

“Агар медонистам, намегузоштам онҳо ба Москва бираванд. Онҳо баъд аз рафтан ба онҷо бо ман тамос гирифтанд. Чанд рӯз баъд дар ин бора ба мақомот хабар додам… Писарони ман каме тағйир ёфтанд. Онҳо намозхониро оғоз карда буданд, ман ҳам ҳайрону ҳам хурсанд шуда будам. Онҳо ҳама корро аз ман пинҳон карданд.”

Деҳаҳои Қизилнишон ва Навбаҳор дар ҷамоати “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Қубодиён, яке аз минтақаҳои ҳасоси вилояти Хатлон ҷойгиранд. Мақомот ин минтақаро зери назорати шадид қарор дода, дар он пайваста чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд, то сокинонаш ба гуруҳу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ напайванданд.

Мақомоти маҳаллии минтақа, ки мавриди интиқод ва таваҷҷуҳи бевоситаи ҳукумати марказӣ қарор доранд, сахт талош доранд, то вазъро тағйир диҳанд.

Ҷамъан 76 сокини ноҳияи Қубодиён ба гуруҳи мамнуи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки 46 нафари онҳо аз деҳаҳои Қизилнишон ва Навбаҳоранд. Дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд. Мақомоти тафтишотии кишвар мегӯянд, ин афрод ба воситаи Русия ба Сурия рафтаанд.

Сокиноне, ки наздиконашон ба Сурия рафтаанд, пайваста барои бозпурсӣ ба мақомоти амниятӣ даъват мешаванд. Бо вуҷуди ба хотири тафтишот сурат гирифтани ин даъватҳо мардум ба ин хонаводаҳо бо назари шубҳа нигариста, аз онҳо дурӣ меҷӯянд.

Бар пояи иттилои расмӣ, ҳудуди 500 сокини вилояти Хатлон ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Тибқи маълумоти ахири мақомот, 1899 шаҳрванди кишвар дар сафи созмони мазкур қарор доштанд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон ҳам ҳастанд, ки ҳоло дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд. Аз ин миён баҳори соли гузашта 84 кӯдак аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуд.

Тақрибан 80 шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун аз Ироқу Сурия ба ватан баргашта, афв шудаанд.

Вале ҳанӯз ҳам даҳҳо хонавода мунтазири хабари наздикону пайвандони худ ҳастанд, ки дар Ироқу Сурия бедарак шудаанд. Яке аз онҳо Навбаҳор Тошматов аст ва ӯ мегӯяд, пас аз берун шудан аз зери парчами сиёҳи “Давлати исломӣ” мехоҳад, зиндагии наверо оғоз кунад. Ҳоло ӯ тасмим гирифтааст, ба хотири фарзандонаш зиндагии шоистаеро пеш бигирад. Вай мунтазир аст, ки шавҳараш аз зиндон озод шавад ва онҳо тавонанд бо ҳам ором зиндагӣ кунанд. Ӯ медонад, ки барои амалӣ шудани ин орзуяш 10 сол бояд мунтазир бимонад, вале мегӯяд, ба ин омодааст.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: